05:44:54 04-уми Июни 2025 сол

ҲОМИД КАРЗАЙ МЕХОҲАД БО ТОЛИБОН ДАР АРАБИСТОН ДИДОР КУНАД

Би-би-сӣ дарёфтааст, ки давлати Афғонистон мехоҳад дар чанд ҳафтаи оянда дар Арабистони Саудӣ бо Толибон дидор ва гуфтугӯ кунад. Ин гуфтугӯ таҳаввули муҳиме дар раванди музокироти Толибон ва давлати Афғонистон қабл аз бозгушоии дафтари Толибон дар Қатар хоҳад буд.

Hamid KarzayПеш аз ин Толибон таъкид карда буданд, ки давлати Афғонистонро ба расмият намешиносанд ва банобар он бо ин давлат музокира намекунанд. Толибон баъди солҳо вақте асли музокираро напазируфтанд, билофосила таъкид карданд, ки онҳо бо Амрико ва муттаҳидонаш музокира мекунанд на бо давлати Афғонистон.

Тавофук бар сари гушоиши дафтаре барои пешбурди як барномае байни Амрико, давлати Қатар ва Толибон буд ва ба ҳамин далел давлати Афғонистон ибтидо ба расми эътироз сафирашро аз Қатар фаро хонд ва баъдан тъкид кард, ки мудирияти барномаи гуфтугӯ бо Толибон бояд дар дасти давлати Афғонистон бошад.

Зоҳиран ин мухолифатҳои давлати Афғонистон сабаб шуд то гушоиши дафтари Толибон дар Қатар ба таъхир афтад ва қарор аст қабл аз гушоиши ин дафтар мақомҳои Қатар ва Афғонистон дидор кунанд ва ба тавофуқ бирасанд.

Ҳоло як мақоми аршади давлати Афғонистон ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки ҳатто агар дафтари Қатар ҳам гушоиш ёбад, онҳо талошҳои сулҳро ба ҳамкории кишварҳои минтақа аз ҷумла Арабистон ва Туркия идома хоҳанд дод.

Ин мақоми афғон афзуд Арабистони Саудӣ дар гузашта нақши муҳиме дар Афғонистон доштааст ва мо интизор дорем онҳо ба нақши муассири худ дар Афғонистон ҳамчунин идома диҳанд.

Давлати Афғонистон қаблан гуфта буд, ки кишвари мизбони гуфтугӯҳои сулҳро онҳо мушаххас мекунанд ва тарҷеҳ медиҳанд мизбони гуфтугӯҳои сулҳи Арабистони Саудӣ бо Туркия бошад.

Дар моҳҳои ахир ба назар мерасад талошҳои чандсолаи давлати Афғонистон ва муттаҳидони байналмилалиаш барои музокира бо Толибон вориди марҳалаи тозае шудааст.

Дидори қарибулвуқуъи Ҳомид Карзай бо мақомҳои олирутбае дар давлати ӯ бо Толибон дар Арабистони Саудӣ дар ҳафтаи оянда зоҳиран нишон медиҳад Толибон низ дар музокира ҷиддӣ ҳастанд.

Ахиран ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбидин Ҳикматёр низ ҳайатеро ба Кобул фиристод ва тарҳи ҳафдаҳмоддаиеро низ, ки ба давлати Кобул дода буд, дар ихтиёри расонаҳо қарор дод.

Аммо бо ҳамаи инҳо ҳанӯз ҳеҷ як аз мақомҳои Амрикоӣ ва ҳамчунин давлати Афғонистон расман таъйид накардаанд, ки гуфтугӯи мустақим ва муассире бо Толибон анҷом шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854