ВЛАДИМИР ПУТИН АЗ "ДЕМУКРОСИИ ИНТЕРНЕТӢ" ҲИМОЯТ МЕКУНАД
Владимир Путин, нахуствазири Русия ва номзад ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар мақолаи навбатии пешазинтихоботии худро ба мавзӯъи демукросӣ бахшидааст. Дар мақолаи мавсум ба “Демукросӣ ва кайфияти давлат”, ки дар нашрияи “Коммерсантъ” чоп шуд, оқои Путин шаклҳои нави ширкати мардум дар умури давлатдориро пешниҳод кардааст.
Оқои Путин аз ин оғоз мекунад, ки рушди ҷомеъа бидуни давлати кордон имкон надорад ва демукросии воқеъӣ давлатест, ки ба манфиъати ҷомеъа фаъолият мекунад. Нахуствазир меафзояд, ки демукросӣ баякбор бунёд намешавад ва зарур аст, ки ҷомеъа барои истифодаи мекониcмҳои демукросӣ омода бошад.
Ӯ менависад, ки демукросӣ дар он сурат ба дард мехӯрад, ки одамон омода ҳастанд ба таври муназзам барои ширкат дар равандаи давлатдорӣ вақт ва энержии худро сарф кунанд. Ба бовари оқои Путин истибдоди “нухбагони” худинтисобӣ дар солҳои 1990 дар Русия, ки “манофеъи мардуми оддиро рӯйирост нодида мегирифтанд, боъиси нобоварии устувори мардум ба демукросӣ ва худдории онҳо аз ширкат дар ҳаёти маданӣ мунҷар шуд.”
Оқои Путин исрор дорад, ки ҷомеъаи Русия “раванди мушкили рушдро” пушти сар гузаронида ва дар солҳои 2000 дар кишвар сиёсате ба кор омад, ки зина ба зина манофеъи мардумро таҷассум мекард. Ба навиштаи ӯ, пас аз ин ки давлат, яъне ӯ ва Дмитрий Медведев, ба ҷомеъа ҳуқуқҳои асосӣ, яъне ҳаққ барои кор ва даромад, таҳсил ва хадамоти ройгони беҳдоштиро фароҳам карданд, ҳоло ҷамъяити Русия аз ҷамъияти солҳои 2000 тафовут дорад, чун сарватмандтар, таҳсилкардатар ва сахтгиртар шудааст. Оқои Путин менависад: “Ҳадафи мо ҳам ҳамин буд”.
Дар бораи рушди демукросӣ
Бо ишора ба ин, ки ҷомеъаи Русия "акнун ба балоғат расидааст", оқои Путин менависад: “Мо бояд меконисмҳои демукросии худро таҷдиди назар кунем, то ба ҷомеъаи мадание, ки фаъъолтар шудааст, фурсати ширкати бештар бидиҳем.”
Оқои Путин мегӯяд, ҳоло чандин пешниҳод барои озодтар кардани низоми ҳизбӣ дар дасти баррасии порлумон аст, ки лағви зарурати ҷамъоварии имзоҳо барои ширкат дар интихоботи Думо ва ниҳодҳои давлатии ноҳияӣ, ва коҳиши шумори имзоҳо барои сабти ном дар номзадӣ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз ин пешниҳодҳо будааст.
Аз сӯйи дигар нахуствазири Русия дар мақолааш пешниҳод мекунад, ки бо дарназардошти қарор доштан дар “қарни иттилоъотӣ”, давлат бояд меконисми вокуниши сареъ ба ниёзҳои ҷомеъаро омӯзад. Вай аз тарроҳони вебгоҳҳо хостааст, дар ин росто ба давлат кумак расонанд.
Вай таъкид кард, ки бояд вебгоҳҳое тарроҳӣ шаванд, ки миёни давлат ва мардум пулеро ба миён биёрад ва мардум аз тариқи онҳо тавонанд, масоили худро матраҳ кунанд. Пешниҳоди вай дар ин замина ин аст, ки порлумон бояд ҳар пешниҳодеро аз сӯйи ҷомеъа, ки дар вебгоҳ беш аз сад ҳазор имзо ҷамъ кардааст, баррасӣ кунад.
Афзун бар ин, оқои Путин менависад, ки тавассути ончи вай “демукросии интернетӣ” меномад, метавон ҳамапурсиҳо баргузор кард, “ба хусус ҳамапурсиҳо дар сатҳи шаҳрдорӣ ва ноҳияӣ”. Оқои Путин барои мисол пешниҳод кардааст, ки бигузор мардум андешаи худро дар бораи фаъолияти ин ё он мақом дар поёни ҳар сол аз тариқи ҳамапурсӣ баён кунанд. Вай мегӯяд ки мардум бояд тавонанд “дар сатҳи шаҳрдорӣ ва ноҳияӣ раъйгирӣ кунанд, ҳамапурсиҳои дохилӣ баргузор кунанд ва мушкилоти худро аз ин тариқ матраҳ ва ҳалл кунанд.”
Зимнан дар мақолаҳои қаблии пешазинтихоботии худ, Владимир Путин, нахуствазир ва намзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба мавзӯъоти гузор аз бӯҳрони иқтисодӣ, масоили муҳоҷирон ва миллатгароӣ ва ҳадафҳои сиёсии Русия пардохта буд.
Би-Би-Си