05:07:18 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ТОЛИБОН» ВА МАВОДИ МУХАДДИР БАРОИ АМРИКО ХЕЛО ЗАРУРАНД

"Толибон" ва маводи мухаддири Афғонистон як қисми муҳими стратегияи геополитикии ИМА ба ҳисоб мераванд

Худи ИМА ғайримустақим коррупсияро дар Афғонистон шодоб мекунад. Якчанд миллиард доллар муфт насиби толибҳои афғонӣ шудааст. Натиҷаҳои тафтишоти баргузорнамудаи Пентагон бобати масрафи маблағҳои ҷудошуда аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Бино ба маълумоти идораи ҳарбии Амрико сухан дар бораи ҳадди ақал 2,16 миллиард долларе меравад, ки туфайли нақшаҳои коррупсионӣ ба кисаҳои размандагони "Толибон" дохил шудаанд.

/images/stories/2011/12/05_afghanistan_opium_51211.jpgҒайри ин, тирамоҳи соли 2010, дар айни ҷӯшу хурӯши ҷанҷоли коррупсионӣ дар Афғонистон, як қатор нашрияҳои амрикоӣ хабар доданд, ки ҳукуматдорони амрикоӣ ошкоро ба қумондонҳои "Толибон" пул медиҳанд. Ин хулосаҳо дар гузориши бозраси кулли Ожонсӣ оид ба рушди байналмилалии ИМА асоснок шудаанд ва ба қавли он пулҳои барои яке аз пудратчиҳои афғонистонӣ ҷудокардаи ожонсӣ дар охир барои пора додан ба толибҳо масраф шудаанд.

Якчанд моҳ пеш аз ҷанҷол комиссияи махсуси конгресси ИМА иттилоотро перомуни он интишор кард, ки миллионҳо доллар пули барои таъминоти лашкар дар Афғонистон пешбинишуда ба кисаи коррупсионерҳо ё қумондонҳои маҳаллӣ ва аз тариқи онҳо ба хазинаи ҷунбиши "Толибон" даромадааст. Комиссия ҳамчунин изҳор кардааст, қумондонҳо, минҷумла аз ҳисоби толибҳо, барои муҳофизати корвонҳои мошинҳое кироя мешаванд, ки барои лашкари мустақар дар Афғонистони амрикоӣ бор мекашонанд.

Моҳи августи соли 2011 комиссия таҳти роҳбарии генерали артиш Дэвид Пэтрус ҳамчунин муайян кардааст, ки танҳо аз ҳисоби қарордодҳои нақлиётӣ (дар доираи барномаҳои Host Nation Trucking) аз буҷаи Амрико 360 миллион доллар насиби толибҳо ва гурӯҳҳои дигари ҳарбии маҳаллӣ шудааст.

Ғайр аз маблағгузории "Толибон" ИМА ҳамчунин дар наркобизнеси афғонӣ низ фаъолона ҷалб шудааст. Имрӯз Афғонистон калонтарин истеҳсолкунандаи маводи мухаддир ба шумор меравад ва 90 %-и ҳероин дар ҳамин кишвар тавлид мешавад. Калонтарин бозори фурӯши ҳероини афғонӣ ин Русия мебошад ва зиёда аз 20 фоизи ин маҳсулоти дар Афғонистон истеҳсолшуда ба онҷо интиқол меёбад.

Бино ба маълумоти Раёсати СММ дар бахши маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) аз лаҳзаи оғози таҷовузи НАТО дар Афғонистон сол ба сол майдони кишти кӯкнор зиёд мешавад: соли 2001-8000 гектар, соли 2004-131000 гектар ва соли 208 -157000 (!) гектар. Имрӯз нархи афюн хеле баланд боқӣ мондааст ва ин омил боиси боз ҳам афзоиш ёфтани майдони кишти кӯкнор дар вақтҳои наздик хоҳад шуд.

Перомуни ба маводи мухаддири афғонӣ шарик будани ИМА генерали собиқи разведкаи байниидоравии Покистон Ҳомид Гул нақл кард, ки ҳоло ба ӯ сафар ба Бритониёи Кабир ва ИМА манъ аст. Ба қавли генерал қумондонҳои аз тарафи ИМА дастгиришаванда 90 %-и тиҷорати ҳероинро таҳти назорати худ доранд ва ин тиҷорат маҳз дар замони ҳузури нерӯҳои эътилофӣ вусъат пайдо кард.

Гул қайд мекунад, ки сиёсати хориҷии ИМА дар минтақа ба дастрасӣ ба захираҳои нафту гази Осиёи Марказӣ равона шудааст. Генерал ҳамчунин ба иртиботи наздики ИМА бо "Массад" ва хадамоти махсуси Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ ишора намуд. Ба қавли ӯ амалиётҳои амрикоиҳо на ба суст кардани зиддиятҳо, балки ба оташ задани онҳо нигаронида шудаанд. Ҳомид Гул ҳамчунин он "ҳақиқат"-и васеъ паҳншударо перомуни он, ки ҷунбиши "Толибон" тиҷорати афюнро таҳти назорати худ дорад, рад намуд.

Бино ба маълумоти UNODC ба унсурҳои зиддиҳукуматӣ қисми на он қадар калони даромад аз тиҷорати маводи мухаддир рост меояд.  СРУ, Раёсати ҷосусии Пентагон ва марказҳои дигари ҷосусии ИМА хабар медиҳанд, ки "Толибон" аз тиҷорати маводи мухаддир дар як сол қариб 70 миллион доллар даромад мегирад. Дар назари аввал ин пули хеле калон аст, вале ин ҳамагӣ ду фоизи даромади тахминшавандаро аз маблағи умумии тиҷорати маводи мухаддир ташкил медиҳад, ки соли 2010 тибқи маълумоти UNODC 3,4 миллиард доллар будааст.

Дар ин бобат стратегияи нави ИМА дар мубориза бо истеҳсоли маводи мухаддир ҷолиби диққат аст. Мувофиқи стратегияи мазкур наркобаронҳое, ки бо шӯришгарон иртибот доранд, бояд фавран несту нобуд карда шаванд. Бо ибораи дигар ба наркобаронҳое, ки бо нерӯҳои ишғолгар ва ё ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ менамоянд, дар оянда ба бизнесашон мусоидат карда мешавад ва онҳое, ки дар алоҳидагӣ фаъолият доранд, несту нобуд мегарданд.

Афюни афғонӣ ба Аврупо аз тариқи Покистон Эрон, Туркия, ҳамчунин аз тариқи ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ интиқол мешаванд. Генерал Ҳомид Гул ҳамчунин боз қайд кард, ки "мутаассифона, дар наркотрафик ҳавопаймоҳои ҳарбии ИМА ҳам иштирок мекунанд". Ин ҳавопаймоҳо дар кашонидани борҳои башардӯстона ва борҳои дигар барои лашкари амрикоӣ дар Афғонистон истифода мешаванд.

Ҳамин тариқ, "Толибон" ва маводи мухаддири афғонӣ қисми муҳими стратегияи геополитикии ИМА дар минтақа мебошанд. Онҳо нигоҳ доштани ба ном "бесарусомониҳои идорашаванда"-ро, фишанги пурзӯри таъсир ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣ дар минтақаро таъмин мекунанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi