КОРШИНОСОН: РОҲ БА КРЕМЛИН БАРОИ ПУТИН ДУШВОРТАР МЕШАВАД
Михаил ДенисовТарафдорони ҳизби "Русияи воҳид", ё ба истилоҳ, "единоросҳо", ҳама гуна саъйи мумкин барои пирӯзии Владимир Путин дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012-ро мекунанд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба натоиҷи нокофии орои умумӣ, ки ин ҳизб дар интихоботи Думо ба даст овард, ин пурсиш матраҳ аст, ки дарвоқеъ чи коре аз дасти онҳо сохта аст ва талошҳои ин ҳизб то куҷо муассир хоҳад буд?
Дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ, бавижа дар рӯзи раъйгирӣ, дар бораи талошҳои пайгиронаи дастгоҳи давлатӣ барои таъмини пирӯзии ҳизби "Русияи воҳид" хабарҳое мунташир шудааст. Аммо натоиҷи аввалияи шумориши оро нишон дод, ки ин талошҳо ҳатто ба андозаи пешбиниҳои бадбинонаи таҳлилгарон нисбат ба натоиҷи ин интихобот муассир воқеъ нашудааст.
Дар бисёре аз манотиқи Русия, ҳатто бар асоси омори расмӣ, (ки нозирон ва мухолифон дар сиҳҳати он тардид доранд), натоиҷе, ки "ҳизби ҳоким" ба даст оварда, дар сатҳи 30 дарсад навасон мекунад. Фаъъолони ҳизбӣ бар онанд, ки бояд ин натоиҷро низ як навъ пирӯзӣ ба шумор овард, зеро, ба гуфтаи онҳо, аҳзоби дигар натоиҷи аз ин камтаре ба даст овардаанд. Вале ин арқом бо натоиҷи интихоботи соли 2007, ки дар он "единоросҳо" ҳудуди ду севуми орои умумиро ба даст оварда буданд, тафовути ҷиддӣ дорад.
Пахши мустақими телевизиюнӣ аз ситоди ҳизби "Русияи воҳид" дар шаби баъд аз интихобот буҳтзадагӣ ва изтироб дар чеҳраи аъзои онро ба намоиш гузошт. Ин вазъ бо фазои шодиву ҳаяҷоне, ки чаҳор сол пеш дар ситоди интихоботии ин ҳизб мушоҳида мешуд, комилан мутафовит аст.
Натоиҷи интихоботи кунунӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳи ҳоким дар Русияро лозим аст барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 талошҳои худро боз ҳам тақвият бидиҳад ё василае барои таъмини пирӯзии худ ихтироъ кунад. Дар фазои умумӣ, раҳбарони ҳизби "Русияи воҳид" мехоҳанд ба ҳама итминон бидиҳанд, ки Владимир Путин ҳатто дар даври аввали интихобот бидуни ҳеч монеъе метавонад ба пирӯзӣ даст ёбад.
Андрей Воробёв, раҳбари Кумитаи иҷроияи марказии ҳизби "Русияи воҳид", мегӯяд: "Номзади мо маълум аст, ки Владимир Путин, раҳбари мост. Мо ҳамаи талошамонро барои пирӯзии ӯ дар даври аввали интихобот ба харҷ медиҳем. Номзади мо дар даҳ соли раҳбарии худ корҳои ҷиддӣ ва муҳиммеро анҷом додааст."
Ба гуфтаи вай, аз даст додани эътимоди мардум дар як даҳсола бисёр осон аст, вале сатҳи эътимоди мардум ба оқои Путин имрӯз бисёр болост.
"Раъйдиҳии танзимшуда"
Коршиносон мӯътақиданд натоиҷи орои умумӣ, ки "Русияи воҳид" дар интихоботи гузашта ба даст овард, дилсардии шаҳрвандон аз ҳукумати беш аз даҳсолаи Владимир Путинро барӯшанӣ мунъакис мекунад.
Юрий Коргунюк, раҳбари бахши сиёсатшиносии сандуқи "Индем", мегӯяд: "Владимир Путин мағз ва мутури аслии ҳизби "Русияи воҳид" буд. Ин ҳизб дар бисоти идеулужии худ чизи дигаре надошт. Ҳоло рӯшан шуда, ки ин ядаккаш дигар ба дард намехӯрад ва дигар ҳеч муъҷизае аз ӯ сохта нест."
Ба андешаи ӯ, танҳо василае, ки акнун гурӯҳи фармонраво дар Русия дар ихтиёр дорад, фишори идорӣ, яъне "водоштан ба раъйдиҳии дуруст" ё танзимшуда аст. Ин коршиноси масоили сиёсӣ таъкид мекунад, ки уфти 14-дарсадии маҳбубияти ҳизби "Русияи воҳид" дар муқоиса бо интихоботи соли 2007 коҳиши эътибори Путин ба унвони раҳбари ин ҳизбро бармало мекунад.
Оқои Коргунюк нисбат ба натоиҷи назарсанҷиҳое, ки тибқи онҳо, маҳбубияти нахуствазир нисбат ба нуфузу эътибори ҳизбаш дар миёни мардум бамаротиб болотар аст, ибрози тардид мекунад.
Вай ба норизоятии ҳаводорони варзиш аз ҳузури оқои Путин дар муҷтамаъи варзишии "Улампик" ишора мекунад, ки 21 ноябр иттифоқ уфтод. Дар он ҷо ҳангоме ки нахуствазир барои табрики як варзишгари пирӯзи рус дар саҳна зоҳир шуд, ҷиғу фарёдҳои норизоятӣ толорро фаро гирифт.
Оқои Коргунюк меафзояд: "Вай қаблан шамъи маҳофил буд, вале ҳоло аз чашми анҷуман уфтодааст. Ёдатон бошад, ки чигуна аз ӯ дар муҷтамаъи "Улампик" истиқбол карданд."
Ба эътиқоди ӯ, такрори гузинаи соли 2000, ки он замон оқои Путин бо рақиби аслияш дар интихобот, Геннадий Зюганов, андаке бештар аз 20 дарсад фосила дошт, баъид нест. Вале бартарии андаки Путин, ки 53 дарсади орои умумиро ба даст овард, аз баргузории даври дувуми интихобот монеъ шуд.
Оқои Коргунюк мегӯяд: "Ин ҳама ба коҳиши маҳбубияти оқои Путин ва ҳизби ӯ бастагӣ дорад. Дар чунин вазъияте имкони баргузории даври дувуми интихобот бештар мешавад."
Павел Салин, коршиноси аршади Маркази авзоъи сиёсӣ, мегӯяд, ки дар замони муборизоти интихоботӣ барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мақомот бояд омили рӯ ба рушди шаффофиятро ба назар бигиранд.
Ба гуфтаи вай, ҳар гуна тахаллуфе мумкин аст дар видию сабт ва фавран дар интернет мунташир шавад. Аз ин роҳ мумкин аст шумори касире аз мардум дар бораи тахаллуфоти интихоботӣ огоҳ шаванд. Оқои Салин меафзояд: "Чаҳор сол пеш чунин имконе набуд. Ин бад-он маъност, ки дасткорӣ дар шумориши орои умумӣ дар интихобот дигар ғайримумкин шудааст."
Машрӯъияти рӯ ба завол
Дар баробари ин, ба гуфтаи бисёре аз нозирон, вазъияте, ки дар он даври дувуми интихобот баргузор мешавад, ба ҳеч ваҷҳ барои оқои Путин ва муқаррабонаш қобили қабул нахоҳад буд. Ба гуфтаи онҳо, оқои Путин, бидуни тардид, машрӯъияти рӯ ба заволи давлаташро дарк карда ва акнун муваззаф аст, ки бар ҳамаи ниҳодҳо, аз ҷумла ҳизби "Русияи воҳид", бартарӣ ёбад ва ҳайсияти худро аз ҳайсияту нуфузи онҳо ҷудо созад.
Оқои Салин мегӯяд: "Путин аз ҳизб фосила мегирад, то обрӯи худро ҳифз кунад. Танҳо ба ҳамин хотир, дар садри феҳристи номзадҳои "Русияи воҳид" дар моҳи сентябр номи Медведев қарор дошт, на Путин."
Аз дидгоҳи оқои Салин, ҳамаи ин танҳо бо як ҳадаф анҷом мешавад - ба ҳар қимате пирӯз шудан дар даври аввали интихобот. Гузор ба даври дувуми интихобот бад-он маъност, ки оқои Путин силие бар сураташ хоҳад хӯрд.
Вай мегӯяд: "Агар интихобот ба даври дуюм гузарад, машрӯъият ва мақоми ӯ ба унвони "сиёсатмадоре ормонӣ ва беҳамто" дар Русия ҷиддан латма хоҳад дид. Он гоҳ маълум хоҳад шуд, ки рақибоне барои ӯ ҳастанд ва ин зарба мӯҳлик хоҳад буд."
Бо таваҷҷӯҳ ба инҳо, сиёсатшиносон фикр намекунанд, ки мақомоти Русия баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ё ҳар иқдоми дигари номатлубро иҷоза бидиҳанд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи онҳо, вазъияти кишвар ба ҳадде тағйирпазир аст, ки ҳар сенориюи мумкинеро метавон чашм дошт.
Оқои Салин меафзояд: "Гузинаҳои зиёде мумкин аст вуҷуд дошта бошад. Аз гузинаи идеулужик гирифта, ки бар мабнои он оқои Путин барои касби ризояти умумӣ чеҳраи худро иваз хоҳад кард, то шигардҳои комилан фаннӣ, монанди баргузории интихоботи фаврӣ ё қабл аз мавъид."
"Оқои Медведев қабл аз поёни давраи раёсаташ курсиро холӣ мекунад ва интихобот ҳам зудтар баргузор мешавад, яъне қабл аз он ки мизони маҳбубияти номзади мавриди назар пойин равад."
Ҳадафи воқеъии "единоросҳо" дар интихоботи порлумонӣ, ба гуфтаи оқои Салин, лоақал ҳифзи аксарияти курсиҳо дар порлумон ба ҳар василаи мумкин будааст. Онҳо муваффақ шуданд дар баҳои танише боварнакарданӣ ба ин ҳадаф даст ёбанд.
Ҳамакнун барномаи онҳо дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ҳадди ақал даст ёфтан ба пирӯзии Путин дар даври аввали интихобот аст, сарфи назар аз ин ки ин пирӯзӣ то чи ҳад "ҷавонмардона" хоҳад буд.
Полоиши густарда?
Аз сӯйи дигар, коршиносон бар ин назаранд, ки аз лиҳози мӯҳтаво ё мазмуни муборизоти интихоботӣ, Кремлин истеъдоди ихтироъи василаи тозае (барои таъмини пирӯзии Путин) надорад.
Юрий Коргунюк мегӯяд: "Онҳо қаблан ҳам коре накарданд, чи расад ба ҳоло. Истифода аз манобеъи идорӣ, маҳдудияти иттилоърасонӣ, радди салоҳияти номзадҳо ва коҳиши шумори онҳо аз ҷумлаи равишҳои куҳна ва озмудашудае ҳастанд, ки аз онҳо кор хоҳанд гирифт, то замоне ки интихобкунанда иҷоза медиҳад."
Станислав Белковский, таҳлилгари масоили сиёсӣ, низ чунин пешбинӣ мекунад, ки мақомоти Русия ҳатман аз фишору тақаллуб дар ҳамаи сутуҳи давлатӣ истифода хоҳанд кард. Вай мегӯяд: "Кремлин боз ҳам корзори алайҳи маводди мухаддир ва майзадагиро ба роҳ андохта ва бо ҳамҷинсгароӣ ва бачабозӣ мубориза хоҳад кард, аммо фикри тозае дар ин росто ман намебинам."
Яке аз мароҳили фосилагирии Путин аз тасвири манфии ҳизби "Русияи воҳид" метавонад полоиши густардаи суфуфи ин ҳизб бошад. Дар натиҷа, бисёре аз масъулони ҳизбӣ ночор ба тарки симатҳои худ хоҳанд шуд.
Оқои Салин мегӯяд: "Аз берун чунин ба назар мерасад, ки дар ҳизб раҳбари нав, Медведев, дастбакор хоҳад шуд. Вай бо андешаҳои ибдоъгарона ба навсозӣ аз дохил шурӯъ хоҳад кард. Агар муваффақ шавад, ин дастовард ба Путин ҳам нисбат дода мешавад. Вагарна, ин мушкили танҳо Медведев аст, чун Путин аз ҳизб фосила гирифтааст."
Ин пешбиниҳоро суханони ахири Сергей Наришкин, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Русия, низ таъйид мекунад. Вай рӯзи душанбе иброз дошт, ки оқои Медведев метавонад раҳбари "Русияи воҳид" шавад. Ҳамзамон, худи Медведев ба имкони тасмимгириҳои тозаи кодрӣ дар мавриди фармондорони бархе вилоёт ва навоҳии Русия ишора кард, ки дар он ҷоҳо ҳизби ҳоким ба натоиҷи ризоятбахше даст наёфтааст. Илова бар ин, пас аз интихоботи порлумонии гузашта гуфтугӯҳо дар бораи ин ки Борис Гризлов, раҳбари ҳизби "Русияи воҳид" мумкин аст курсии раҳбариро аз даст бидиҳад, афзоиш ёфтааст.
Панҷараи имконот
Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки вазъияти мавҷуд дар Русия чашмандози ҷолибе барои нерӯҳои мухолиф фароҳам кардааст, ҳарчанд мухолифон маҷоли истифода аз ин имконотро надоранд.
Станислав Белковский мегӯяд: "Агар мухолифон даст ба дасти ҳам диҳанду номзаде ягонаро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муъаррифӣ кунанд, шояд гӯйи сабқат аз дасти Путин бирабоянд ва аз интихоби ӯ монеъ шаванд. Чун мумкин аст ӯ бо тафовути андаке аз оро, ҳар ойина, бар рақиби худ пирӯз шавад. Вале дастикам машрӯъияти Путин ба унвони як фармонравои беҳамто дар Русия зери суол хоҳад рафт."
Аммо, ба назари вай, қарор нест чунин иттифоқе биюфтад: "Аҳзоби мухолиф пештар эълом карда буданд, ки ҳар кадоме раҳбарони худ - Зюганов, Жириновский, Миронов, Явлинскийро номзад хоҳанд кард. Натоиҷи воқеъии ширкати онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба пирӯзии Путин машрӯъият мебахшад."
Ба ақидаи оқои Белковский, номзадҳо аз мухолифони "сомонманд" ё мунсаҷим дарвоқеъ метавонанд бо Путин ҳамбозӣ шаванд, вале баъдан метавонанд эълом кунанд, ки ба туфайли талошҳои муштараки онҳо "ӯ на 70, балки 55 дарсад раъй гирифтааст."
Юрий Коргунюк мегӯяд: "Имконот барои мухолифон дар ҳоли афзоиш аст. Аммо ҳарф задан аз ин ки касе метавонад Путинро шикаст диҳад, барвақт аст. Шахсиятҳое, ки ҳоло мебинем, бештар ҳарифони саҳнаи варзиш ҳастанд , то рақибони арсаи сиёсат. Бо онҳо мешавад тамрини варзиш кард, онҳо метавонанд зарбаҳои дардоваре зананд, аммо наметавонанд ҳарифро аз пой дароваранд."
Ба ҳар ҳол, ин гузина, ки Кремлин иҷоза бидиҳад касе аз мухолифони "ғайримунсаҷим" вориди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шавад, аз нигоҳи коршиносон, амалан вуҷуд надорад.
Би-Би-Си