01:51:58 01-уми Июли 2025 сол

НАТО БОЗ ҲАМ БАР АМАЛИЁТИ ШАБОНА ДАР АФҒОНИСТОН ТАЪКИД НАМУДААСТ

Бо вуҷуди мухолифатҳои президенти Афғонистон Ҳомид Карзай, ба амалиёти шабонаи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, нерӯҳои Нато якбори дигар бар ин гуна амалиётҳо таъкид намудааст. Дар ин бора хабаргузории «Садои афғон» хабар додааст.

/images/stories/2011/08/15_army-nato_15.8.2011.jpgТибқи хабаргузории РИА «Новости», Генерал Кристиан Ҷакубсон, сухангӯи Нато дар Афғонистон мегӯяд, ки амалиёти низомии шабонаи мо дар вилояти мухталифи Афғонистон бисёр таъсиргузор аст ва бояд идома пайдо кунад.

Генерал Кристиан изҳор дошт, ки амалиётҳои шаб, бар асоси маълумоти дақиқ анҷом мешаванд, ки тамоми мақомот бо он мувофиқ ҳастанд ва онро тайид кардаанд. Ва дар ҷараёни амалиётҳо афроди муҳим ва саршиноси мухталифи мусаллаҳ дастгир ва кушта шудаанд ва дар мавриди афроди дастгиршуда, тавонистаем иттилооти бисёр муҳимеро ҷамъоварӣ карда, бештар корҳои муҳимеро барои кори худ анҷом диҳем.

Мавсуф гуфтааст, ки мардуми Афғонистон бояд дарк кунанд амалиётро, ки мо дар шаб анҷом медиҳем, ки дар бархе нуқот роҳбарон ва дигар мухолифони мусаллаҳро решакан сохта ва амниятро дар ин минтақа таъмин кунем. Ин амалиёт комилан ба нафъи мардуми Афғонистон мебошад, осоиш ва зиндагии онҳоро фароҳам месозад.

Дар ҳоле, ки ин генерали Нато ҳамвора бар ҳамоҳанг будани амалиёти шабона бо нерӯҳои Афғонистон сухан мегӯяд, вале мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки аксари амалиётҳои нерӯҳои хориҷӣ бидуни машвара ва ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои Афғонистон иҷро мешаванд, ки ба талафоти ғайри низомӣ мунҷар мегарданд.

Коршиносони умури низомӣ дар Афғонистон ба ин боваранд, ки дар натиҷаи ин амалиётҳо бештар бар мардуми оддӣ садама мерасад ва боиси он шудааст, ки теъдоди аз мардум хонаҳояшонро тарк кунанд. Ба гуфтаи коршиносон аз сад амалиёти низомии шабонаи Нато дар Афғонистон, бист амалиёти он зидди мухолифини мусаллаҳ бошад ҳам, вале дар ҳаштод амалиёти дигар мардуми осоишта кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.

Бо ин ҳол раванди оддии амалиётҳои низомии нерӯҳои Нато ва муқобилаи шӯришиён бо иқдомоти низомии нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ, 1462 ғайринизомии афғон ҷони худро аз даст додаанд, ки 14 дарсади афроди кушта шуда, дар ҷараёнҳои амалиётҳои низомии нерӯҳои Нато будааст.

Ҳомид Карзай президенти Афғонистон низ борҳо мухолифаташро бо амалиёти шабонаи нерӯҳои хориҷӣ иброз карда ва гуфтааст, ки афғонҳо дигар таҳаммул надоранд, ки шабона хонаҳояшон мавриди ҳамла қарор бигирад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ