14:30:24 03-уми Июни 2025 сол

ӮЗБАКИСТОН ИН МАФИЯ АСТ, НА ДАВЛАТ

Директори барномаи кишварҳои Осиё, ICF (Гурӯҳи байналмиллалии бӯҳронӣ) Роберт Темилер аз кишварҳои Ғарб даъват ба амал овардааст, ки иштибоҳҳои кӯҳнаро такрор накунанд, чоплусӣ ба режими диктатории Ӯзбакистонро хотима бахшанд ва бояд фаҳманд, ки проблемаи Ӯзбакистон ин худи Каримов аст.

/images/stories/2011/11/13_islam-karimov_pre-uz.jpgРаисҷумҳур Ислом Каримов -ҳамин аст сабаби проблемаҳои глобалие, ки имрӯз дар Ӯзбакистон вуҷуд доранд ва проблемаҳое, ки боз пайдо шуданашон мумкин аст, меҳисобад Роберт Темплер ва даъват мекунад, ки аз соддалавҳӣ даст кашанд ва дар симои Каримов шоҳи хуберо набинанд, ки бо мушовирони бад иҳота шудааст. Ислом Каримов ин одаме нест, ки дунёро бинад, фаҳмад ва баъд ислоҳот доир намояд -ба одамон озодӣ диҳад ва барои ҷаҳон боз шавад, мӯътақид аст Темплер.

-Проблема дар Ӯзбакистон ин худи Каримов аст. Ин назари вай ба кишвар, назари ӯ ба чӣ гуна идора кардани давлат аст. Вай идораи кишварро дар контроли ҳар як соҳаи иқтисодиёт ва зиндагии одамон мебинад. Каримов менталитети пӯшида дорад ва таърихи дарози аппаратчики шӯравӣ. Ин одам қобилияти доир кардани ислоҳотро надорад, -гуфт Роберт Темплер.

Ба қавли Темплер Ислом Каримов меъмори Ӯзбакистонест дар шакли имрӯзааш ва тарзи зиндагии он. Ба савол перомуни он, ки вай Ӯзбакистонро чӣ гуна мебинад, Роберт Темплер чунин посух дод:

-Ин бештар мафия аст, на давлат. Ва бо як мақсад арзи вуҷуд дорад: кашида гирифтани тамоми сарват аз қишри қашшоқтарини ҷомеа ва тақсим кардани ин даромад байни доираи маҳдуди одамон. Ин оилаи калони мафиозӣ аст, -гуфт Темплер.

Ба ақидаи ӯ агар Каримов, ки одами хеле сарватманд аст, кишварро каме боз кунад, ба одамон имконияти зиндагӣ кардан ва пайдо кардани қути лоямутро диҳад, вай ва атрофиёнаш боз сарватмандтар мешуданд. Лекин ба Каримов ин лозим нест, вай мехоҳад, ки ҳама чиз таҳти назораташ бошад. Ақидаи вай чунин аст.

-Ин режими хеле ғайримуқаррарист. Дар ҷаҳон боз якчанд режими ба ҳамин монанд ҳаст: Куриёи Шимолӣ, Бирма, Зимбабве. Ин давлатест, ки ҳукумати он ба одамони худ тамоман ғамхорӣ зоҳир намекунад. Онҳо танҳо ғами кисаҳои элитаи маҳдудро мехӯранд ва мехоҳанд, ки ин кисаҳо боз ҳам пуртар шаванд, -мегӯяд Темплер.

Вале, ғайри он ки ин режимҳо хеле худкома мебошанд, боз хеле бераҳм ҳам ҳастанд, зеро танҳо бо кӯмаки зулму ҷазодиҳӣ метавонанд норозигии мардумро саркӯб кунанд.

-Вақте ки мо перомуни репрессия дар Ӯзбакистон сухан меронем, бояд гуфт, ки ин репрессия танҳо муқобили шоирон ва журналистони муртад (диссидент) нест, балки боз репрессия зидди занҳоест, ки дар бозорҳо сабзавоту кабудӣ мефурӯшанд, -мегӯяд Томплер, -аз ҳамин сабаб ин режим ҳам барои  кишварҳои ҳамсоя ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ифлос аст.

Дар бораи бераҳмии режим сухан ронда, Темплер куштори Андиҷонро аз моҳи майи соли 2005 ба хотир меорад, вақте ки нерӯҳои ҳукуматӣ намоиши эътирозии бисёрҳазораро дар шаҳр тирборон карданд ва садҳо одамро куштанд, агар ҳазорҳо нафарро набошад.

Ба ақидаи Темплер ҳодисаи Андиҷон нишон дод, ки ҳукумати Тошканд ба чунин исён пешакӣ тайёрӣ медид ва пешакӣ медонист, ки бояд чӣ хел амал кунад. Онҳо заррае ҳам парво накарда, роҳи бо зӯрӣ ҳал кардани проблемаро афзал донистанд.

"То ба андозае ин муваффақияти ҳукумати Ӯзбакистон буд. Онҳо қӯшунро равон карданд, одамони бисёрро куштанд, ҳама чизро хаспӯш карданд. Онҳо тайёр буданд зулму ситамро ба муқобили одамони худ истифода баранд, ҳар гуна исёнро саркӯб кунанд, -мегӯяд Темплер.

Одамонро дар Андиҷон тирборон карда, ҳукуматдорони Ӯзбакистон ба мақсади асосии худ расиданд -халқи аз режим норозӣ дигар аз изҳори норозигии худ, аз муқобилият кардан ба репрессия метарсад.

-Имрӯз дар тамоми Ӯзбакистон одамон фикр мекунанд: мо медонем, ки дар Андиҷон чӣ шуд, намехоҳем, ки мо ҳам кушта шавем. Ва имрӯз ҳеҷ кас наметавонад ба муқобили режим садо баланд кунад. Мутаассифона, баъди ҳодисаҳои Андиҷон ҳам ҳукумат ба ормонҳои мардум бо зӯроварию ҷабру ситам ҷавоб медиҳад, ба ҷойи он ки иқтисодиётро боз кунад ва ислоҳот доир намояд, -гуфт Темплер.

Ба ақидаи Темплер ҳукумати Ӯзбакистон ҳамаи далелҳоро нобуд карда, хеле боақлона рафтор кард. Вай изҳор дошт, ки ин терроризм буд, ба мисли террорҳое, ки дар Русия ба вуҷуд омаданд -дар театри Маскав ва Беслан. Давлатҳои бисёр режими Каримовро танқид кардан мехоҳанд ва фикр мекунанд, ки дар он ҷой мумкин ҳақиқатан террористҳо бошанд. Ба андешаи Темплер ҳодисае, ки дар Андиҷон рух дод, метавонист дар ҳар як гӯшаи мамлакат ба вуҷуд ояд, зеро норозигӣ аз ҳукумати бесамар ва фасодзада хеле калон аст.

-Одамони хеле зиёд аз иқтисодиёти тамоман бемаҳсул азият мекашанд. Ҳатто одамоне, ки зиндагии ором доранд, худро асири системаи фасодзада ҳисоб мекунанд. Одамон, агар ба ту бовар кунанд, дар ҳар як қадам аз худсарии ҳукуматдорон, бекорӣ, қашшоқӣ, беилоҷӣ шикоят менамоянд. Ҳамин тариқ, дар тамоми кишвар зулму ситам буд ва ҳаст, -мегӯяд Темплер.

Дар бораи Ӯзбакистон ва ҳокими он сухан ронда, Роберт Темплер эшонро бо диктатори ироқӣ Саддом Ҳусейн муқоиса мекунад. Ба эътиқоди Темплер кишварҳои Ғарб набояд иштибоҳҳои таърихро такрор кунанд ва диктаторро дар Осиёи Миёна дастгирӣ намоянд, чӣ хеле ки замоне Саддом Ҳусейн ва Муаммар Қаззофиро дастгирӣ мекарданд.

-Ба фикрам сабақи Саддом Ҳусейн ва Қаззофӣ нишон медиҳад, ки мо бояд дар тарафи дурусти таърих бошем ва мо бояд дар принтсипҳои худ устувор бошем. Мо вазифадорем, ки чунин лидерҳоро танқид ва демократияро дастгирӣ кунем, -мегӯяд Темплер.

Ба ақидаи ӯ режими Каримов ба мисли режимҳои пурқуввати пештара рӯзе сарнагун хоҳад шуд.

-Халқи Ӯзбакистон ба тарафи Ғарб, ба тарафи ИМА нигоҳ карда, бояд гӯяд, ки ҳамаи онҳо дар тарафи мо буданд. Онҳо лидери моро дастгирӣ накарданд, ба вай кӯмак надоданд, ки даҳсолаҳо дар сари ҳокимият бимонад, -гуфт Темплер.

Ҳафтаномаи «Дунё»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854