11:57:06 03-уми Июни 2025 сол

ДАРЗИ ПАЁМҲОИ ДИПЛУМОТИКИ АМРИКО ВА НИГАРОНИҲОИ МИНТАҚАВӢ АЗ ЭРОН

Бар асоси мадорики маҳрамонае, ки "Викиликс" мунташир карда, раҳбарони кишварҳое ҳамчун Исройил, Арабистони Саъудӣ, Қатар, Баҳрайн ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, барномаи атомии Эронро таҳдиде алайҳи мавҷудияти худ дониста ва хоҳони ҳамлаи Амрико будаанд.

 

wikileaksИн аснод, ки дар рӯзномаҳои "Ню-Йурк тоймз" ва "Гордиян" мунташир шуда, ҳокӣ аз он аст, ки Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саъудӣ, ба таври маҳрамона Амрикоро ба бумборони таъсисоти атомии Эрон ташвиқ карда ва гуфтааст: "Сари ин морро қатъ кунед" Бар асоси мадорик, Малик Абдуллоҳ дар ҷараёни як мулоқоти хусусӣ бо Манучеҳри Муттакӣ, Эронро муттаҳам ба дахолат дар умури кишварҳои Арабӣ карда, ва гуфтааст: "Моро аз шарри худ халос кунед."Вай ба вазири хориҷаи Эрон гуфтааст: "Шумо форсҳо ҳаққи дахолат дар умури дохилии аъробро надоред."

 

Мадорики мунташиршуда ҳокӣ аз он аст, ки Малик Абдуллоҳ дар гуфтугӯ бо мақомҳои Кохи Сафед Эронро муттаҳам ба эҷоди мушкил ва бесуботӣ дар минтақа карда ва афзудааст: "Худо моро аз шарри онҳо бираҳонад." Бар асоси мадорики "Викиликс", раҳбарони Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дар мулоқот бо пайғомҳои Амрико таҳдиди Теҳронро "46 сония" тавсиф кардаанд, ки фосилаи замонии як мушаки болистик аз Эрон ба ин кишвар аст. Шайх Муҳаммад Зоид Оли Наҳён, валиаҳди Абузабӣ ва муъовини фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Аморот, Эронро "таҳдиде алайҳи мавҷудият"-и кишвараш донистааст.

 

Мутобиқи мадорики мунташиршуда тавассути "Викиликс" вай ба мақомҳои Амрикоӣ гуфтааст, агар ҳамлаи ҳавоӣ натавонад таъсисоти атомии Эронро нобуд кунад, Вошингтун бояд омодаи эъзоми нерӯи заминӣ бошад. Аммо аз тарафи дигар Султон Қобус, раҳбари Уммон, ба дарёсолор Вилём Фолун, фармондеҳи нерӯҳои Амрикоӣ дар Ховари Миёна дар солҳои 2007 ва 2008 гуфт, ки Эрон қудрати муҳимме дар минтақа аст ва бояд бо он канор омад.

 

Ин мадорик нишон медиҳад, ки Уммон танҳо кишвари арабӣ аст, ки мавзӯъи мулоимтаре дар қиболи Эрон дорад. Яке дигар аз паёмҳои маҳрамонаи вазорати хориҷаи Амрико ҳовии гузориши мулоқоти феврали гузаштаи Роберт Гейтс, вазири дифоъи ин кишвар бо Фронку Фротинӣ, вазири хориҷаи Итолиё дар Рум аст, ки дар он ба кишварҳои урупоӣ ҳушдор дода шуда, агар ҷилави барномаи атомии Эрон гирифта нашавад, мумкин аст Исроил ба Эрон ҳамла кунад.

 

Эҳуд Борок, вазири дифоъи Исроил дар июни 2009 ба намояндагони Конгресси Амрико гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ танҳо байни 6 то 18 моҳ вақт боқӣ мондааст. Мадорики ифшошуда тавассути "Викиликс" нишон медиҳад, ки Исроил 2010-ро соле ҳаётӣ барои муқобила бо барномаи атомии Эрон донистааст.

 

Ин паёмҳо ҳамчунин нишон медиҳад Амрико ва Исроил таҳлилҳои муқовиматӣ аз Эрон доранд: "Исроил ҳамвора бар бадтарин сенориюҳои мумкин такя дорад, аммо Амрико бароварди муҳтотонатаре ироа мекунад. бар асоси ин санад, давлати Амрико соли гузашта барномае барои ҷосусӣ дар бораи Бон Ки-Мун, дабири Созмони Милали Муттаҳид, дастёри аршади вай ва низ намояндагони кишварҳои узви доими Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ карда буд.

 

Бино бар ин аснод, Амрико бавижа мехостааст бидонад, ки мавзӯъи Бон Ки-Мун дар бораи Эрон ва барномаи ҳастаии ин кишвар ва низ мавзӯъи Чину Русия дар бораи таҳрими Эрон ва низ вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон чист? Як паёми маҳрамонаи дигар аз кунсулгарии Амрико дар Истонбул бо як тоҷири эронӣ ишора мекунад, ки ба нақл аз яке аз наздикони Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ мегӯяд ӯ гуфта Оятуллоҳ Хоманеӣ дучори саратони хун аст ва чанд моҳ бештар зинда нахоҳад буд.

 

Бар асоси ин паём, тоҷири ёдшуда ба диплумоти Амрикоӣ гуфтааст, ки оқои Рафсанҷонӣ ба ин фарди наздик ба худ гуфтааст ӯ акнун сокит мемонад то битавонад дар замони муқтазӣ ҳимояти лозимро аз Маҷлиси хибрагон касб кунад, то битавонад раҳбари баъдии кишвар шавад, Маҳмуди Аҳмадинажодро водор ба истеъфо кунад ва интихоботи ҷадиде баргузор намояд.

 

Дар поёни ин паём сиҳҳати изҳороти ин фарди мавриди тардид қарор гирифта шуда ӯ ба далели он ки бозаргон аст сенориюеро, ки манофеъаш аст, тарсим мекунад, ки лузуман бо воқеъият ҳамхон нест. Яке дигар аз мадорике, ки "Викиликс" ифшо карда, нишон медиҳад, Ҷефрӣ Одомз, сафири пешини Бритониё дар Теҳрон ва мудири кулли кунунии вазорати хориҷаи Бритониё таҷрубиёти худ дар бораи наҳваи музокира бо диплумотҳои эрониро дар ихтиёри мақомҳои Амрикоӣ гузоштааст.

 

Бар асоси ин мадорик, ӯ дар ноябри соли 2007, ба Роён Крокер, сафири вақти Амрико дар Бағдод ва низ женерол Девид Петриус, фармондеҳи нерӯҳои байналмилалӣ дар Ироқ гуфта буда, ки сиёсатмадорони Эрон гумон мекунанд, ки мақомҳои Амрикоӣ вақти хориқулодае сарфи фикр кардан дар бораи Эрон ва тағйири ҳукумати ин кишвар мекунанд.

 

Вай афзуда Эрон аз як тараф Амрикоро душмане "мусаммам" медонад, аммо аз тарафи дигар ин кишварро осебпазир ва фоқиди тавоноии ҳамлаи низомӣ медонад. Ӯ ба мақомҳои Амрикоӣ гуфтааст паёмҳои Вошингтун ба Эрон аз ҷумла хутути қирмизи он бояд комилан рӯшан бошад ва аз ҳар навъ ибҳом ва киноя дурӣ шавад. "Викиликс" аз чанд рӯз пеш гуфта буд, ки қасд дорад беш аз 251 ҳазор санади маҳрамонаро, ки бештари онҳо паёмҳои диплумотики сафоратхонаҳои Амрико дар кишварҳои дигар ҳастанд, ифшо кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3698-2010-11-29-07-05-37.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854