19:18:53 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУЗОКИРОТИ АМРИКО БО ТОЛИБОН. НА ҲАМА РОЗӢ

 

Вазири пешини хориҷаи Афғонистон аз музокироти намояндагони Амрико бо Толибон интиқод кард. Интиқоди Абдулло Абдулло дар мулоқот бо чаҳор узви Конгресси Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, садо дод. Доктор Абдулло дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, ин музокирот дар кишвари Қатар бидуни ширкати намояндагони Эътилофи шимол мегузарад. Бидуни ширкати онҳое, ки соли 2001 ҳамроҳ бо нерӯҳои байнулмилалӣ дар суқути Толибон нақши муҳим доштанд.

doktor-abdulloСиёсатмадори афғон илова кард, ки гуфтушунид бо Толибон бояд дар дохили Афғонистон сурат бигирад, то мардуми афғон аз он огаҳ бошанд. Ҳамзамон вазири пешини умури хориҷии Афғонистон таъкид кард, ки аксари мутлақи сокинони кишвараш хостори мусолиҳа ва музокираанд, аммо мардум ба “сулҳи одилона, сулҳи пойдор ва сулҳи боиззат” ниёз доранд. 9 январ доктор Абдулло ҳамроҳ бо чанд тан аз раҳбарони маъруфи Эътилофи Шимол, аз ҷумла,  генерали узбак Абдулрашид Дустум изҳороти муштарак нашр карда, ба манофеи мардуми афғон будани музокирот бо ҷунбиши Толибонро зери шубҳа бурданд.

​​Сиёсатмадори маъруфи афғон дар идома аз низоми ояндаи Афғонистон сӯҳбат кард ва гуфт,  низоми федеролӣ барои Афғонистон мусоид нест. Ӯ ҳукумати феълиро барои таҳти назорати як дафтар қарор доштани қудрат интиқод кард ва гуфт, ин тарзи ҳокимият ба фасод мусоидат мекунад. Аз нигоҳи доктор Абдулло, Афғонистон бояд низоми порлумониро бипазирад, зеро танҳо порлумон метавонад аз манфиатҳои ҳама қавму миллатҳои муқими кишвар пуштибонӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ “низоми порлумонӣ зарурати мардуми Афғонистон аст ва ҳамчунин як андоза интиқоли қудрат ба вилоёти Афғонистон ҳам. Бигирем, мо агар волии интихобӣ дошта бошем, ин метавонад ба маротиб ба мардум хизмат шавад, ҳоло дар ҳукумати мавҷуд ҳама тасмимҳо дар як дафтар гирифта мешавад.”

Дар мулоқот бо аъзои Конгресси  ИМА дар Берлин ҳамроҳ бо доктор Абдулло чанд сиёсатмадорони дигари мухолифи ҳукумати Кобул низ ширкат доштанд. Конгрессменҳои амрикоӣ бо онҳое дидору гуфтугӯ карданд, ки ба асари ихтилофи назарашон оид ба музокироти ҳукумат бо “Толибон” дар конфронси байнулмилалии Бонн ширкат надоштанд.

​​Аммо Виктория Нуланд, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, мулоқоти Берлин расмӣ набуд ва беҳтар мешуд агар аъзои Конгресси Амрико бо намояндагони Эътилофи шимол на дар Олмон, балки дар худи Афғонистон гуфтугӯ мекарданд.

Сеюми январ масъулини ҷунбиши Толибон эълом доштанд, ки дар мавриди ифтитоҳи намояндагии худ дар Доҳа, пойтахти Қатар, бо Амрико созиши пешакӣ ҳосил кардаанд. Дар зимн, Толибон на ҳукумати Кобул, балки Амрикоро тарафи ҷанг мехонанд ва қаблан эълом доштанд, ки бо ҳайати амрикоӣ вориди музокирот хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Афғонистон мегӯянд, қабл аз он ки музокирот бо Толибон дар Қатар оғоз шавад, мухолифони ҳукумат бояд ба як оташбас мувофиқа намоянд ва ба хушунатҳо алайҳи афғонҳо поён диҳанд. Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, дар сӯҳбат  ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс ҳамчунин сару садоҳоро дар мавриди он ки Кобул ба хотири музокироти сулҳ барои дар ихтиёри Толибон гузоштани бархе вилоятҳои ҷанубӣ омода аст, қатъӣ рад кард. Вашингтон мехоҳад, қабл аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар соли 2014 ба ошӯбҳо дар ин кишвар хотима дода шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi