20:36:27 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

НАРХИ ТАҲРИМҲО НИСБАТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

Фридрих Дайл, Рейтерс

Тарси "силоҳи ҳастаии Эрон" дар замири коршиносони ғарб амиқ ҷой гирифтааст

Эрон барномаи ҳастаии худро ҳамчун сарчашмаи ҳокимият ва обрӯю эътибор медонад ва аз ин рӯ таҳримҳои боз ҳам сахттар даргумон аст, ки Теҳронро ба дигар кардани мавқеаш дар ин масъала маҷбур созад, ҳарчанд ин таҳримҳо боиси носозиҳои иқтисодӣ мешаванд.

/images/stories/2011/12/28_us_military_iran_2011.jpgНобоварии амиқ ба ниятҳои Ғарб ва проблемаҳои амният дар минтақаи носубот, ки дар он Иёлоти Муттаҳида нуфузи пурқуввати ҳарбияшро ҳифз мекунад, метавонанд сабабҳои идома ёфтани барномаи ҳастаии Эрон бошанд. Мумкин аст сарнагуншавии чанде пеши Қаззофӣ дар моҳи август барояшон дарси ибрат шуда бошад ва нияташонро мустаҳкамтар кардааст.

Полковник соли 2003 розӣ шуд аз сохтани силоҳи қатли ом даст кашад, танҳо ба хотири он, ки баъди шӯриши мардумӣ ва баъди он, ки давлатҳои Ғарб аз вай рӯй гардонанд, сарнагун шавад. Эронро баъди гузориши "ҳастаӣ"-и МАГАТЭ мавҷи нави таҳримҳо интизор аст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки Эрон бо сохтмони бомбаи ҳастаӣ машғул аст.

"Эрон барои нигоҳ доштани режим барномаи ҳастаии худро амалӣ мекунад", -изҳор дошт таҳлилгари сиёсати байналмилалӣ Алиризо Нодир аз гурӯҳи тадқиқотии амрикоии "RAND Corporation". "Эҳтимол, Ҷумҳурии Исломӣ бар он андеша аст, ки имконияти эҳтимолии истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ кирои таҳрим аст, агар таҳримҳо худи режимро зери хатар нагузоранд".

Агар чунин бошад, такони охирин аз тарафи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидини аврупоияш даргумон аст, ки Эронро ба дигар кардани хати машаш дар баҳси тӯлонии ҳастаӣ водор намояд. Вай чунин имкониятро дорад ва ин хатари ба вуҷуд овардани зиддияти васеътарро дар Ховари Наздик дорад.

"Худи он далел, ки Эрон омодаи бардоштани бори гарони таҳримҳои нисбатан сахттар аст, нишон медиҳад эрониҳо дар қалъаи муҳосирашуда "мустаҳкамтар мешаванд" ва дар ҳолати зарурӣ ба амали қотеонатар тайёранд", -гуфт Бруно Тертрфис, ходими илмии калони "France'a strategic Recearch Foundation".

Баъди он ки Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Бритониёи Кабир чанде пеш чораҳои зидди бахшҳои энержӣ ва молиявии Эронро эълон карданд, вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои баррасии таҳримҳои нав нисбати Теҳрон ҷамъ омаданд. Лидерҳои эронӣ ба ин чунин эътино мекунанд, ки хоси истеҳсолкунандаи калони нафт дар ҷаҳон аст, ки аллакай чаҳор марҳилаи таҳримҳои СММ ва ҳамчунин иқдомҳои алоҳидаи ИМА ва Аврупоро паси сар кардааст.

Муқовимат ба ҳукмронии Ғарб

Ҳамчун нишони мавқеи бесозишкорона доштани Эрон чанде пеш лоиҳаи қонуне тасдиқ шуд, ки ба ихтисори равобит бо Лондон равона гардидааст. Ҳукумат дар посух ба таҳримҳои нав нисбати Теҳрон ба ҷонибдории аз кишвар берун кардани сафири Бритониёи Кабир райъ дод.

"Тақвияти фишор оппозитсияро дар масъалаи баргузор кардани муколама ва ё ақибнишинӣ аз мавқеи худ пурқувват мекунад, зеро ин аз заифии мавқеъ гувоҳӣ хоҳад дод ва мумкин аз тарафи Ғарб истифода шавад",-изҳор намуд дипломати баландпояи Ғарб, ки дар пойтахти Эрон кор мекунад.

Муборизаи сиёсӣ барои ҳокимият хушоҳангиро аз тарафи лидерҳои эронӣ "қариб номумкин" гардонидааст, зеро дар ин ҳолат бо онҳо "ҳуҷум" аз тарафи рақибони дохилӣ таҳдид мекунад, афзуд дипломат.

Иёлоти Муттаҳида ва шарикони аврупоии он гузориши Ожонсии байналмилалии энержии ҳастаиро (МАГАТЭ) аз 8-уми ноябр дастрас кардаанд. Дар он гуфта мешавад, ки Эрон эҳтимол бо кашидани нақшаи силоҳи хастаӣ машғул шудааст, то кишварро боз ҳам бештар изолятсия кунад.

Вай (гузориш) тахминҳои наверо ба вуҷуд овард, ки Исроил барномаи ҳастаии Эронро барои худ хатари воқеӣ медонад ва мумкин аст зарбаҳои пешгирикунандаро ба иншоотҳои ҳастаии он оғоз намояд.

Эрон мазмуни гузоришро рад кард ва изҳор намуд, ки вай ба далелҳои қалбакӣ асос ёфтааст. Теҳрон мегӯянд, ки барномаи ҳастаии вай ғайриҳарбӣ аст ва ба истеҳсоли нерӯи барқ нигаронида шудааст.

Дар партави таҳримҳои нав Эрон метавонад баъзе "дилбардориҳо" аз тарафи Русияву Чин нисбати  таҳримҳои навро дарёфт намояд, ки бо он робитаҳои назарраси тиҷоратӣ доранд ва онҳо метавонанд то андозае таъсири чораҳои сахти Ғарбро сусттар гардонанд.

Лидерҳои Эрон "аз он суди сиёсӣ бармедоранд, ки дар ҳолати фишори Амрико тоб оваранд", -гуфт Морк Фитепартик, директори Маркази зеҳнии "International Institute For strateg is studies".

Теҳрон, эҳтимол, қисман сахт аз он гумонбар аст, ки душманҳояш дар ниҳояти кор мехоҳанд режими Эронро сарнагун кунанд, он режимеро, ки соли 1979 шоҳи тарафдори ИМА-ро сарнагун намуда, ба сари қудрат омада буд.

"Хатари варианти ҳарбии вусъати ҳодисаҳо ва ё дигар кардани режим танҳо қотеиятро ба муқовимат мустаҳкамтар мекунанду халос", -гуфт Фитспатрик.

Мухолифат ба талабҳои Ғарб ба роҳбарияти консервативӣ имконият медиҳад, ки дастгирии миллиро муттаҳид намояд ва таваҷҷӯҳро аз душвориҳои иқтисодӣ, ки аҳолӣ ҳис мекунад, дур созад.

"Барномаи ҳастаӣ ба ифодаи олии муқовимати Эрон ба ҳукмронии Ғарб ва "системаи байналмилалӣ"-и ноодилона мубаддал гаштааст", -гуфт Алӣ Ваёз аз Маркази таҳлилии "Federation of American scientsts"-и Вашингтон.

Сахт шудани таҳримҳо ҳамчунин норозигии дохилиро, ки баъди интихоботи баҳсбарангези соли 2009 ба вуҷуд омада буд, ҳавасманд карданаш мумкин аст.

Оё ин боиси сар задани "шӯришҳои халқӣ ба муқобили ҳукумат, мисли як қатор кишварҳои Африқои Шимолӣ ва Ховари Наздик мешавад ё не, маълум нест", гуфт Марк Хибе аз "Carnegie Endowment for International Peace".

Қудрати ҳастаии виртуалӣ

Иёлоти Муттаҳида изҳор мекунад, ки ба изолятсия гирифтани Эрон боиси суст шудани барномаи ҳастаии он мешавад ва ҳоло ҳам барои мӯътақид кардани он ба даст кашидан аз амбитсияҳои ҳастаияш вақт ҳаст. Вале бо вуҷуди таҳриму тахрибҳо Эрон дар амалисозии барномаи ҳастаияш, ки ба қавли худаш барои нерӯгоҳҳои барқӣ пешбинӣ шудааст, пеш меравад.

Алҳол захираҳои мавҷудаи урани пастғанишуда ҳадди ақал барои сохтани ду бомбаи ҳастаӣ кифоят мекунад, агар корҳо дар ин самт идома ёбад. Эрон омодагӣ мебинад, ки фаъолияти бештар "ҳассос"-и худро доир ба ғанисозии уран ба бункерҳои зеризаминӣ гузаронад.

"Фаъолияти Эрон дар соҳаи ҳастаӣ ба таъмини потенсиали вай барои сохтани силоҳи ҳастаӣ равона карда шудааст ва ҳамчунин "вай метавонад баъзе бартариҳои назаррасро дар бахши амният ва обрӯю эътибор соҳиб шавад, зеро дар остонаи дохил шудан ба клуби ҳастаӣ қарор хоҳад гирифт", -гуфт Петер Крейл аз гурӯҳи амрикоии илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотӣ-таблиғотии "Arms control Association".

Кӯшишҳои дипломатӣ оид ба "масъалаи ҳастаӣ" баъди мулоқоти бесамари моҳи январ дар Истамбул байни ашхоси расмии эронӣ ва намояндагони шаш давлати калон -ИМА, Русия, Фаронса, Олмон, Чин ва Бритониёи Кабир ба бунбаст даромадааст.

Ҳар ду ҷониб мегӯянд, ки ба аз сари нав оғоз кардани гуфтушунидҳо тайёранд, вале Эрон бар он исрор дорад, ки ғанисозии уранро қатъ нахоҳад кард, чӣ хеле ки инро қатъномаҳои такроршавандаи ША СММ талаб менамояд.

Лидерҳои Эрон аз он дар хавотиранд, ки агар гузашт кунанд, ба чашми дигарон заиф менамоянд ва агар онҳо исроркориро идома диҳанд, эҳтиром ва ҳокимиятро бурд мекунанд, ки хоси давлати ҳастаӣ аст, гуфт Генри Соколский аз "Nonpro Liferation Policy Education Center"-и амрикоӣ.

Дар ҷустуҷӯйи роҳҳои имконпазири ба пеш ҳаракат кардан Ғарб мумкин аст ба компромисс розӣ шавад ва эътироф намояд, ки Эрон ғанисозии уранро идома медиҳад, вале бозрасиҳои МАГАТЭ амиқтар мешавад, то боварӣ ҳосил шавад, ки барномаи ҳастаии Эрон ҳадафҳои ҳарбиро пайгирӣ намекунад, мегӯянд таҳлилгарон.

"Агар раванди гуфтушунидҳо ба бунбаст дохил шавад, мо эҳтимол соҳиби Эроне мешавем, ки ба ғанисозии уран меравад", -гуфт Хибс аз маркази Корнеги.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi