ҲУШДОРИ КЛИНТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН ДАР БОРАИ ЭРОН
Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Амрико, дар сафараш ба Қирғизистон нисбат ба равобити ин кишвар бо Эрон, бавижа муносиботи тиҷории Бишкек ва Теҳрон ҳушдор додааст.
Хонум Клинтун рӯзи панҷшанбе (2 декабр) дар идомаи сафараш ба манотиқи Осиёи Миёна ва Ховари Миёна пеш аз тарки Қирғизистон дар як нишасти матбуъотӣ нисбат ба паёмадҳои равобити Қирғизистон бо Эрон ҳушдор дод. Ӯ ба таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Теҳрон ишора кард ва гуфт: "Анҷоми муносиботи тиҷорӣ бо Эрон шуморо бо таҳримҳое рӯбарӯ хоҳад кард, ки ҷомеъаи байналмилалӣ алайҳи ин кишвар вазъ кардааст."
Давлати Амрико ин ҳафта даҳ ширкат ва панҷ шаҳрванди Эронро ба иттиҳоми талош барои давр задани таҳримҳо ва равобит доштан бо хутути киштиронӣ ва бонки "Миллат"-и Эрон таҳрим кард. Шӯрои Амният дар моҳи июн чаҳорумин қатъномаи таҳрими худро бо ҳадафи тағйири мавзеъи атомии Ҷумҳурии Исломӣ, алайҳи Эрон тасвиб кард.
Давлати Эрон ин таҳримҳоро ғайриқонунӣ ва бефоида медонад. Бо ин вуҷуд, иқдоми Шӯрои Амният густариши таҳримҳои якҷонибаи Амрико, Конодо, Иттиҳодияи Урупо, Куреи Ҷанубӣ, Жопун ва Устролиёро алайҳи Эрон дар пай доштааст. Вазири умури хориҷаи Амрико таъкид кард, ки Қирғизистон ҳақ дорад, ки бо ҳар кишваре, ки хост, робита дошта бошад, аммо бояд ба таври комил аз "зарару" "фоидаи" равобиташ огоҳ бошад.
Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, дар авоили моҳи ноябр бо сафар ба Бишкек, пойтахти Қирғизистон, бар тавсеъаи равобити сиёсӣ, тиҷорӣ ва фарҳангии байни ду кишвар таъкид карда буд. Ба гузориши хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ (ИРНО), оқои Муттакӣ дар он сафар бар омодагии кишвараш барои мушорикат дар тавсеъаи Қирғизистон ва иҷрои тарҳҳои калони байни ду кишвар таъкид карда буд.
Вазири умури хориҷаи Амрико дар Бишкек бо Роза Отунбоева, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дидор кард. Қирғизистон дар тобистони имсол шоҳиди даргириҳои қавмии байни ақаллияти ӯзбак ва қирғизҳо буд, ки ба фирори ҳазорон ӯзбак ба ҷумҳурии Ӯзбакистон мунҷар шуд. Амрико тайи солҳои гузашта саъй кардааст, ки робитаи хубе бо Қирғизистон дошта бошад.
Вазорати дифоъи Амрико (Пентогун) барои ирсоли маҳмулаҳои тадорукотӣ ба Афғонистон аз яке аз пойгоҳҳои Қирғизистон истифода мекунад. Иёлоти Муттаҳида пойгоҳи ҳавоии Моносро, ки дар фурудгоҳе ба ҳамин ном дар ҳаволии пойтахти Қирғизистон воқеъ аст, "маркази тронзит" мехонад ва милюнҳо дулор барои истифода аз он ба давлати Қирғизистон мепардозад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3750-2010-12-03-11-00-27.html