22:10:43 01-уми Июли 2025 сол

WIKILEAKS ҶУЗЪИЁТИ БАСТА ШУДАНИ ПОЙГОҲИ “ХОНОБОД”-РО ОШКОР КАРД

Wikileaks асноди марбут ба равобити Ӯзбакистону Амрико ва тавофуқ дар бораи истифода пойгоҳи низомии “Хонобод”-ро ошкор кардааст. Яке аз ин аснод таҳлилест, ки пажӯҳишгоҳи Конграи Амрико дар моҳи марти соли 2006 анҷом дода ва мавзӯъи баста шудани пойгоҳи низомии Амрико дар “Хонобод”-и Ӯзбакистон дар соли 2005-ро матраҳ кардааст.

 

khanabadНахуст дар ин таҳлил ҷузъиёти тавофуқи Вошингтон бо Ӯзбакистон дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомӣ дар ин кишвар оварда шудааст. Гуфта мешавад, Амрико ба ивази истифода аз пойгоҳи низомӣ дар канори замонати амният ба Ӯзбакистон аз байни бурдани аъзои Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистонро ваъда кардааст. Дар тавофуқ муддати замонӣ таъкид нашуда, аммо ҳар ҷониб бояд дар муддати 180 рӯз ҷониби дигарро аз қасди хориҷ шудани шудан аз тавофуқ огоҳ созанд.

 

Дар санад омадааст, дар соли 2005 ҳамарӯза аз пойгоҳи “Хонобод” ба Афғонистон ҳудуди 60 нафар низомӣ ва 50 тун тадорукот мунтақил мешудааст. Дар худи пойгоҳ ҳудуди 1000 тан аз низомиён мустақар буда ва аз соли 2001 то замони баста шуданаш дар соли 2005 ҳавопаймоҳои низомии Амрико аз “Хонобод” ҳудуди 40 ҳазор парвоз анҷом дода ё фуруд омадаанд.

 

Дар пайи мушоҳида шудани сардӣ дар муносиботи Ӯзбакистону Амрико дар солҳои 2004-2005 ҷониби Ӯзбакистон аз Амрико пардохти ҳаққи истифодаи фурудгоҳро тақозо кардааст. Дар моҳи майи соли 2005 Конграи Амрико барои тармими хатти парвозу нишасти ҳавопаймоҳои ин фурудгоҳ тасмими тахсиси 42 милюн дулорро таъйид кардааст. Аммо дар пайи ҳаводиси хунини Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 равобити ин ду кишвар комилан ба сардӣ гароида ва пардохти ин маблағ ба таъвиқ афтодааст.

 

Тибқи ин санад, дар марҳилаи аввал мавзеъи давлати Амрико дар мавриди ҳаводиси Андиҷон эҳтиёткорона буда, вале баъдан тақозои бозрасии байналмилалии ин ҳаводисро кардаст. Ба дунболи чунин мавзеъгирӣ ва интиқод аз мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон давлати Ислом Каримов дар моҳи инюни соли 2005 парвозҳои шабона ва парвози ҳавопаймоҳои борбари бузургро дар “Хонобод” мамнӯъ кард.

 

Аз рӯзи парвози паноҳандагони ӯзбаки андиҷонӣ аз Қирғизистон ба Румонӣ дар 28 июли соли 2005 давлати Ӯзбакистон аз сафорати Амрико дар Тошканд хостори дар муддати 6 моҳ бастани пойгоҳи низомии ин кишвар дар “Хонобод” шудааст. Ҳамчунин, дар пайи тасмими Иттиҳодияи Урупо дар бораи манъи додани визо ба бархе аз мақомоти Ӯзбакистон ин кишвар Белҷик, Ҳуланд, Испонӣ ва Свиданро аз ҳаққи истифода аз пойгоҳҳои худ маҳрум сохтааст.

 

Бино ба гузориши маркази таҳлилии Конграи Амрико, дар моҳи январи соли 2006 Ӯзбакистон ба Олмон таҳдид кардааст, ки аз ҳаққи истифода аз фурудгоҳҳо дар ин кишвар маҳрум хоҳад шуд. Ӯзбакистон аз Олмон тақозои кумакҳои бештари молӣ кардааст. Тибқи ин санад, Олмон ҳамасола барои истифода аз пойгоҳ ба Ӯзбакистон 3 милюн юру пардохт мекунад.

 

Тибқи гузориши вазорати дифоъи ИМО, дар соли 2004 Қодир Ғуломов, вазири дифоъи Ӯзбакистон аз ҷонибдорони сарсахти “ғарбисозӣ”-и неруҳои мусаллаҳи ин кишвар будааст. Аммо ба дунболи густариши ҳамкориҳои низомии Ӯзбакистон бо Чин ва Русия ин нақша иҷро нашудааст. Дар санаде, ки ба Конграи Амрико пешниҳод шудааст, ҳаводиси Ӯзбакистон навъи мушкил дар роҳи иҷрои сиёсати давлати Амрико дар мубориза алайҳи террурисм ва демукротисозӣ талақӣ шудааст.

 

Николас Бернс, муъовини вазири хориҷаи Амрико дар моҳи августи соли 2005 ба мавзеъи Амрико дар заминаи увлавият ба дифоъ аз ҳуқуқи башар таъкид кардааст. Ҳамзамон, ба гуфтаи таҳлилгарон, тақозои Ӯзбакистон барои давлати Амрико ғайримунтазира будааст. Ӯзбакистон дар канори бастани пойгоҳи низомӣ ҳамкориҳои худро дар мубориза бо террурисм ва бахшҳои дигар коҳиш додааст. Бино ба гузориши вазорати дифоъи Амрико, ҳарчанд баста шудани пойгоҳи низомӣ дар “Хонобод” ба бурузи баъзе мушкилот мунҷар шудааст, аммо дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон ва дар маҷмӯъ дар мубориза бо террурисм асари ҷиддӣ надоштааст.

 

Wikileaks як санади дигар, номаи Ҷон Пурнелл, сафири Амрико дар Ӯзбакистон дар замони поёни маъмурияташро овардааст. Ба навиштаи оқои Пурнелл, Ӯзбакистон як давлати пулисӣ аст, ки ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии онро гурӯҳҳои на чандон бузурги хонаводагӣ ба манфиъати худ инҳисор кардаанд.

 

Ба навиштаи ӯ, “Атрофиёни раиси ҷумҳурӣ на аз тариқи дидгоҳҳои ҳизбӣ, балки аз рӯи садоқати худ ба Ислом Каримов ба ин мақом расидаанд. Оқои Каримов дар авохири соли ҷорӣ дар муғойират ба муфоди Қонуни Асосӣ бори дигар ба симмати раёсати ҷумҳурӣ интихоб шуд. Бар хилофи баёнияҳои расмии худ, Ислом Каримов ба амалӣ шудани ислоҳот алоқаманд нест. Ӯ танҳо ба раҳбарии бюрокросии иқтисодӣ ва сиёсӣ алоқаманд аст.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3716-wikileaks--------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ