21:07:09 01-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ҶОСУСИ РУС ДАР БРИТОНИЁ

Як дастёри руси намояндаи порлумони Бритониё ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуда ва эҳтимоли ихроҷи ӯ аз Бритониё вуҷуд дорад. Майк Ҳанкок, намояндаи порлумони Бритониё боздошти Катя Затуливетер, дастёри порлумонии худро таъйид карда, аммо иттиҳомоти ворида ба ӯ мабнӣ дар ҷосусиро рад кардааст.

 

katia_zatuliveterҲафтаномаи Сандий Таймз, чопи Ландан дар шумораи имрӯзи худ, якшанбеи панҷуми декабр навишт, ки хонуми Затуливетери 25 сола ба дастури созмони иттилоъот ва амнияти дохилӣ (MI5) ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия боздошт шудааст. Оқои Ҳанкок аз ҳизби либерол демукрот гуфт хонуми Затуливетер, муҳаққиқи руси ӯ хоҳони таҷдиди назар дар бораи ҳукми ихроҷ ба Русия шудааст. Ӯ намояндаи шаҳри Портсмут аст, ки Бритониё новгони бузурге дар он ҷо дорад. Ӯ ҳамчунин узви кумитаи дифоъии порлумони Бритониё аст.

 

Ин намояндаи порлумони Бритониё гуфт дастёри порлумонии ӯ ҳеҷ кори ғалате анҷом надода ва мутмаъин аст, ки дар ниҳоят табраъа хоҳад шуд. Вазорати кишвари Бритониё дар вокуниш гуфтааст дар мавриди ин парванда изҳори назар намекунад ва аз таъйиди ихроҷи ин фард худдорӣ кардааст. Як манбаъи амниятӣ ба Сандий Таймз гуфтааст, ки ҳузури хонуми Затуливетер ба нафъи амнияти миллии Бритониё нест.

 

Сандий Таймз гуфтааст, ки аз замони поёни ҷанги сард ин аввалин бор аст, ки фарде, ки дар порлумони Бритониё кор мекунад, ба ҷосусӣ барои русҳо муттаҳам шудааст. Питер Ҳанлӣ, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд барои аввалин бор хонуми Затуливетер дар ҳангоми бозгашт аз Курвосӣ (Хорватия) ҷилавгирӣ шуд. Катя Затуливетер, барои муддати зиёде дар Бритониё ба сар бурда ва дар донишгоҳи Бредфорд дарс хонда ва тайи ду солу ними гузашта дар истихдоми оқои Ҳанкок будааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3774-2010-12-05-15-01-47.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ