14:20:07 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЯХИ РАВОБИТИ БРИТОНИЁ ВА РУСИЯ ДАР ҲОЛИ ОБ ШУДАН

Бритониё охирин кишвари ғарбӣ аст, ки дарк карда авзоъи Маскав дар чанд моҳи ахир тағйир кардааст. Сафари ахири Вилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, аввалин сафари ӯ ба Маскав пас аз уҳдадор шудани ин симат буд ва интизор меравад мулоқоти байни Девид Комерун, нахуствазири Бритониё ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русияро низ дар пай дошта бошад.

 

Бритониё бо мушкилоти ҳалнашудаи худ бо Маскав ва интихоботе, ки тоза пушти сар гузошта, саъй дар барӯзрасонии равобити худ бо Русия дорад. Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, чанде пеш ба шакле ҷиддӣ саъй кард равобити кишвараш бо Русияро беҳбуд бахшад. Шитоби мақомоти Русия дар инҷо иртибот бо кишарҳои урупоӣ тайи гирдиҳамоии моҳи ҷорӣ, ки байни Фаронса, Олмон ва Русия баргузор мешавад, ба ниҳояти худ хоҳад расид. Ин гирдиҳамоӣ дар Фаронса ва дар маҳалли истироҳатгоҳи "Дивуел" сурат хоҳад гирифт.

 

Марде, ки бояд муроқибаш буд

Чеҳраи шохиси тамоми ин тағйирот, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия аст. Агар оқои Путин дар симати нахуствазири ин кишвар алоқа ба қудратнамоӣ, кунтрули ҷомеъа ва гирифтани аксҳое аз нимтанаи лухт ва ба ҳамроҳи гурӯҳҳои мутурсавор дорад; оқои раиси ҷумҳурӣ алоқаманд ба мудернизосиюн ва навгароӣ аст. Ӯ медонад, ки иқтисоди Русия башиддат такмаҳсулӣ ва вобаста ба нефт аст ва ӯ барои тағйири ин раванд ниёз ба кумаки Ғарб дорад.

 

Ҷефри Монкуф аз Шӯрои равобити хориҷӣ дар шумораи моҳи сентябри маҷаллаи "Равобити хориҷӣ", дар мақолае таҳти унвони "Тағйири ҷиҳати Маскав" менависад: "Аз замони ҷанг бо Гурҷистон дар соли 2008, сиёсати хориҷии Русия батадриҷ ба сӯйи ҳамкории муҷаддад бо Ғарб гароиш пайдо кардааст ва асли асоси (ҳоким бар сиёсати хориҷии ин кишар)-ро ин бовар ташкил дода, ки Русия ба беҳбуди равобит бо дунёи сарватманд ниёз дорад. Истротежии ҷадиди Медведев дар сиёсати хориҷӣ бар ин поя устувор аст, ки нуфузи ночизи Русия дар сиёсати ҷаҳонӣ натиҷаи мустақими ин нукта аст, ки дар арсаи ҷаҳонии ин кишвар тавоноии рақобати каме бо соирин дорад."

 

ҲамкорӢ

Ахиран нишонаҳое аз тамоюли Русия ба ҳамкорӣ дида шудааст. Раъйи мувофиқи ин кишвар дар эъмоли таҳримҳои ҷадиди Созмони Милал дар мавриди Эрон ва лағви фаврии фурӯши системҳои дифоъи зиддимушакӣ ба Эрон яке аз ин нишонаҳост. Ҳамчунин ин кишвар яке аз муноқишоти марзии худ бо Нурвеж дар қутби шимолро ба Созмони Милал ирҷоъ кардааст.

 

Ҳамин навгароӣ ва ниёз ба мудернизосиюн аст, ки раиси ҷумҳури Русияро имсол ба Колифурниё кашонд. Орнулд Свортзенегер, фармондеҳи Колифурниё дар посух ба дидори Дмитрий Медведев аз Омрико ба Маскав рафт ва аз метруи ин шаҳр дидан кард. Ин дидори Дмитрий Медведевро нисбат ба дарёфти кумак аз дараи Силикун (қутби саноеъи мудерни электруники Омрико дар иёлати Колифурниё) барои сохти як шаҳри санъатӣ дар Русия умедвор кард.

 

Давлати Бритониё низ дар сиёсати хориҷии худ барои манофеъи тиҷории байни ду кишвар авлавияти ҷадиде қоил шуда ва мехоҳад, ки саҳме дар ин навгароӣ дошта бошад. Акнун бахубӣ равшан аст, ки ба нафъи ҳар ду давлат аст, ки ихтилофотро канор гузорда ва тамаркузашонро рӯйи "усули ҳамкорӣ" қарор диҳанд.

 

Ду мушкил

Ихтилофоти миёни ду кишвар ба ду мавзӯъ бармегардад. Яке ҷанҷоли масмум шудани Александр Литвиненко, ҷосуси собиқи Русия дар Ландан аст, ки Бритониё хостори истирдоди Андрей Логовой аз сӯйи Русия барои муҳокима шуда ва дигаре таътилии тамомии марокизи Шӯрои фарҳангии Бритониё дар Русия ба ҷуз дафтари Маскав.

 

Мақомоти Бритониё пеш аз сафар гуфта буданд, ки вазири хориҷаи ин кишвар дар дидораш бо мақомоти Русия ин маворидро матраҳ хоҳад кард, аммо бар онҳо пофишорӣ нахоҳад кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса ,тавонист дар ибтидои имсол бо фурӯши ду фарванд шиновари обӣ-хокӣ ба Русия муваффақияти тиҷории чашмгире ба даст биоварад; Бритониё низ "ҳаракат дар ҷиҳати ҷараёни обро" сарлавҳаи сиёсатгузории мудернизосиюн қарор додааст.

 

Дар мавриди Бритониё ин ба маънои таҷриба кардани чизе аст, ки ба он "дониши иқтисодӣ" ном ниҳодаанд. Ин ба унвони мисол шомили дар назар гирифтани Маскаве дар ҳоли тавсеъа ба унвони як маркази билқуваи иқтисодӣ ва додани мушовираи иқтисодӣ ба он аст. Русия низ бар мавориди ихтилофи пофишорӣ намекунад. Ба нишонаи ҳусни ният Дмитрий Медведев худ бо оқои Ҳейг дидор кард.

 

Оё яхҳо об хоҳанд шуд?

Оё ин ба маънии он аст, ки яхи Маскав об шудааст? На комилан; тамосҳои иттилоъотии Бритониё ва Русия ба гуфтаи Бритониё дар вазъияти хубе қарор надорад, агар нуқтаи оғоз дар беҳбуди равобит, талоши Бритониё барои ташвиқи Маскав барои кумак ба таваққуфи ҷараёни маводди мухаддир аз Афғонистон аст. Иёлоти Муттаҳида, ки тибқи маъмул тавассути Бритониё пуштибонӣ мешавад, нигарони он аст, ки Русия, ки набард барои таваққуфи густариши Паймони Отлонтики Шимолӣ ( НОТУ)-ро вогузор карда, бо пешниҳоди як паймони амниятии ҷадид ба Урупо дар талош барои ҷудо кардани Иёлоти Муттаҳида аз Урупо бошад.

 

(Тавзеҳи нависанда: як муҳаққиқи донишгоҳӣ ишора карда, ки Русия набард барои мутаваққиф кардани густариши НОТУ ба сӯйи шарқро набохта, чун Укроин ва Гурҷистон ҳамчунон аз пайвастан ба ин паймон бозмондаанд. Дар мавриди ин ки ин ҷумла беш аз ҳад тунд буда мувофиқам; шояд беҳтар буд вудуди ин "муборизаро" беҳтар таъриф кунем, то маълум шавад, ки Русия дар кадом замина бештар бозмонда будааст.)

 

Ин метавонад нуфузи Маскавро назди кишварҳое, ки бо он марзи муштарак доранд, афзоиш диҳад. Ин амр ҳамон қадар, ки боъиси нигаронии Вошингтун ва Ландан мешавад, кишварҳои ҳаммарз бо Русияро ҳам нигарон мекунад. Мақомоти бритониёӣ нигарони сару садоҳое ҳастанд, ки аз Порис ба гӯш мерасад, зоҳиран Никуло Соркузӣ тамоюл ба эҷоди равобити амниятии наздиктаре бо Русия дорад.

 

Ин мақомот муҷаддадан се асли музокира бар сари масоили амниятӣ бо Русияро, ки тавассути НОТУ тадвин шуда, ёдоварӣ мекунанд; ин усул шомили ин маворид аст: Иёлоти Муттаҳида набояд канор гузорда шавад, НОТУ набояд тазъиф шавад ва ҳаққи ветуӣ дар кор нахоҳад буд. Тамоми музокироти раҳбарони Русия, Олмон ва Фаронса дар "Дивуел" бадиққат зери назар гирифта мешавад ва кучактарин аломате нодида гирифта намешавад. Ва албатта агар рӯзе оқои Путин муҷаддадан ба сандалии раёсати ҷумҳурӣ такя бизанад, тамоми ин ривол дубора кунд хоҳад шуд.

 

Пул Ринулдз, таҳлилгари масоили ҷаҳонии Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3395-2010-10-21-15-06-31.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi