НАХУСТВАЗИРИ ПОКИСТОН ХОСТОРИ БОЗГАШТИ ОРОМИШ БА КАРОЧӢ ШУДААСТ
Дирӯз, дар як нишасти матбуотӣ, нахуствазири Покистон гуфтааст, ки давлат аз тамоми аҳзоби сиёсӣ дар кишвар, мехоҳад то бо талошҳои муштарак, сулҳ ва амниятро ба шаҳри Карочӣ ба унвони бузургтарин шаҳри Покистон бозгардонанд.
Ба гузориши «Ирно» Юсуф Ризо Гелонӣ, асри рӯзи ҷумъа, дар шаҳри Мултон дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфтааст: «Афзоиши хушунатҳо дар шаҳри бандарии Карочӣ ва иёлоти Болучистони Покистон бо вазъияти марзҳои кишвар бо Афғонистон иртибот дорад».
Нахуствазири Покистон возеҳ гуфт, ки вазъият дар марзҳои муштарак бо Афғонистон ба қадри ҷиддӣ шуда буд, ки тамоми нерӯҳои иттилоотӣ ва амниятии худро бар ин марзҳо қарор дода ва аз вазъи амниятии калоншаҳри Карочӣ ғофил шуда буданд.
Вай афзуд: «Ҳамакнун давлат, нерӯҳои амниятӣ, аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ бо ҳамкорӣ бо якдигар дар роҳи як ҳадафи муштарак, ба манзури бозгардонидани оромиш ва субот дар Карочӣ талош мекунанд».
Чанде пеш, манобеи пулис гузориш дода буд, ки ҳудуди 350 нафар дар шаҳри Карочӣ дар моҳи гузашта бар асари хушунат ва даргириҳои қавмӣ ва ҳизбӣ дар ин шаҳр кушта шудаанд.
Раҳмон Малик, вазири кишвари Покистон, рӯзи ҷумъа гуфт, ки даҳҳо нафар аз афроди дар қатлҳои барномарезишуда дар шаҳри Карочӣ нақш доштаро ба расонаҳо муаррифӣ хоҳад кард.
Маҷлиси миллӣ, вазорати хазинадор ва ҳатто намояндагони мухолифи давлат дар маҷлис аз тамоми аҳзоби сиёсӣ хостанд, то дар бозгашти амният ва оромиш дар шаҳри Карочӣ бо якдигар муттаҳид шаванд.
Ҳизби Муттаҳиди Қавмӣ, ки асоситарин ҳизб дар шаҳри Карочӣ ба ҳисоб меравад, аз артиш хостааст, то бо амалиёти халъи силоҳи густарда дар ин шаҳр, амният ва оромишро ба зиндагии мардум баргардонанд.
Ҳамчунин ҳизби ҳоким (ҳизби мардум) низ бо тайиди ниёз ба амалиёти густардаи артиш дар шаҳри Карочӣ, онро кӯмаки бузурге бо иштироки нерӯҳои пулис, ба вижа нерӯҳои «Ренҷер»-и шаҳрӣ дар баробари террористҳо ва ошубгарон донист.
«Рӯзгор»