02:15:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДОКТОР АБДУЛЛОҲ - РАҚИБИ АСОСИИ ҲОМИД КАРЗАЙ

 

Корзори интихоботӣ дар Афғонистон то рафт доғтар мешавад ва манзара ҳам рӯшантар, ки сабқати асосӣ дар байни ду номзад ҷараён хоҳад гирифт. Яке раисиҷумҳури феълӣ, Ҳомид Карзай аст ва дигаре Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Аз ҳама бештар Доктор Абдуллоҳ дар Панҷшер дӯстдори зиёд дорад. Барои собиқаи бисёрсолааш бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва эҳтироме, ки Масъуд ба ӯ қойил буд. Ӯро дар ин ҷо бо чунин нидоҳо пешвоз мегиранд:

"Кондиди маҳбуби мо, Абдуллоҳи Абдуллоҳ!
Ёри Масъуди мо, Абдуллоҳи Абдуллоҳ!"

Насли ҷавон аз ӯ ифтихор мекунад, ки солҳои дароз дар паҳлуи Масъуд бо шӯравӣ ҷангид ва баъдан боз ҳам дар паҳлуи ӯ бо Толибону Ал Қоида муқовимат кард.

Маъракаи таблиғотии ӯ интихобкунандагонро бедор ва сафар мекунад. Дар ҷамъомаде дар вилояти Кундуз, пешвои минтақа, Мавлавӣ Муҳаммадазими Азимӣ, гӯё паёми калидии ин маъракаро ба забон овард: 

Доктор Абдуллоҳ 48-сола буда, дар Кобул дар хонаводаи марди паштуне ба дунё омадааст, ки подшоҳи Афғонистон, Зоҳиршоҳ ӯро узви маҷлис таъин карда буд. 

Пас аз хатми риштаи пизишки чашм дар давраи ишғоли Афғонистон аз тарафи Шӯравӣ вай ба Покистони ҳамсоя ҳиҷрат кард. Сипас ба ватани модараш, Панҷшер, баргашта, ба дӯст ва табиби шахсии Аҳмадшоҳи Масъуд табдил ёфт.

Вақте ки бо фурӯпошии режими коммунистии Кобул дар соли 1992, Масъуд вазири дифоъ таъин шуд, Абдуллоҳ ҳамчун як шахси донишманду фаҳмида ва шаҳрзод сухангӯйи ин вазорат гардид.

Дар солҳои баъдӣ Кобул ба саҳнаи рақобати байниҳамиии муҷоҳидон табдил ёфт ва оқибат Толибони тундрав дар нимаи солҳои 1990 пайиҳам шаҳру вилоятҳои Афғонистонро ишғол карда, ба Кобул ҳамла оварданд. Дар ин давра буд, ки Доктор Абдуллоҳ як дипломати аршади эътилофи зидди Толибон шуд.

Дар конфаронси Бонн, дар моҳи декабри соли 2001 ва баъд аз вожгунии толибҳо аз тарафи нерӯҳои Амрико, Абдуллоҳ нахустин касе буд, ки номи Ҳомид Карзайро ба забон овард ва пешниҳод кард, Карзай раҳбари мамлакат шавад. Дар ҳукумати аввали Карзай вай нақши вазири умури хориҷиро иҷро кард ва соли 2006 аз ин мақом барканор гардид.

Акнун, дар ин корзори интихоботӣ, Абдулло ба ҳайси шахсе намудор мешавад, ки дар дохили ҳукумат будааст ва нуқоти заъфи онро мешиносад. Аз ҳукумат берун шудани ӯ се сол пеш аз сӯи дигар ӯро бо норозиён ва мухолифони ин ҳукумат наздик кард. Дар фазои дилсардии мардум аз ноӯҳдабароӣ ва фасодзадагии ҳукумати Карзай, Абдуллоҳ маъракаи худро зери шиори "умед ва тағйир" ба роҳ мондааст.

Дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" Абдуллоҳ гуфт, вай метавонад, вазъро иваз кунад: "Карзай имконияти тилоиро ба вазъи асафбор табдил дод. Одамон аз ӯ мепурсанд, ки чӣ тавр акнун вазъи асафборро ба вазъи беҳтаре баргардонд. Ман фикр намекунам, ки вай ба ин қодир бошад. Афғонистон ба дигаргуниҳои куллӣ ниёз дорад. Ва ман, барномаи ман, биниши ман, нақша ва стратегияи ман чунин дигаргуниҳоро таъмин мекунад."

Чи дар либоси аврупоӣ ва чи суннатӣ, чи ҳангоми мусоҳиба бо матбуот ва чи дар лаҳзаҳои истроҳату гуфтугӯ бо дӯстонаш, Абдуллоҳ симои як афғони замонавиро бозтоб медиҳад, ки аз гузаштаи ҷиҳодияш қонеъ аст ва бо ҷаҳони муосир низ созгорӣ дорад.

Одамоне, ки бо ӯ кор кардаанд, аз ҳунари раҳбарӣ ва дипломатияш ситоиш мекунанд. Яке аз кӯҳансолтарин дипломатҳои Афғонистон, Равон Фарҳодӣ, ки аз соли 1993 то 2006 сафири ин кишвар дар Созмони Милал буд, мегӯяд, Доктор Абдуллоҳ тавонист бо дӯстони Афғонистон равобитро таҳким бахшад ва ба душманони он зарбаи марговари дипломатӣ занад.

Бо вуҷуди эълони он ки вай як номзади мустақил аст, Ҷамъияти исломии Афғонистон, навъи маҳаллии Ихвон-ул-муслимин, ки дар он тоҷикон бартарӣ дорад, аз Абдуллоҳ пуштибонӣ мекунад. Аз Ҷабҳаи муттаҳидаи миллӣ, ки аз исломгароён, коммунистони собиқ, шоҳпарастони мухолиф ба Карзай иборат буда, дар ҳоли парокандагист, низ тарафдорони Абдуллоҳ зиёданд.

Куллан, Абдуллоҳ номзаде шумурда мешавад, ки барои бо Карзай ба даври дувум баромадан беҳтарин имкониятҳоро дорад. Аз лиҳози барномаи интихоботияш низ Абдуллоҳ пуштибонони зиёд хоҳад дошт. Бар асоси нокомии низоми президентӣ вай мегӯяд, бояд ба низоми порлумонӣ рӯ овард ва умури иҷроиро ба сарвазире гузошт, ки тобеи порлумон бошад.

Вай мегӯяд: "Вақте ба низоми президентӣ менигарем, мебинем, ки он ба худҳокимиятӣ сабаб мегардад. Ва бадбахтона, имрӯз фосила миёни мардум ва ҳукумат васеътар мешавад, зеро ин ҳукумат ба мардум тобеъ нест. Як бахши он раҳбарият аст ва бахши дигар маъмурият. Биноан танҳо низоми порлумонӣ метавонад, ширкати густардаи мардум дар идораи давлат ва ҳамзамон масъулияти ҳукуматро дар назди мардум таъмин намояд."

Абдуллоҳ ҳамчунин мехоҳад, ҳунари дипломатии худро дар гуфтугӯ ва сулҳ бо толибони мӯътадил истифода барад. Вай мегӯяд, барномаи мусолиҳаи миллӣ дар нимароҳ монд, зеро касе дар пайи иҷрои он нашуд.

Аммо мунаққидони Абдуллоҳ мегӯянд, мансубияти ӯ ба Эътилофи Шимол барномаҳои миллияшро зери суол мегузорад. Онҳо мегӯянд, афғонҳо мумкин аст, гузаштаи сиёсии Абдуллоҳро фаромӯш накунанд. Махсусан он давраро, ки дар мақоми вазири умури хориҷӣ ин вазоратро асосан аз аъзои ҷиноҳи сиёсии худ пур карда буд.

Аммо тарафдоронаш мегӯянд, шоҳиди онанд, ки паёми Абдуллоҳ дар ҳамаи қисматҳои Афғонистон бо хушӣ пазируфта мешавад. Абдулқодир Дақиқ мегӯяд, намояндагони гурӯҳ ва ақвоми гуногуне Абдуллоҳро номзади худ мешуморанд: "Масалан, аз афроди шаҳри Фароҳ гирем, хатмкунандагони мактабҳои миёна, шӯрои ҷавонон ва намояндагони онҳо қабилҳаои паштуни баразай, нурзай, тоҷикон, шиъаҳо, хуллас ҳамагӣ аз ӯ пуштибонӣ мекунанд."

Дар ҳоле ки аксари сарварони машҳури ҷиҳодӣ аз Карзай ҳимоят мекунанд, мушкили асосии Абдуллоҳ ин хоҳад буд, ки эътилофи сартосарии шабеҳ ба тарафдоронаш дар Фароҳро бунёд ва корбаст кунад,

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi