10:20:45 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДЕВИД КАМЕРОН: ЭРОН БА СУРИЯ ДАР САРКӮБИ МУХОЛИФОН КӮМАК МЕКУНАД

 

Девид Камерон, нахуствазири Бритониё, гуфтааст, ки кишвараш бояд дар ҳамоҳанг кардани ҷомеъаи байналмилал дар эъмоли таҳрим алайҳи Сурия нақши бештаре дошта бошад. Оқои Комерун имрӯз, чаҳоршанбе (18 январ), дар порлумони Бритониё аз Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, ба унвони як "диктотури мафлук (фалокат)" ном бурд.

devidkamerunНахуствазири Бритониё дар ҷараёни ин суханронӣ гуфт: "Шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, Эрон ба давлати Сурия дар саркӯби мардуми ин кишвар кумак мекунад."

Оқои Комерун афзуд: "Бритониё бояд шеваеро иттихоз кунад, ки бар асоси он таҳримҳо масдуд кардани дороиҳои Сурия ва мамнӯъияти сафари мақомҳои сурӣ ташдид шавад."

Нахуствазири Бритониё ҳамчунин таъкид кард: "Мардум бояд бидонанд, ки гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар канори ин диктотури мафлук истода ва аз ӯ, ки бисёре аз мардуми кишварашро мекушад, ҳимоят мекунад."

Интизор меравад, душанбеи оянда (23 январ) Вазорати хориҷаи Иттиҳодияи Урупо ба манзури баҳсу баррасӣ дар бораи эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Сурия ташкили ҷаласа бидиҳанд.

Ветуи Русия

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, гуфтааст, ки кишвари ӯ бо ҳар гуна иқдоми Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои вазъи таҳримҳои иқтисодӣ бо корбурди нерӯи низомӣ алайҳи ҳукумати Сурия мухолиф аст ва ҳар қатъномае дар ин заминаро вету мекунад. Оқои Лавров азуд, ки давлати ӯ пешнависи қатъномеро байни аъзои Шӯрои Амният тавзеъ карда, ки тибқи он ҳам ҳукумати Сурия ва ҳам мухолифон мавриди интиқоди қарор мегиранд.

Вазири хориҷаи Русия кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки бо буҳрони сиёсии Сурия бархӯрди ҷонибдорона дар пеш гирифтаанд ва фақат хушунат аз сӯйи ҳукумати ин кишварро маҳкум мекунанд, аммо ба иқдомоти мухолифон, аз ҷумла амалиёти мухолифони мусаллаҳ тавҷеҳе намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол тозатарин хабарҳо ҳокӣ аз гулӯлаборони муҷаддади шаҳри Забдонӣ тавассути артиши Сурия аст. Артиши Сурия пештар гуфта буд, бо оташбас дар амалиёти низомӣ алайҳи мухолифон дар шаҳри Забдонӣ, воқеъ дар сӣ килуметрии Димишқ, пойтахт, мувофиқат карда ва ба гуфтаи сокинони шаҳр, дар соъоти гузашта гулӯлаборони манотиқи маскунии ин шаҳр мутаваққиф шудааст.

Яке аз раҳбарони мухолифони ҳукумати Сурия гуфтааст, ки ин оташбас ба ин далел барқарор шуда, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳимояти густурдаи мардуми ин шаҳр аз низомиёни фирорӣ, амалиёти артиши амокин мутаваққиф надоштааст. Артиши Сурия аввалин бор ҳамалот ба шаҳри Забдониро аз моҳи гузашта, яъне аз замони вуруди нозирони Иттиҳодияи Араб ба ин кишвар, оғоз кард.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi