ШИКАНҶАИ НАВАРӮСИ АФҒОН БА ХОТИРИ ТАН НАДОДАН БА ТАНФУРӮШӢ
Як навори видиюӣ, ки ба дасти Би-би-сӣ расида, вусъати ҷароҳати як тозаарӯси понздаҳ-солаи афғонро нишон медиҳад, ки ба василаи шавҳараш дар хона зиндонӣ ва ба шиддат шиканҷа шудааст. Ин духтар, ки Саҳаргул ном дорад, ба муддати чанд моҳ ба василаи шавҳар ва хонаводаи ҳамсараш дар хона маҳбус буд ва мавриди бадрафторӣ қарор гирифта буд.
Маъмурони пулис Саҳаргулро дар зерзамини хонаи падаршавҳараш пайдо карданд. Хонаводаи Саҳаргул бо муроҷеъа ба пулис аз моҳҳо бе хабарӣ аз вазъи ӯ ибрози нигаронӣ карда буданд. Бино бар эъломи пулис, нохунҳо ва муҳои сари Саҳаргул кашида шудааст ва гӯшту пӯсти бахшҳое аз баданаш ба анбур канда шудааст.
Саҳаргул ҳафт моҳ пеш, замоне ки ҳанӯз 14 сол дошт, ба ақди як марди 30-сола даромад. Ба гуфтаи яке аз мақомҳои пулиси вилояти Бағлон, маъмурон ин духтарро аз як утоқи торик ва бидуни панҷара наҷот доданд. Саҳаргул дар бемористон дар ҳоле, ки бар рӯйи сандалии чархдор буд, посух ба суоле шавҳар ва модари ӯ ва бародари ҳамсарашро омили шиканҷаи худ унвон кард.
Ба гуфтаи мақомҳои вилояти Бағлон, иллати ҳабс ва шиканҷаи Саҳаргул розӣ нашудани ӯ ба танфурӯшӣ ба хоастаи шавҳараш будааст, аммо шавоҳиде барои исботи ин иддаъо дар даст нест. Раҳима Зарифӣ, раиси умури занони устони Бағлон мегӯяд, ки Саҳаргул аз лиҳози ҷисмӣ ва рӯҳӣ ба шиддат шиканҷа шуда ва мумкин аст азоби рӯҳии ношӣ аз шиканҷа то поёни умр бо вай бимонад.
Пулис аъзои хонаводаи шавҳари Саҳаргулро дастгир карда, аммо ҳамсараш муваффақ ба фирор шудааст. Дар аксари манотиқи Афғонистон хушунат алайҳи занон камокон идома дорад, ки дар бештари маворид ҳамсар ва хонавода дар ин хушунатҳо даст доранд.
Би-Би-Си