17:50:54 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСИЯ: БОЗГАШТ БА ҶАНГИ АФҒОНИСТОН

 РУСИЯ БОЗ ДАР ҚАНДАҲОР ТАЛАФОТ МЕДИҲАД

Чархболҳои Русия боз дар Афғонистон пайдо шуданд. Чанд рӯз пеш дар Афғонистон чархболи "МИ-8"-и ширкати ҳавоии "Вертикал-1"-и Русия ба садама дучор гардид. Дар Маскав хабар доданд, ки чархбол вазифаеро оид ба таъмини нерӯҳои сулҳофар иҷро мекард. Чанд рӯз пеш ҳамчунин маълум шуд, ки вазорати дифои Бритониёи Кабир чархболу ҳавопаймоҳои Русияро барои ҳамлу нақли коло ва сарбозон ба Афғонистон истифода мебарад. 

Бритониҳо инро аз ночорӣ медонанд, зеро барои иҷрои ин амалҳо чархболҳои худашон кифоят намекунад. Коршиносони "НГ" сабабҳои дигари кирояи русиягиҳоро барои кор дар кишваре номбар мекунанд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1979 то 1989 дар он ҷой 15 ҳазор сарбози худро бо куштан додааст. "Чархболи нақлиётии "МИ-8" ҳангоми ба ҳаво хестан дар фурудгоҳи Қандаҳор ба замин афтод", - хабар додааст ба "Интерфакс" намояндаи Ожонсии федеролии нақлиёти ҳавоӣ. 

Ба қавли ӯ, дар дохили чархбол се аъзои экипаж ва 17 мусофир ҳузур доштаанд. Ҳамаи аъзои экипаж дар шифохонаи ҳарбии Қандаҳор бистарӣ шудаанд. Аз 17 мусофир 15 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Шаҳрванди кадом мамлакат будани ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон алҳол маълум нашудааст. Барои тафтиши сабабҳои садамаи ҳавоӣ комиссияи махсус ташкил шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони маъмурияти фурудгоҳи Қандаҳор ва аз ҷониби Русия намояндагони Кумитаи байналмилалии авиатсионӣ шомиланд. Бино ба маълумоти ҳамсӯҳбати ожонсӣ чархбол "вазифаи таъмини нерӯҳои сулҳофарро иҷро мекард". 

Мусофирҳои ҳалокшуда ашхоси мулкӣ будаанд ва бо сохтмони пойгоҳҳои низомӣ машғул мешудаанд. Дар навбати худ намояндаи НАТО изҳор намуд, ки ба садама шӯришгарон рабте надоранд.

Чи хеле ки нашрияи англисии "The Mail on Sunday" хабар додааст, дар ҳақиқат нерӯҳои ҳарбии дар ҷабҳаи Афғонистон будаи Бритониё ба андозае камбуди чархболу ҳавопаймоҳоро эҳсос мекунанд, ки маҷбур шудаанд аз кӯмаки русҳо истифода баранд. Бино ба маълумоти нашрия вазорати дифои шоҳигарӣ аз чархболҳои нақлиётии "МИ-8" ва "МИ-26" барои ҳамлу нақли коло ва сарбозон ба кишваре истифода мебарад, ки дар он ҷой ИМА ва муттаҳидини он ҳашт сол инҷониб бо размандагони ҷунбиши экстремистии "Тоҷикон" меҷанганд.

Чархболҳоро халабонҳои кирояшудаи русиягиву украин идора мекунанд. Тавре иттилоъ расидааст, Бритониёи Кабир ҳамчунин ҳавопаймои боркаши "Антонов"-ро ба иҷора гирифтааст ва тавассути он воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти вазнинро аз пойгоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии шоҳигарӣ, ки дар Брайз-Нортони графигарии Оксфордшир воқеъ гардидааст, ба Афғонистон интиқол медиҳад. 

"Ҷузъу томҳои махсуси баргузидаи бритонӣ барои баргузор кардани амалиётҳои махфӣ аз сабаби камбуди ҷиддии авиатехникаи бритонӣ маҷбуранд, ки аз чархболҳои истеҳсоли кишварҳои олами сеюм истифода баранд ва ин ба як амали муқаррарӣ табдил ёфтааст", - менависад рӯзнома. "НГ" аз директори Маркази таҳлили стратегӣ ва технологӣ Руслан Пухов хоҳиш кард, ки вазъиятро шарҳ диҳад. 

Коршинос қайд намуд, ки гурӯҳҳои ҳарбии амрикоӣ, бритонӣ ва кишварҳои дигари ғарбӣ афзалтар медонанд, то ҳамлу нақлҳои хавфнокро ба Афғонистон халабонҳои кирояи хориҷӣ амалӣ гардонанд. Дар ҳолати ба ҳалокат дучор шудани онҳо ҷубронпулие, ки ба хонаводаҳои онҳо дода мешавад, хеле камтар аст аз он ҷубронпулие, ки бояд ба хешовандони ҳалокшудаи бритонӣ ва ё амрикоӣ бидиҳанд. 

Ҳамчунин ин талафот талафоти ҷангӣ маҳсуб намешавад ва аз ин рӯ боиси қаҳру ғазаби ҷомеаи Ғарб намегардад. "Таҷрибаи истифодаи шаҳрвандҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла шаҳрвандҳои Русия, ҳамчун "гӯшти дами тӯп" дар Афғонистон аз ҷониби кишварҳои НАТО идома меёбад, - меҳисобад ҳамсӯҳбати мо. Чанде пеш дар ин мамлакат чархболи "Ми-26"-и ширкати ҳавоии Молдавия, ки бо қарордод кор мекард, зада афтонда шуд. Экипажи он ба ҳалокат расид.

Сабабҳое, ки шаҳрвандҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқро барои бозгашт ба ҷанги Афғонистон маҷбур мекунанд, ки он дар вақташ то андозае боиси заволи ИҶШС (СССР) шуда буд, маълум аст. Аз замони шӯравӣ бисёр халабонҳои чархболҳову ҳавопаймоҳо бекор мондаанд ва онҳо розианд, ки бо музди андак дар нуқтаҳои доғ кор ва фаъолият намоянд. Ин касбашон ба онҳо имконият медиҳад, ки дар минтақаҳои хавфнок ҳар моҳ 2-3 ҳазор доллар кор кунанд. 

"Агар бахтат омад кунад ва ҳалок нашавӣ, имконият ҳаст, ки шароити зиндагониро хеле беҳтар кунӣ: дар давоми як-ду сол мумкин аст пули як хонаро ҷамъ намоӣ ва ё барои зиндагии шоиста шароит фароҳам орӣ, - қайд мекунад Руслан Пухов. - Масалан, дар Африқо чархболҳои зиёди мо кор мекунанд. Онҳо якҷоя бо экипажҳояшон пешниҳод мешаванд". Агар коркун ҳуҷҷатҳояшро дуруст ба расмият дароварда бошад, дар ҳолати ба ҳалокат расидани ӯ аҳли оилааш метавонанд дар ҳаҷми 100-200-300 ҳазор доллар суғуртапулӣ бигирад.

МАСКАВРО БА ЗИДДИЯТ МЕКАШАНД

Мо аз ҳамсӯҳбати худ пурсидем, ки таҷрибаи иҷорагирии чархболҳову ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин ҷалби халабонҳои рус ба амалиётҳои ҳарбии Афғонистон кашидани ФР маҳсуб мешавад ё на. Вай гуфт: "Сиёсати Русия доир ба пешниҳоди даҳлези транзитӣ барои ҳамлу нақли борҳо бо Афғонистон умуман хато аст". Сухан дар бораи он меравад, ки Маскав ба аирикоиҳо, фаронсавиҳо, олмониҳо иҷозат додааст, то онҳо борҳои ҳарбӣ ва ғайриҳарбиро аз тариқи ҳарими ҳавоии Русия ба Афғонистон интиқол диҳанд. 

Ба ақидаи коршинос, чунин як сиёсат метавонад боиси ҳадафи экстремизми исломӣ гаштани Русия шавад. "Аз ҳамин сабаб дар партави ин хатоҳо иҷозат ба ширкатҳои ватанӣ ва шаҳрвандҳои Русия (аз ҷониби ҳукуматдорони расмии Русия) барои кор дар Афғонистон як буридаи хурде ба назар мерасад", - қайд кард Пухов. 

Мудири бахши Афғонистони Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии улуми Русия Виктор Коргун ақидаи дигар дорад. Вай дар мусоҳибааш бо "НГ" бо саволи "Оё таҷрибаи бритониҳо ба кашидани Русия ба маъракаи Афғонистон равона карда нашудааст?" ҷавоби манфӣ дод. Ба фикри ӯ чархболу ҳавопаймоҳоро ба бритониҳо сохторҳои хусусӣ пешниҳод мекунанд. "Чунин ҳамкориро бояд инкишоф дод. Вай обрӯю нуфузи мамлакатро баланд мебардорад ва ҳусни таваҷҷӯҳу эҳтироми афғонҳоро нисбати кишвари мо зиёд мекунад,-гуфт Коргун. 

- Моро мустақиман ба зиддият намекашанд. Мо дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок намекунем ва ба ин ё он ҷониби зиддият яроқу аслиҳа намедиҳем. Вале мо дар мубориза бо террор ширкат меварзем. Мо ба мисли НАТО ва ИМА ба мағлубияти терроризм дар Афғонистон ҳавасмандем". Ба қавли Виктор Коргун, "худи Русия мехоҳад дар ҳаллу фасли проблемаи Афғонистон иштирок дошта бошад, вале бидуни истифода аз методҳои комилан ҳарбӣ". Лекин фаъолияти халабонҳою авиатехникаи Русияро дар Афғонистон назорат кардан лозим аст ва ҳар дафъа бояд ба ҳисоб гирифт, ки онҳо ба фоидаи кӣ равона карда мешаванд.

Андрей Терехов, "НГ".
Тарҷумаи ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi