16:56:01 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАҶРИБАҲОИ ҲАРБИИ ҚАЗЗОФӢ ВА НАТИҶАҲОИ ҶАНГИ ЛИБИЯ

Сергей Балмасов, WIN

Яке аз сабабҳои асосии сарнагуншавии Қаззофӣ ғайр аз бартарии куллии НАТО, иштибоҳҳои худи вай мебошанд, ки ҳангоми бунёди қувваҳои мусаллаҳ содир шудаанд. Бино ба маълумоти разведкаи Фаронса шумораи умумии қувваҳои мусаллаҳи Қаззофӣ ҳангоми оғози шӯриш қариб аз 76 ҳазор одам иборат будааст: Дар "соати Х" дар ҷониби Полковник на бештар аз 50 ҳазор кас будаанд. Яъне ҳадди ақал аз се як ҳиссаи ҳайати шахсии артиш, агар ба тарафи шӯришгарон нагузашта бошад ҳам, фирор кардааст ва нахостааст ҷони худро барои пешвои Ҷамоҳирия бидиҳад.

/images/stories/2011/11/28_muammar-gaddafi_281111.jpgАммо мавҷудияти ҳазор исёнгар аз байни худи либиягиҳо, ки ҳанӯз дар оғози ҳодисаҳо чанд ноҳияву шаҳри калидии кишварро ғасб карданд (аз ҷумла Мисрат, Бенғозӣ ва ғайраҳо), возеҳу равшан нишон медиҳад, ки хадамоти қудратии Полковник ҳадди ақал нуқсон пайдо кардаанд. Чунин ба назар мерасид, Қаззофии дар муҳити низомиҳо бакамолрасида, ки замони ҳукмрониаш обрӯи хизмати ҳарбӣ баланд шуд, минҷумла аз ҳисоби хеле беҳтар шудани вазъи моддии ҳайати шахсӣ, бояд аз дастгирии сарбозону афсарон бархурдор мешуд.

Дар бораи зиндагие, ки афсарони либиягӣ доштанд, муаллимони шӯравияшон танҳо орзу карда метавонистанду халос: мошинҳои гаронбаҳо, хонаҳои бошукӯҳ, моҳонаи калон, бар замми ин он имтиёзҳое, ки Қаззофӣ ба либиягиҳо пешниҳод карда буд. Кор ҳатто то ба ҷое расид, ки Қаззофӣ ба онҳо истифода аз нақлиёти ҷамъиятиро манъ кард ва барои харидани автомобил ба онҳо пул медод.

Дар бораи афзоиши аҳамияти қувваҳои мусаллаҳ он далел ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки замони ҳукмронии Қаззофӣ шумораи онҳо нӯҳ маротиба зиёд шуд, лекин чӣ хеле ки таҷриба нишон дод, итоаткории онро бо пул ҳам харида намешудааст. Хеле дилфиреб буд ба даст овардани ҳокимият дар чунин кишвари сарватманд, чӣ хеле ки Либия буд.

Махсусан худи Полковник барои ин норозигӣ сабабҳои зиёде ба вуҷуд оварда буд. Хотиррасон мекунем, ки 1-уми сентябри соли 1969 капитан Қаззофӣ ва сӯиқасдчиёни дигар ҳокимияти кишварро ба дасти худ гирифтанд. Баъди як ҳафтаи ин Шӯрои фармондеҳии инқилобӣ (ШФИ) ба ӯ рутбаи полковникиро дод. То соли 1976 танҳо худи Қаззофӣ чунин рутба дошт ва ба афсарҳои дигар иҷозат намедод, ки рутбаи ба ӯ баробар ва ё аз вай баланд дошта бошанд.

Яке аз ғалатҳои асосии ӯ ин баргузор намудани таҷрибаҳо бо қувваҳои мусаллаҳ буданд. Ба ақидаи коршиносони ҳарбии кишварҳои дигари арабӣ вай ба "халқи мусаллаҳ" такя намуда, қувваҳои мусаллаҳро қариб несту нобуд кард.

Қаззофӣ хост ин назарияро дарҳол баъди сарнагун кардани шоҳ Идриси 1 амалӣ намояд. Вай умедвор буд соҳиби артиши миллионнафараи халқӣ ва баробари ин хеле арзон гардад. Полковник моҳияти дигаргунсозиҳои худро чунин баён кардааст: "Тамоми режимҳо одатан аз халқи худ метарсанд ва барои муҳофизати худ артишу пулисҳо ташкил мекунанд. Бар хилофи онҳо ман оммаи либиягиҳоеро мусаллаҳ мекунам, ки ба инқилоб боварӣ доранд". Аслан ин барномаи барҳам задани артиши анъанавӣ буд бо роҳи иваз кардани вай ба "халқи мусаллаҳе, ки метавонист ҳар гуна таҷовузи берунаро зада баргардонад".

Ин амали Қаззофиро аз ҷумла чунин шарҳ додан мумкин аст: вай иштибоҳан гумон дошт, ки ба халқаш имтиёзҳои иҷтимоӣ дода (дар ин бора африқоиҳои дигар орзу ҳам карда наметавонистанд) онро метавонад маҷбур созад, ки то қатраи охирини хун барои ҳокимияти вай ҷанг кунад. Вале дар асл Қаззофӣ кӯшиш дошт, ки имконияти сӯиқасдчиёни эҳтимолиро ба ҳадди ақал расонад ва онҳоро заиф гардонад.

Полковник ҳадафҳои худро тадриҷан пайгирӣ мекард. Аллакай соли 1971 вазорати дифоъ барҳам дода шуд ва вазифаҳои онро ба зиммаи Фармондеҳии асосии ҳарбӣ гузоштанд. Вале дар амал "барҳам додан"-и артиш ва иваз кардани он ба лашкари халқӣ кори саҳл набуд. Аз ҷумла бо сабаби муқовимати афсарҳои калоншаванда, ки аз онҳо бисёр чиз ҳангоми баргузор кардани дигаргунсозиҳо вобаста буд.

Бо сабабҳои маълум онҳо ин корро кардан намехостанд ва бо ҳар роҳ ба амалӣ шудани идеяи Қаззофӣ халал мерасониданд ва ҳатто кӯшиш мекарданд, ки онро аз байн баранд. Гап дар сари он, ки Қаззофӣ итоати пурраи калоншавандаҳои ҳарбиро ба даст оварда натавонист ва худи онҳо низ дар орзуи ҳокимият буданд. Сӯиқасдҳои мунтазам бо мақсади куштани ӯ ва кӯшишҳои балво, ки дар онҳо ба ин ё он андоза ҳарбиҳо ҳам иштирок доштанд, тасдиқи возеҳу равшани ин гуфтаҳост.

Афсарон аз ҷумла аз он дар ғазаб буданд, ки барои назорати эшон дар қувваҳои мусаллаҳ кумитаҳои инқилобӣ (ревкомҳо) ташкил шуда буданд ва ба корҳои низомиҳо дахолат мекарданд ва дарҳам-барҳамиҳо ба вуҷуд меоварданд. Бо вуҷуди ин соли 1979 Қаззофӣ ба ҳар ҳол барномаи табдил додани қувваҳои мусаллаҳро бо "лашкари халқӣ" пеш гузошт, ки татбиқи он дарҳол ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардид.

Дар доираи ба ҳаёт татбиқ кардани он Полковник талош варзид, то ҳамаи онҳоеро, ки ба даст силоҳ гирифта метавонистанд, шурӯъ аз хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна то ба занҳо, дарси ҳарбӣ таълим диҳад. Бо ҷалби занҳои Либия дар мудофиаи кишвар таваҷҷӯҳи махсус дода мешуд. Ва албатта, дар ҷомеаи одатан патриархалии Либия, ки аз аввал зан тобеи мард мебошад, чунин амалро бо норозигӣ истиқбол карданд.

Дастаҳои "лашкари халқӣ" қариб дар ҳар як маҳали аҳолинишин ва ҳар як муассисаи таълимӣ ташкил мешуданд. Аъзои лашкари халқиро ҳар сол як бор ба хизмат даъват мекарданд ва онҳо давоми як моҳ бояд малакаи ҳарбии худро такмил медоданд.

Асоснокии ин чорабиниҳо хеле заиф буданд. Аввалан, ин боиси норозигии худи лашкариҳо мешуд, зеро онҳоро аз кор ва таҳсилашон канда мекарданд. Дуюм, чӣ хеле ки таҷриба нишон дод, сатҳи омодагии ҷангии онҳо тамоман ба хизматчиёни ҳарбии артиши доимоамалкунанда баробар шуда наметавонист.

Бо вуҷуди ин моҳи ноябри соли 1985 омодагии ҷузъу томи аввали десантии "халқи мусаллаҳ" эълон шуд ва 31-уми августи соли 1988 Полковник "парокандашавии артиши  классикӣ ва пулиси анъанавӣ"-ро эълон кард ва ба ҷойи онҳо "халқи мусаллаҳ" омад. Баъд дастгоҳи амнияти давлатӣ барҳам дода шуд.

Ва ниҳоят, моҳи сентябри соли 1989 Қаззофӣ рутбаҳои пештараи ҳарбиро бекор кард ва Фармондеҳии кулли қувваҳои мусаллаҳро бо Кумитаи кулли муваққатии мудофиа иваз намуда ва ба ҳайати он одамони ба худаш содиқро дохил кард.

Баъдтар, моҳи июни соли 1990 Полковник ташкили "горди ихтиёрии Ҷамоҳирия"-ро эълон кард. Боз "милитсияи халқӣ"-и 45-ҳазорнафара ташкил шуд. Боз лаҳзаҳои дигаре низ буданд, ки ба рӯҳияи артиш таъсири манфӣ расонданд: моҷароҳои сершумори ҳарбӣ дар кишварҳои африқоӣ, ки дар онҳо қариб 10 ҳазор низомии либиягӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бобат амалиёт дар Чад махсусан ибратомӯз аст. Дар он ҷой Қаззофӣ нотавонии артишашро ҳатто дар мубориза бо контингенти маҳдуди фаронсавӣ намоиш дод, зиёда аз ин соли 1987 нерӯҳои Чад бо дастгирии Фаронса дар шимоли кишвари худ артиши Либияро мағлуб карда, ба ҳудудҳои худи Либия дохил шуданд ва пойгоҳи ҳавоии Маатэн-Эс-Сарраро торумор карданд.

Лекин мағлубият Қаззофиро боз ҳам бештар маҷбур кард, ки дар ақидаи оиди зарурияти даст кашидан аз артиши анъанавӣ устувортар гардад. Вай бар он ишора кард, ки маҳз қисми лашкариҳо даҳ сол пеш мисриҳои ба ҳудуди Либия ҳуҷумкардаро боздошта буданд, ҳарчанд охириҳо бар он боварӣ доштанд, ки ин кори дасти ҳарбиҳои кадрӣ аст.

Муҳим он аст, ки бо гузашти солҳо ҷудоӣ байни Полковник ва калоншавандаҳои ҳарбӣ амиқтар мешуд. Вазъиятро ҳатто он чиз ҳам наҷот дода наметавонист, ки Қаззофӣ дар ҳама ҷой барои худро бо одамони содиқ иҳота кардан кӯшиш менамуд. Ҳатто ҷонибдории пурраро кафолат додан аз тарафи онҳое ҳам, ки болобардорияшон мекард, мумкин набуд. Рафтори ҳамсафи собиқи вай Ҷоллуда инро хеле хуб намоиш дод.

Ҷузъу томҳои пуррае аз ҳисоби зархаридони хориҷӣ ҳам буданд, ба мисли легиони Панафриқоӣ, ки барои дар вақти зарурӣ саркӯб кардани ҳар гуна норизогӣ дар кишвар пешбинӣ шуда буд.

Лекин бо вуҷуди мавҷудияти чунин "сохторҳои қудратӣ"-и мувозӣ Қаззофӣ натавонист пурра аз қисмҳои ҳарбии доимоамалкунанда даст кашад. Мувофиқи ин яроқу аслиҳа ва таъминоти қисмҳои ҳарбии элитӣ аз қабили "бригадаи Хамис" дар қиёси кисмҳои дигар хеле беҳтар буд, ки ин ҳам хашму ғазаби намояндаҳои боқимондаи қувваҳои мусаллаҳро наоварда наметавонист. Ин, масалан, барои генерал-майор Абдулсалом Ҷадалла ва лашкаркашони дигар кофӣ буд, ки ба тарафи шӯришгарони Бенғозӣ гузаранд.

Аз тарафи дигар, чунин ҷудокунӣ ба омодагии умумии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Либия таъсири манфӣ расонид. Бино ба ақидаи дипломатҳои амрикоӣ, ки дар Либия кор кардаанд, дар арафаи оғози бетартибиҳо дар ихтиёри Қаззофӣ ҳамагӣ се бригадаи қобилияти ҷангидошта мавҷуд будаасту халос. Баробари ин Полковник ҳаракат мекард, ки дар ин ҷузъу томҳои мавҷуда назорат барқарор кунад ва ба ин хотир қумондонҳои онҳоро аз ҳисоби одамони боварибахш, аз ҷумла писаронаш таъин мекард, ки Хомис яке аз онҳо буд.

Махсусан он чиз хашму ғазаби ҳарбиҳои Либияро ба вуҷуд овард, ки Муаммар Қаззофӣ духтараш Оишаро генерал-лейтенанти артиши Либия кард. Илова бар ин, ки вай (Оиша) намояндаи оилаи ӯст, Полковник ӯро боз аз афсарҳои мард боло мегузорад!

Умуман Қаззофӣ мехост дар артиш сафи занҳоро зиёд карда, онро бештар ба худ итоаткор гардонад.

Ба пурзӯршавии норозигӣ ноустувории Қаззофӣ дар сиёсати хориҷӣ низ нақши кам набозидааст. Чӣ хеле ки маълум аст, муддати дароз Полковник муборизи шӯълавари зидди Исроил буд. Лекин соли 2003, баъди сарнагун шудани Саддом Ҳусейн, 180 дараҷа тоб хӯрд ва ба арабҳо идеяи "изратина"- ҳамзистии осоиштаи Исроил ва давлатҳои арабиро пешниҳод кард.

Шурӯъ аз ҳамин вақт оппозитсия ва як қисми низомиҳо ӯро хоин меномиданд. Беҳуда нест, ки дар бисёр карикатураҳои соли 2011-и шӯришгарон Қаззофӣ қариб 90 % якҷоя бо ситораи Довуд тасвир шудааст. Вазъиятро "капитулятсия"-и Қаззофӣ дар пеши Ғарб, ки баногоҳ бо он оштӣ кард, боз ҳам душвортар кард. Бисёр коршиносонро он чиз ба ҳайрат овард, ки соли 2004 аз таҳримҳо пурра озод шуда, вай аз ҳафт соли барояш ҷудошуда барои модернизатсияи артиши худ, ки дар бобати муҷаҳҳаз будан бо техникаи ҳарбӣ ҳатто аз ҳамсояҳояш қафо мемонд, дуруст истифода накард.

Ба хотир овардан кофист, ки аз лаҳзаи пурра бекор шудани режими таҳрим дар соли 2004 вақти зиёд гузашт ва дар ин муддат артишро аз ҳисоби муҷаҳҳаз сохтан ва яроқу аслиҳа ва техникаи нав модернизатсия кадан мумкин буд. Махсусан, вазъият дар қувваҳои сипари зиддиҳавоӣ (ПВО) хеле бад буд ва он аз ҷиҳати омодагии ҳайати шахсӣ ва муҷаҳҳазии техникӣ дар сатҳи соли 1986 боқӣ монда буд.

Кишвар ҳамон вақт натавонист зарбаҳои ҳавоии НАТО-ро зада гардонад. Ин ҷой гап дар сари он ҳам нест, ки Қаззофӣ бо донишу малакаи худ дар сатҳи капитан-"хушкигард" боқӣ монда буд, яъне мисли замони шӯриш бардоштанаш ба муқобили шоҳ. Қаззофӣ артиши худро барои мубориза на бо душмани беруна, балки бо душмани дохилӣ тайёр мекард.

Ин рӯйхати пурраи он сабабҳое нест, ки бисёр низомиҳои Либияро маҷбур кардаанд, то ба муқобили Қаззофӣ бархезанд ва дар "соати Х" проблемаҳои артиш, ки солҳои ҳукмронии ӯ ҷамъ шуда буданд, аз худ дарак доданд. Чӣ хеле ки таҷриба нишон дод, озмоишҳои бо "лашкари халқӣ" баргузор намудаи Қаззофӣ натиҷаҳои манфӣ ба бор оварданд. Оммаи халқ ҳарчанд барои дастгирии Қаззофӣ ба гирдиҳамоиҳо мебаромад, вале хоҳиши барои вай ҷон доданро надошт.

Масалан, дар оғози исёни моҳи феврал дар Киренаика лашкари халқӣ на танҳо ба шӯришгарон мамониат накард, балки фаъолона ба нерӯҳои ҷонибдори Қаззофӣ ҳуҷум овард. Ин суханҳоро дар бораи Мисрат ва "секунҷаи барбарӣ" низ гуфтан мумкин аст. Ва аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ихтиёри аҳолӣ вуҷуд доштани яроқу аслиҳа кори сӯиқасдчиёнро дар сарнагун сохтани Ҷамоҳирия осонтар кардааст.

Яке аз ғалатҳои калони Полковник он шуд, ки вай дар мудофиаи Триполи аз бисёр ҷиҳат бо лашкари халқии 20-ҳазорнафараи Хомис такя кард. Вай сипари пойтахт аз тарафи Мисрат ба ҳисоб мерафт. Вале лашкариҳо бидуни мамониат дастаҳои шӯришгаронро ба Триполи роҳ доданд. Чунин вазъият дар бисёр шаҳрҳои дигари барои мудофиаи пойтахт аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, аз ҷумла Аз-Завия мушоҳида мешуд. Такя ба лашкари халқӣ то андозае танҳо дар Марс-эл-Бреғ, Сирт ва Бани Валид дуруст баромад, ҳамон ҳам бо баъзе қайду шартҳо.

Ҳамин тариқ, он чизе, ки дар Либия ба вуҷуд омад, яъне баргузор намудани таҷрибаҳои беасос бо қувваҳои мусаллаҳ дарси ибрат аст ва ин таҷрибаҳои бемаънӣ нишон доданд, ки оқибатҳояш чӣ қадар талханд. Чунин дигаргуниҳоро доир карда, Қаззофӣ дар асорати назарияи худ қарор дошт ва аксар вақт мустақилона амал карданро афзал медонист, бидуни ба назари эътибор гирифтани ақидаи низомиҳои бештар ботаҷриба.

Иштибоҳҳои ӯро дар кишварҳои дигар ба назар мегирифта бошанд?

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi