11:39:30 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШИНОСОИИ ДУ НАФАР АЗ САРБОЗОНИ ВИДИЮИ "БЕҲУРМАТӢ БА АҶСОДИ ТОЛИБОН"

 

Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Амрико, аз рафтори шуморе аз сарбозони Амрикоӣ бо теъдоде аз аҷсоди Толибон амиқан изҳори таассуф кардааст. Ҳамзамон як мақоми сипоҳи туфангдорони дарёии Амрико ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳадди ақал ду нафар аз ин сарбозон шиносоӣ шудаанд. Расонаҳои Амрико гузориш медиҳанд, ки онҳо узв гурдони севвуми ин сипоҳ ҳастанд.

us_marinesҲилорӣ Клинтун ин гуна рафторҳоро ба дур аз арзишҳо ва меъёрҳое донистааст, ки аз сарбозони Амрикоӣ интизор меравад. Гарчӣ хонуми Клинтун гуфтааст, аксарияти нерӯҳои низомии Амрикоӣ ба ин гуна арзишҳои ахлоқӣ пойбанд ҳастанд. Сарманшаъи видию маълум нест, аммо аввалин бор дар вебгоҳи Ютюб мунташир шуд.

Пештар сипоҳи туфангдорони Амрико эълом кард, ки дар ҳоли таҳқиқ дар бораи видиюе аст, ки дар он чаҳор нафар аз нерӯҳояшон бар аҷсоди касоне, ки гумон меравад аз Толибон ҳастанд, идрор мекунанд. Аз он ҷо ин ҳадс матраҳ шуда, ки аҷсоди мутаъаллиқ ба аъзои Толибон аст, ки онҳо пӯсти қаҳваӣ доранд, либосҳои гушод бар тан доранд ва побараҳна ҳастанд ва ба назар мерасад, либоси яке аз онҳо хунин аст. Садое ҳам дар замина мегӯяд: "Дӯстам, рӯзи хубе дошта бошӣ."

Ҳамзамон Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, ба Би-би-сии форсӣ гуфт: "Бояд мунтазири эъломи натиҷаи таҳқиқот бошем, аммо ҳар гуна рафторе монанди ин боъиси инзиҷор аства чунин рафторе набояд иттифоқ биюфтад."

Қаблан низ Лиун Понето, вазири дифоъи Амрико, дастури расидагии фаврӣ ба ин масъаларо дод ва гуфт, ки бо ашхоси хотӣ бархӯрд хоҳад шуд. Вазорати дифоъи Амрико низ дар баёнияе зимни ибрози нороҳатӣ аз муҳтавои ин видию гуфт: "Ин рафтор барои аъзои артиши ғайр қобили қабул аст."

Манбаъи ин видию, ки дар Интернет мунташир шуда, ҳанӯз мушаххас нест ва маълум нест, чӣ касе онро мунташир кардааст. Дафтари фармондеҳии туфангдорони дарёии Амрико дар вокуниш ба ин видию гуфта, эъмоле, ки дар ин филм дида мешавад, дар хилофи арзишҳои онҳост. Анҷумани равобити Амрико ва мусалмонон дар вокуниш ба ин видию гуфта, агар муҳтавои ин видию мавриди таъйид қарор гирад, рафторе дур аз шаъну арзиши Амрикоро ба тасвир мекашад.

Дар номае, ки ин гурӯҳ ба вазири дифоъи Амрико фиристодааст, омада: "Мо ҳатаки ҳурмати ин афрод ба мурдагонро муғоири қавонини низомии кишвари худ [Амрико] ва ҳамчунин қавонини байналмилалии ҷанг медонем, ки ин корро мушмаизкунанда ва ғайриахлоқӣ талаққӣ мекунад."

Дар ин нома аз оқои Понето хоста шуда, ки афроди масъул баробар бо қавонини артиш ва кишвари Амрико муҷозот шаванд. Дар мавриди дигар артиши Амрико ахиран панҷ сарбози худро, ки муттаҳам ба қатли ғайринизомиёни афғон дар устони Қандаҳор ва Ҳилманд дар соли 2010 буданд, мавриди муҳокима қарор дод.

Амрико ҳудуди бист ҳазор туфангдори дарёӣ дар Афғонистон дорад, ки бештари онҳо дар устони Қандаҳор ва Ҳилманд мустақар ҳастанд. Кулли теъдоди низомиёни Амрико дар ин кишвар ба навад ҳазор нафар мерасад. Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон эълом кардаанд, то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк хоҳанд кард ва амнияти ин кишварро ба афғонҳо хоҳанд супурд.

Би-Би-Си


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi