08:19:34 01-уми Июли 2025 сол

КЛИНТОН ХОҲОНИ “ЭЪТИМОДСОЗИИ" ЭРОН ШУД

Ҳилорӣ Клинтон , вазири умури хориҷаи Амрико, гуфтааст, ки дар оянда имкони мувофиқати Иёлоти Муттаҳида бо ғанисозии урониюм дар Эрон вуҷуд дорад, аммо таъкид карда, ки таҳаққуқи ин амр манут ба шароитест.

 

KlintonХонум Клинтон рӯзи ҷумъа (севуми декабр) дар Манома, пойтахти Баҳрайн, дар мусоҳибае ихтисосӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ ба андозае эътимоди ҷомеъаи байналмилалиро ҷалб накарда, ки бо ғанисозии урониюм дар Эрон мувофиқат шавад. Урониюми бо ғализии болои 90 дарсад дар сохти бумби атомӣ корбурд дорад. Амрико ва муттаҳидонаш Эронро барои дастёбӣ ба тавоноии сохти силоҳи ҳастаӣ муттаҳам кардаанд.Аммо мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ барномаи атомии Эронро сулҳомез ва ғанисозии урониюм дар дохили кишварро ҳаққи мусаллами Эрон медонанд.

 

Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт дар оянда имкони мувофиқати Иёлоти Муттаҳида бо барномаи ғанисозии урониюми Эрон вуҷуд дорад, аммо онро машрут ба барқарории эътимоди байни Эрон ва қудратҳои бузург донист.

 

Ҳилорӣ Клинтон гуфт: Пас аз он ки собит карданд метавонанд ин кор (ғанисози)-ро ба таври масъулона ва мутобиқи таъаҳҳудоти байналмилалии худ анҷом диҳанд, метавонанд дар таърихе дар оянда ғанисозӣ кунанд. Вазири умури хориҷаи Амрико дар остонаи азсаргирии музокироти ҳастаии Гурӯҳи 5+1 бо Эрон, гуфт, ки ин кишвар эътимоди ҳомиёни қадимӣ ва муттаҳидон ё он кишварҳоеро, ки Эронро бовар мекарданд, аз даст додааст.”

 

Ҳилорӣ Клинтон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки Эрон ба хотири даври тозаи таҳримҳоба таври ҷиддӣдар бораи барномаи атомиаш музокира кунад. Қарор аст, ки давраи тозаи музокироти қудратҳои бузург бо ҳайати эронӣ дар рӯзҳои шашум ва ҳафтуми декабр дар Женеви Суис баргузор шавад.

 

Дар ҳамин робита, Алиасғари Султония, намояндаи доими Эрон дар Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, дархости мо барои таваққуфи ғанисозии урониюмро рад карда ва онро хориҷ аз маъмурияти қонунии Ожонс донистааст. Оқои Султония, рӯзи ҷумъа дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонс бо шарҳе аз парвандаи ҳастаии Эрон дар солҳои ахир қатъномаҳои Шӯрои ҳукком ва Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро фоқиди тавҷеҳи ҳуқуқӣ донист ва гуфт, ки ин қатъномаҳонаметавонад иҷро шавад."

 

Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар гузориши моҳи гузаштаи худ эълом кард Эрон дастикам 3183 килуграм урониюми ғанишуда бо ғализии севу ним дарсад ва ҳудудии 33 килуграм урониюми ғанишуда бо ғализии 20 дарсад тавлид кардааст. Намояндаи Эрон дар Ожонс гуфт пас аз ҳашт сол бозрасии мустамари бозрасони Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ҳеҷ мадраке дол ба инҳирофи маводди ҳастаӣ ба аҳдофи низомӣ ёфт нашудааст, ва ҳамин амр мунҳасири сулҳомез буданро собит мекунад.”

 

Тозатарин гузориши Ожонс, ки 24 ноябр ба расонаҳо дарз кард, аз имкони вуҷуди фаъолиятҳои ҳастаии сиррӣ дар Эрон ибрози нигаронӣ мекунад ва хоҳони таъомули “ҷиддии” Ҷумҳурии Исломӣ барои посух додан ба суолоти Ожонс дар ин бора мешавад. Ожонс навишт, ки дар марокизи ҳастаӣ эълом шуда Эрон маводди ҳастаии мавриди баҳрабардории низомӣ қарор нагирифта, аммо “Эрон ба андозаи лозим ҳамкорӣ накарда то Ожонс битавонад, таъйид кунад, ки тамоми маводди ҳастаӣ дар Эрон дар фаъолиятҳои сулҳомези мавриди истифода қарор мегирад.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3761---q--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ