11:55:45 03-уми Июни 2025 сол

СӮЙИҚАСД БА ҶОНИ ДУ ФИЗИКДОНИ ЭРОНӢ ДАР ТЕҲРОН

Афроди ношинос ба ҷони ду физикдони эронӣ дар Теҳрон сӯиқасд карданд ва яке аз ононро аз пой дароварданд.

 

univesity_explosioБар асоси гузориши манобеъи хабарии долхили Эрон, рӯзи душанбе, 29 ноябр, байни соъати 7 то 8-и бомдод ба вақти маҳаллӣ, афроди ношинос Маҷиди Шаҳриёрӣ ва Фаридун Аббосӣ, устодони физики донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ (Миллӣ) дар шимоли Теҳронро, ки озими маҳалли кори худ дар донишгоҳ буд, ҳадафи сӯйиқасд қарор доданд. Ба гузориши родиюи давлатии Эрон, амалиёти сӯйиқасд ба ҷони ин ду устоди донишгоҳ дар хиёбони Артиш ва хиёбони Виланҷаки майдони донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ рӯй дод.

 

 Дар ин ҳодиса дуктур Маҷиди Шаҳриёрӣ кушта ва ҳамсараш маҷруҳ ва дуктур Аббосӣ ва ҳамсараш захмӣ шуданд. Хабаргузории давлатии Эрон - ИРНО - ба нақл аз Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон, ки аз Фаридун Аббосӣ дар бемористон аёдат карда, навиштааст, ки "дуктур Шаҳриёрӣ солҳо донишҷӯйи ман буд ва ҳамкории хубе бо Созмони энержии атомӣ дошт ва яке аз пружаҳои бузурги созмонро, ки ифтихоре барои миллати Эрон буд, дар дастури кор дошт."

 

Родиюи давлатии Эрон дар гузорише дар ин маврид гуфтааст, ки "авомили муздури саҳюнистӣ" ин ду устоди физик ва узви ҳайати илмии донишгоҳро, ки ҳамроҳи хонавода, озими маҳалли кори худ дар донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ буданд, мавриди сӯйиқасд қарор доданд. Дар ҳамон ҳол, хабаргузории "Форс" дар хабаре таҳти унвони "Омрико ва режими саҳюнистии имрӯз ду устоди донишгоҳро терур карданд", гузориш карда, ки афроди мутурсавор бо часпондани як василаи инфиҷорӣ ба утумубили "Пижу 504"-и Маҷиди Шаҳриёрӣ ӯро ба қатл расонданд.

 

Дар гузориши дигаре дар ҳамин хабаргузорӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ омадааст, ки муҳоҷимони сарнишини ду дастгоҳи мутурсиклет буданд ва бумберо ба сӯйи утумубили Маҷиди Шаҳриёрӣ партоб карданд ва аз маҳал гурехтанд. Ин гузориш афзудааст, ки дар наздикии ҳамин маҳал, афроди мутурсавор бо истифода аз ҳамин равиш утумубили "Пижу 206"-и Фаридун Аббосии Давониро мунфаҷир карданд, аммо муваффақ ба қатли ӯ нашуданд.

 

Хабаргузории "Форс" афзудааст, ки оқои Аббосӣ ва ҳамсараш, ки ӯ ҳам сарнишини утумубил буд, дар ин ҳодиса захмӣ шуданд ва ба бемористон интиқол ёфтанд. Дар хабарҳои баъдӣ омадааст, ки ин ду нафар дар бемористон таҳти мудовои сарпоӣ қарор гирифтанд. Пештар, хабаргузории "Меҳр" бо таъйиди хабари кушта шудани Маҷиди Шаҳриёрӣ дар мавриди сӯйиқасд ба ҷони оқои Аббосии Давонӣ навишта буд, ки вай мутаваҷҷеҳи қасди афроди муҳоҷим шуд ва тавонист бо гурехтан аз маҳал, аз ин сӯйиқасд ҷони солим ба дар бибарад.

 

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти сӯйиқасд ба ҷони ин ду физикдони эрониро ба уҳда нагирифта, аммо родию ва телевизиюни давлатӣ гуфтааст, ки "душманони" Ҷумҳурии Исломӣ, ки мутаваҷҷеҳи бетаъсир будани таҳримҳои иқтисодӣ шудаанд, "ҳамчун гузашта аз ҳарбаи нокоромади терур истифода кардаанд."

 

Дар муқобил, хабаргузории "Форс" ангезаи терури ин ду нафарро ноумедии "авомили" Омрико ва Исроил аз интиқол ва фирори мағзҳои Эрон ба хориҷ дониста ва гуфтааст, ки дуктур Аббосии Давонӣ устодёри пояи 20 донишгоҳ, устоди намуна дар соли 1386, муъовини собиқи донишҷӯйии донишгоҳи Биҳиштӣ ва "аз устодони басеҷӣ" буд.

 

Ба гузориши ИРНО, раиси Созмони энержии атомии Эрон ҳам бидуни ном бурдан аз гурӯҳ ё кишвари хосе ба "душманон" ҳушдор додааст: "Бо оташ бозӣ накунед, зеро сабри миллати Эрон ҳам ҳадде дорад ва агар косаи сабри мо лабрез шавад, оқибати баде насибатон хоҳад шуд."

 

Вай бидуни мушаххас кардани навъи вокуниши мавриди назари худ гуфтааст, ки "шаҳриёриҳои фаровоне таҳвили миллати Эрон медиҳем" ва афзуда "ҳаракати ҳастаии миллати Эронро чанд баробар мекунем."

 

Дар ҳамон ҳол, хабаргузории "Форс" ба нақл аз Ҳусейни Соҷидиниё, фармондеҳи нерӯи интизомии Теҳрон, гузориш карда, ки таҳқиқот дар мавриди ҷузъиёти ин ҳодиса идома дорад ва ҳанӯз касе масъулияти ин терурҳоро бар уҳда нагирифтааст. Ин нахустин бор дар солҳои ахир нест, ки як физикдони эронӣ дар дохили ин кишвар ҳадафи сӯйиқасд қарор мегирад ва ҷони худро аз даст медиҳад.

 

Соли гузашта ва ҳамзамон бо эътирозот алайҳи натоиҷи баҳсбарангези интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, як устоди физики донишгоҳи Теҳрон ба номи Масъуд Алимуҳаммадӣ ҳангоми хуруҷ аз хонаи худ ба мақсади донишгоҳ ба қатл расид. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, авомили терури ин устоди донишгоҳ як бумби нерӯманди ҷосозишуда др як мутурсиклетро ҳангоми хуруҷи вай аз хона мунфаҷир карданд.

 

Ҳанӯз ангеза ва авомили қатли Масъуд Алимуҳаммадӣ мушаххас нашуда, ҳарчанд манобеъи хабарии давлатӣ ӯро як мутахассиси мусулмон ва мутаъаҳҳид ба низоми ҳукуматӣ муъаррифӣ карданд ва терури ӯро низ ба душманони низоми Ҷумҳурии Исломӣ нисбат доданд. Ҳамзамон, бархе сойтҳои хабарии мутаъаллиқ ба мухолифони давлат гуфтанд, ки оқои Алимуҳаммадӣ ба номзадҳои мухолифи Маҳмуди Аҳмадинажод гароиш дошт ва дар ҷараёни интихобот аз онон ҳимоят карда буд.

 

Ба навиштаи ин сойтҳо, ба ҳамин далел ҳам маросими тарҳими Масъуди Алитмуҳаммадӣ дар миёни тадобири шадиди амниятӣ ва бо ҳузури густардаи маъмурони давлатӣ баргузор шуд. Чанде пеш низ ду пизишки эронӣ ҳадафи ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтанд ва кушта шуданд. Дар ҳоле ки мақомоти амниятӣ ва қазоӣ қатли ононро ғайрисиёсӣ эълом карданд, бархе аз сойтҳои хабарии мухолифон, ин қатлҳоро низ бо масоили сиёсӣ, аз ҷумла шиканҷа ва қатли боздоштиён дар боздоштгоҳи Каҳрезак муртабит донистанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3701-2010-11-29-11-07-27.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854