ДИДОРИ ҲУСНӢ МУБОРАК БО ФАРМОНДЕҲОНИ АРШАДИ НИЗОМӢ
Гузоришҳои дарёфтӣ аз Миср ҳокӣ аз он аст, ки Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии Миср дар ҷараёни дидор аз як пойгоҳи низомӣ бо фармондеҳони аршад дидор кардааст. Дар ин дидор Умар Сулаймон, муъовини раиси ҷумҳур, ки рӯзи гузашта мансуб шуд ва моршол Тантовӣ, вазири дифоъ ҳамроҳи ӯ буданд.
Ба гузориши телевизиюни давлатии Миср раиси ҷумҳур дар ҷараёни ин дидор иқдомоти амниятии иттихозшударо мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст. Ин дар ҳоле аст, ки ҳазорон муътариз барои шашумин рӯзи паёпай дар майдони аслии Қоҳира, пойтахти ин кишвар таҷаммуъ карда ва нерӯҳои низомии савор бар худравҳо ва тонкҳо дар атрофи майдон мустақар шудаанд. Эътилофе аз гурӯҳҳои мухолиф дар Миср низ дар баёнияе аз Муҳаммад Албародаъӣ хостаанд то давлати интиқолӣ ташкил диҳад.
Онҳо аз барандаи ҷоизаи сулҳи Нубал ва мудири кулли собиқи Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ хостаанд то давлати муваққат ташкил дода порлумонро мунҳал ва қонуни асосии ҷадиде тадвин кунад, то мардуми Миср битавонад озодона дар интихобот ширкат кунанд ва намояндагони худро интихоб кунанд. Дар ҳамин ҳол сокинони шаҳри Қоҳира барои ҳифозати шаҳр дар манотиқе иқдом ба сангарбандӣ ва эҷоди пустҳои бозрасӣ кардаанд.
Ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки расонаҳои давлатии Миср нисбат ба фаъол шудани бондҳои ҷинояткор дар шароити феълӣ ба мардум ҳушдор доданд. Тозатарин гузоришҳои дарёфтӣ ба нақл аз хабаргузории давлатии Миср ҳокӣ аз он аст, ки давлати ин кишвар дастур дода, ки фаъолияти шабакаи телевизиюнии Алҷазира дар ин кишвар мутаваққиф шавад. Алҷазира ин иқдоми давлати Мисрро маҳкум кардааст. Гуфта мешавад муҷаввизи ин шабакаи телевизиюнӣ, ки пӯшиши густардае ба эътирозот ва нооромиҳои чанд рӯзи ахир дода лағв шудааст.
Лағви парвозҳо ва саргардонии мусофирон
Эътирозоти рӯзҳои гузашта дар Миср боъиси лағв ва ба таъхир афтодани шумори зиёде аз парвозҳо дар фурудгоҳи аслии Қоҳира шудааст. Ба гуфтаи хабаргузориҳо эъмоли муқаррароти манъи омаду рафт боъис шуда, ки мушкилоте барои ҳузури бамавқеъи хадамаи парвозҳо дар фурудгоҳҳо эҷод шавад, ки ин омил боъиси ба таъхир афтодан ва лағви теъдоди зиёде аз парвозҳо шудааст. Идомаи буҳрон дар Миср таъсири зиёде бар санъати ҷаҳонгардии ин кишвар гузоштааст.
Вокуниши Исроил
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки кишвараш рӯйдодҳои кишвари ҳамсояи Мисрро бо диққат дунбол мекунад. Миср аз ҷумлаи муттаҳидони наздики Исроил дар Ховари Миёна ба шумор меравад ва оқои Нетонёҳу ибрози умедворӣ карда, ки равобити сулҳомези байни ду кишвар ҳамчунон идома дошта бошад. Дар ҳамин ҳол Омрико ба ҳамроҳи чанд кишвари дигар аз шаҳравндонаш хоста то ҳарчи сареътар хоки Мисрро тарк кунанд. Туркия ҳам барои кумак ба шаҳрвандонаш барои хуруҷ аз Миср ду ҳавопаймо ба ин кишвар фирстодааст.
Вокуниши вазири хориҷаи ҷадиди Эрон
Алиакбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи ҷадиди Эрон дар робита ба эътирозоти ахир дар Миср гуфтааст: "Ҷумҳурии Исломӣ бо диққат таҳаввулоти муҳими Ховари Миёна ва шимоли Офрикоро расад карда ва дунбол мекунад."
Дархости Ғарб
Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса, Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ва Девид Комерун, нахуствазири Бритониё аз ҳукумати Миср хостаанд, ки аз хушунатҳо алайҳи мардум худдорӣ кунад. Раҳбарони се кишвари урупоӣ тайи баёнияи муштарак гуфтаанд: "Ҳуқуқи башар ва раванди демукротик бояд ба таври комил риоят шавад."
Кохи сафеди Омрико мегӯяд Борок Убомо, раиси ҷумҳурии ин кишвар рӯзи шанбе бо мушовирони амниятии аршади худ авзоъи Мисрро баррасӣ кард. Давлати оқои Убомо зимини мухолифат бо хушунат дар Миср хоҳони хештандории тарафайн шуда ва аз "иқдомоти малмус" барои пешбурди ислоҳоти сиёсӣ дар Миср ҳимоят қардааст.
Садҳо мисрӣ рӯзи шанбе дар Вошингтун ва соири шаҳрҳои бузурги Омрико алайҳи Ҳуснӣ Муборак таҷаммуъ карданд. Фаронса, Олмон ва Бритониё аз Миср хостаанд ба озодии баён ва иртиботот аз ҷумла истифода аз телефун, интернет ва таҷаммуъи сулҳомези шаҳрвандон эҳтиром бигзорад. Онҳо аз Ҳуснӣ Муборак хостанд: "Раванди дигаргунӣ, ки бояд дар як давлати фарогир ва интихоботе озод ва мунсифона инъикос шавадро оғоз кунад."
"Муборак бояд биравад"
Рӯзи гузашта Умар Сулаймон, раиси созмони иттилоъоти Миср ба унвони муъовини раиси ҷумҳури Миср савганд хурд. Оқои Сулаймон аз афроди муътамади Ҳуснӣ Муборак ба шумор меравад. Ҳуснӣ Муборак ҳамчунин Аҳмад Муҳаммад Шафиқ, вазири ҳавонавардии ин кишварро ба унвони нахуствазири ҷадиди ин кишвар манусб кардааст. Ӯ ҷонишини Аҳмад Назиф мешавад, ки шаби гузашта аз суи Ҳуснӣ Муборак, барканор шуд.
Мухолифони ҳукумати Миср мегӯянд муаррифии муъовини ҷадиди раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири ҷадид тавассути Ҳуснӣ Муборак хостаҳои онҳоро таъмин намекунад ва худи оқои Муборак бояд аз қудрат канор биравад. Муҳаммад Албародаъӣ аз раҳбарони мухолифи Ҳуснӣ Муборак, вокуниши раиси ҷумҳурии Миср ба эътирозоти ҷориро ноумедкунанда тавсиф карда ва хоҳони канорагирии ӯ аз қудрат шудааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки муътаризон аз интисоби Умар Сулаймон раиси созмони амният ба унвони муъовини раиси ҷумҳурӣ розӣ нестанд ва хостори барканории Ҳуснӣ Муборак ҳастанд ва тасмим доранд барои расидан ба он чи мехоҳанд, ба эътирозҳо идома диҳанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4304-2011-01-30-15-42-23.html