04:58:01 07-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РАҲБАРИ ТОЛИБОНИ ПОКИСТОН КУШТА ШУД

Мақомҳои омрикоӣ ва покистонӣ мегӯянд, ки саргарми баррасии гузоришҳо аз кушта шудани Байтуллоҳи Маҳсуд, раҳбари Толибон дар Покистон, ҳастанд.

Гуфта мешавад вай дар ҳамлаи мушакӣ ба хонаи яке аз ақвомаш дар Покистон кушта шудааст. Як мақоми омрикоӣ гуфт: "Далоиле барои ин бовар ҳаст, ки гузоришҳои марги ӯ мумкин аст дуруст бошад, аммо қобили таъйид нест." Аъзои хонаводаи Маҳсуд қаблан таъйид кардаанд, ки яке аз ҳамсарони вай дар ҳамлаи мушакии як ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ дар Вазиристони ҷанубӣ дар рӯзи чаҳоршанбе кушта шуд.

Ин ноҳия пойгоҳи Маҳсуд аст ва давлати Покистон афроди ӯро масъули як ришта бумбгузориҳои интиҳорӣ дар кишвар медонад. Аз июли соли 2007, ки нерӯҳои давлатӣ як масҷиди тундравҳо дар Исломободро аз дасти нерӯҳои вафодор ба Маҳсуд хориҷ карданд, ҳудуди ду ҳазор нафар дар ҳамалоти ифротгароён дар саросари Покистон кушта шудаанд.

Байтуллоҳи Маҳсуд аз раҳбарони аслии Толибон аст, ки ба гуфтаи мақомоти омрикоӣ ба дигар аъзои Толибон ва ҳамчунин шабакаи Алқоъида дар Покистон паноҳ медиҳад. Афроди маҳаллӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки дар ҳамлаи чаҳоршанбе ду мушак ба хонаи падарзани Байтуллоҳи Маҳсуд исобат кард (зад). Онҳо гуфтаанд, ки шумори зиёде аз хешовандони оқои Маҳсуд дар ин ҳамла маҷрӯҳ шудаанд.

Бештари ҳамалоти анҷомшуда дар Покистон тавассути артиши Омрико алайҳи манотиқи қабиланишин дар шимол ва ҷануби Вазиристон будааст ва бо интиқоди давлати Покистон мувоҷеҳ шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi