12:52:24 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

СУРИЯ – ҲАДАФИ ҶАНГИ ТЕРРОРИСТӢ

Александр Вишневский, "СИК"

Корҳо доир ба носуботсозии вазъият дар Сурия ва барангехтани даҳшату воҳима бо роҳи баргузор намудани амалҳои мунтазами террористӣ ва сартосарӣ бо суръати баланд идома доранд. Танҳо баъзеҳо бар он исрор доранд, ки вазъият дар Сурия бояд танҳо дар натиҷаи муколама ва гузаштҳои байниҳамдигарӣ мӯътадил гардад.

/images/stories/2012/01/03_suria_protest_2012.jpgДар ин бора Русия изҳори андеша мекунад, вазорати умури хориҷии Чин гап мезанад. Ба хотири амнияти худ Сурия Эронро дастгирӣ мекунад. Айни замон ҳамсояҳои наздиктарини Сурия аз худ хоҳиши ҷустуҷӯйи компромиссро намоиш намедиҳанд. Фишори иқтисодиву сиёсӣ, изолятсияи байналмилалӣ ва воситаҳои дигари халалдор кардани суботи давлат натиҷаи фаъолияти эътилофе мебошад, ки дар он ба СММ ҷой нест.

20-уми ноябр киштии тайёрабори "Ҷорҷ Буш" бо ду фрегат, ду эсменетс ва киштии ёрирасон аз канали Суэтс гузашт ва ба баҳри Миёназамин дохил шуд. Баъди ду ҳафта бо ҳамин хатсайр киштии зериобии амрикоӣ низ ҳаракат кард. Як қатор манбаъҳо ғайрирасмӣ хабар доданд, ки ҳадафи эскадра соҳилҳои Сурия мебошад. Русия ба иҷрои иқдоми ҳамвазн оғоз кард. Гурӯҳи киштиҳои флотҳои Шимол ва баҳри Сиёҳ бо сарварии киштии вазнини тайёрабари "Адмирали Флоти Иттиҳоди Шӯравӣ Кузнетсов" барои ҷамъ шудан дар мавзеи пойгоҳи ҳарбӣ дар бандари Тартус ба баҳри Миёназамин баромад.

Ҳадафу ниятҳои эскадраи амрикоиро он қадар пинҳон ҳам намедоранд. ВАО-и амрикоӣ омадани тайёрабари "Ҷорҷ Буш"-ро ба минтақа бо иқдоми эҳтимолии оянда доир ба сарнагун кардани режими Асад алоқаманд медонанд. Ба фикри онҳо ба мисли Либия мумкин Сурияро ҳам минтақаи бидуни парвоз эълон кунанд. Ҳамин тариқ, "Ҷорҷ Буш" амалӣ шудани ин чораро таъмин хоҳад кард.

Сабабҳое, ки Русияву ИМА-ро водор ба овардани киштиҳояшон ба соҳилҳои Сурия кардааст, тамоман муқобили ҳамдигаранд. Флоти ИМА бо нияти дастгирӣ кардани "шӯришгарон" бо воситаи зарба аз ҳаво омадааст, агар барои он шароити мусоид фароҳам ояд. Русия бошад, ҳадафи худро "намоиши ҳузур" медонад ва ин метавонад то андозае тафси сиёсатмадорони нисбатан ҷангҷӯйи Ғарбро фурӯ нишонад. Албатта, даргумон аст, ки хоҳиши барқарор кардани "демократия"-ро дар Сурия пурра аз байн бурдан муяссар гардад, вале ғайриимкон кардани амалиётҳои ҳарбии ҳамоҳангшудаи авиатсияи НАТО ва шӯришгарони Сурия мумкин аст.

Дар навбати худ Сурия машқи ҳарбии якчанд намуди қӯшунро дар шароити ба ҷанг наздик баргузор намуд. Ҷойи махсусро дарм машқҳо истифодаи силоҳи мушакӣ ва ҳамчунин санҷиши аввалияи комплексҳои муҳофизати соҳилии "Бастион" бо мушакҳои фавқулсадои болдори зиддикиштии "Яхонт" ишғол мекард. Мавҷуд будани чунин силоҳ боиси нигаронии ҷиддии Исроил, як қатор коршиносони ҳарбии амрикоӣ ва матбуоти Ғарб шудааст, зеро ба эътиқоди онҳо, муҳофизат аз ин мушакҳо қариб тамоман вуҷуд надорад.

Баробари ин қайд кардан лозим аст, ки фурӯши "Бастион" бадеҳатан ба вуҷуд наомадааст, балки дар доираи қарордоде амалӣ гардидааст, ки якчанд сол пеш ба имзо расидааст. Бино ба маълумоти хабаргузории "Интерфакс" Димишқ на камтар аз ду комплекси "Бастион" гирифтааст ва ин имконият медиҳад, ки тамоми соҳилро бехатар намоянд ва душманро дар масофаи 300 километр дуртар нигоҳ доранд.

Ҳамин тариқ, эҳтимоли дар Сурия такрор кардани сенарияи Либия паст мешавад. Ва дар муқовимат бо нерӯҳои ҳукуматии Сурия бояд дастаҳои исёнгарон нақши калони ғайримуқаррарӣ бозанд, ки аллакай аз тарафи амалдорони амрикоӣ арзёбӣ шудааст. Котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон дар Женева бо намояндагони "Шӯрои миллии Сурия" мулоқот кард ва илова бар ин вохӯрӣ паси дарҳои пӯшида баргузор шуд. Вале, тибқи пресс-релизи намояндагии дипломатии ИМА дар Женева, ҳангоми мулоқот Клинтон қайд кард, ки вай шахсан аз тарафи "Шӯрои миллии Сурия" дар мамлакат чӣ хел амалӣ шудани "дигаргуниҳои демократӣ"-ро "махсус назорат мекунад". Ғайри ин "Шӯрои миллӣ"-и худэълом ба ҷониби амрикоӣ кадом як гузориши "хеле муҳим"-ро пешкаш кардааст.

Аниқ маълум нест, ки дар гузориши ба Клинтон пешниҳодшуда кадом далелҳои дигаргуниҳои демократиро овардаанд. Агар аз рӯи чорабиниҳои мунтазам амалӣ кардаистодаи шӯришгарон баҳо диҳем, ҳисобот бояд маълумоти навигариҳои ҷиноиро ба хотир орад. Пештар хабар дода шуда буд, ки "Шӯрои миллии Сурия" ҳангоми мулоқот дар Туркия бо размандагони "Артиши озодибахши Сурия" дар бораи зарурияти "идомаи муқовимат ба ҳукуматдорон бо усулҳои осоишта" мувофиқа ҳосил кард.

Усулҳои осоишта дар ҳолати мазкур маъноҳои ба худ хос доранд. Тибқи изҳороти ҷонибҳо дастаҳои ҳарбии оппозитсия ҳуқуқ доранд ба ҷузъу томҳои артиши доимамалкунанда ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла намоянд, дар он ҳолате, ки ин "барои ҳимояи сокинони осоишта" зарур мешавад. Ҳамин тариқ, "Шӯрои миллии Сурия"-и аз тарафи як қатор давлатҳо эътирофшуда ҳадди ақал ғайримустақим ҷавобгари он ҳодисаҳое аст, ки дар Сурия қариб ҳар рӯз рӯй медиҳанд.

Хабаргузории СНА рӯйхати таъсирбахши чунин "иқдомҳои ҳимояи аҳолии осоишта"-ро овардааст. Хабарҳо дар бораи ҳуҷумҳо ва амалҳои террористӣ қариб ҳар рӯз меоянд. 8-уми декабр лӯлаи нафте тарконда шуд, ки бо он ашёи хомро аз коркарди нафти Хомс интиқол медиҳанд. 7-уми декабр гурӯҳи одамони мусаллаҳ барои муҳосира кардани роҳи байналмилалӣ дар мавзеи байни деҳаҳои Марки музофоти Хамс ва Хиши музофоти Идлеб кӯшиш ба харҷ дод.

Дар натиҷаи тирпарронӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳар ду тараф ҳам одамон ҳалок шуданд. Ду дастгоҳи тарканда бо зарядҳои 12 ва 15 килограмм тротил дар роҳи наздикии пул дар канораи деҳаи Саломия ошкор гардид. Панҷ дастгоҳи дигари тарканда бо 25-килоӣ моддаи тарканда дар роҳи байни шаҳри Хамс ва деҳаи хурда ёфт шуд. Боз як дастгоҳ дар наздикии деҳаи Мхарда таркид.

Шаби аз 5-ум ба 6-уми декабр марзбонҳои Сурия маҷбур шуданд хати мудофиаро ишғол кунанд ва кӯшиши убури гурӯҳи ашхоси мусаллаҳро аз сарҳади байни Туркияву Сурия хунсо намоянд. Дастаи размандагон тақрибан аз 30-40 одам иборат буд. Баъди тирпарронии давомнок вайронкорон ба ҳудуди Туркия баргаштанд. Баробари ин вайронкрони захмишударо муташаккилона, бидуни ягон муқобилият аз тарафи марзбонҳои турк эвакуатсия карданд. Аз ин рӯ, аъзои ШМС метавонанд худситоӣ кунанд, ҳампешаҳои онҳо аз "Артиши озодибахши Сурия" бекор нанишастаанд.

Аз эҳтимол дур нест, ки ҷинояткорони муташаккили Сурия ҳам хостаанд аз вазъият истифода баранд. Дар ҳамон музофоти Хамс, дар участкаи роҳи мошингарди Алеппо-Хамс, автомобили боркаш бо 700 баллони газ дуздида шуд. Гурӯҳи ашхоси мусаллаҳ, ки бо чаҳор автомобил ҳаракат мекард, мошинро боздошт ва ронандаро лату кӯб карда, автомобилро ба самти номуайян бурд. Пештар аз ин, 5-уми декабр гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ ба амбори давлатии маводи ғизоӣ, воқеъ дар мавзеи Ал-Ҳомидияи шаҳри Хамс ҳамла оварда, 4 тонна шакар ва боз хӯрокиҳои дигарро ба ғорат бурд.

Эҳтимол аз сабаби он, ки имконияти барқарор кардани "минтақаи бе парвоз" дар Сурия ба нерӯҳои НАТО муяссар намешавад, размандагони "Артиши озодибахши Сурия" шикори ҳақиқии халабонҳои Сурияро роҳандозӣ кардаанд. Хабар дода мешавад, ки террористҳои мусаллаҳ халабони артиши Сурия, подполковник Қусей Ҳомид Ал-Мустафоро паррондаанд. Якчанд рӯз пеш аз ин бошад размандагон 6 халабони ҳарбӣ афсар-техник ва се сержанти хадамоти техникии фурудгоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурияро куштанд. Онҳо автобуси хизматии эшонро аз гранатомёт парронданд.

Портали иттилоотии "AlgeriaISP"-и Алҷазоир хабар дод, ки 7-уми декабр сарҳади баҳрии Сурия ҳам мавриди имтиҳон қарор гирифт. Марзбонҳо кӯшиши якуми размандагонро барои дохил шудан ба Сурия бо роҳи баҳрӣ хунсо карданд. Илова бар ин, тибқи хабарҳои ВАО-и алҷазоирӣ ва лубнонӣ рейди тахрибкорӣ таҳти контроли шахсии губернатори собиқи ҳарбии Триполи Абдулҳаким Белҳаҷ қарор доштааст. Вай чанде пеш эълом дошт, ки ба ҳудуди Сурия зада медарояд ва бо дастаи худ музаффарона вориди Димишқ мешавад.

Ҳамин тариқ, корҳо доир ба носуботсозии вазъият дар Сурия ва барангехтани даҳшату воҳима бо роҳи баргузор намудани амалҳои мунтазами террористӣ ва сартосарӣ бо суръати баланд идома доранд. Танҳо баъзеҳо бар он исрор доранд, ки вазъият дар Сурия бояд танҳо дар натиҷаи муколама ва гузаштҳои байниҳамдигарӣ мӯътадил гардад. Дар ин бора Русия изҳори андеша мекунад, вазорати умури хориҷии Чин гап мезанад.

Ба хотири амнияти худ Сурияро Эрон дастгирӣ мекунад. Айни замон ҳамсояҳои наздиктарини Сурия аз худ хоҳиши ҷустуҷӯйи компромиссро намоиш намедиҳанд. Фишори иқтисодиву сиёсӣ, изолятсияи байналмилалӣ ва воситаҳои дигари халалдор кардани суботи давлат натиҷаи фаъолияти эътилофе мебошад, ки дар он ба СММ ҷой нест.

Ҷолиби диққат аст, ки Лигаи давлатҳои арабӣ (ЛДА) аз додани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо таҳти унвони "Досйеи Сурия" барои баррасӣ ба Шӯрои Амнияти СММ даст кашид. Дар ин бора чанде пеш дабири кулли ЛДА Набил ал-Арабӣ изҳор кард. Вай қайд намуд, ки кишварҳои арабӣ "дар доираи Лига бошиддат кор мекунанд ва ҳаракат менамоянд, бӯҳрони Сурияро бо нерӯҳои ЛДА ҳал намоянд".

Баъди изҳороти ЛДА фаҳмидан душвор аст, ки сарҳади тақсими ваколатҳо аз куҷо мегузарад. Кадом созмони байналмилалӣ бояд бо танзими зиддиятҳои миқёси давлатӣ машғул шавад ва салоҳияти кофиро барои ҷорӣ кардани ин ё он намуд таҳримҳоро дорад? Ба ҳар ҳол ҳанӯз ним сол пеш чунин масъалаҳоро танҳо Шӯрои Амнияти СММ ҳал мекард. Акнун, чӣ хеле ки мебинем, қарори созмонҳои минтақавӣ ҳам кофист.

Азбаски воситаи муқаррарии ба мустамлика табдил додани кишвари навбатӣ бо кӯмаки комбинатсияи таҳримҳои байналмилалӣ, исён ва интервентсия дар ҳолати Сурия кор наомад, бадхоҳони Сурияро лозим меояд, ки бадеҳасозӣ кунанд. Масалан, ба таҳриф ҳатто дар сатҳи системаи амнияти байналмилалӣ рӯй оранд.

Маълум нест барои чӣ Лигаи давлатҳои арабӣ вазъиятро таҳлил мекунад, хулоса мебарорад ва нисбати Сурия ҳукм содир мекунад. Созмоне, ки то вақтҳои охир ягон иқдоми муҳиме накардааст. Ҳамчун пешниҳод доир ба танзими мушкилоти Димишқ танҳо ултиматумҳо равон кард бо талабҳои яктарафа ва иҷронашаванда, масалан, "давоми се рӯз" қатъ кардани ҳамаи намудҳои муқобилияти нерӯҳои ҳукуматӣ зидди "халқ".

Ба гурӯҳҳои террористии исёнгарони либиягӣ, ки аз ҳудуди Туркия ба Сурия ҳуҷум мекунанд, ЛДА ягон хел ултиматум равон мекунад?

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi