18:17:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДИДОРИ МЕДВЕДЕВ ВА ОБАМА ДАР МАСКАВ

Мулоқоти президентҳои Амрико ва Русия, Барак Обама ва Дмитрий Медведев дар Кремл аз ишора ба обуҳавои нохушоянд сар шуд. Ҳавои абр ва борони дарозмуддат дар Маскав, ки гуфта мешавад, бо аввалин қадами Обама дар қаламрави Русия сар шудааст, ба ҳадди зиёде шубҳаву гумонҳои марбут ба гуфтушунидҳои Русия ва Амрикоро дар ин ҷо мунъакис мекунад. 

Нозирони вазъ баъд аз шунидани ин хабар, ки пешнависи созишномаи коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ омодааст ва Маскаву Вошингтон ба ягон сатри он эрод надоранд, гуфтанд, обуҳавои боронӣ шояд на бозтоби гуфтушунидҳои Маскав аст ва мумкин аст, музокирот ба эълонҳои пирӯзмандонаи ду ҷониб ба поён расад, аммо дурнамои муносибатҳо ҳамонгуна абрӣ боқӣ хоҳад монд, зеро ихтилофи назарҳо дар чанд соли охир хеле амиқ рафтааст.

Ҳангоми вохӯрӣ дар Кремл, Обама ва ҳамтои руси ӯ, Дмитрий Медведев дар бораи обуҳавои нофорами Маскав бо ҳам шӯхие карданд, вале хеле зуд ба ваъдаҳои гарми ҳамкорӣ гузаштанд.

Медведев вазифаи мушкиле дар дӯш дорад, ки дар фазои нохушоянд ва шубҳаомези атрофаш нақши мизбони чеҳракушодро бозад: "Мо умедворем, дар ҷараёни мулоқотамон имрӯз ва фардо, гуфтугӯи фарогире дошта бошем ва чанд сафҳаи мушкили равобити Русияву Амрико пӯшонда, сафҳаи наверо боз кунем."

Муносибатҳои ду ҷониб, ки солҳо дар як сатҳи "на дур бираву на наздик биё" боқӣ монда буданд, пас аз ҳамлаи Русия ба Гурҷистон, яке аз ҳампаймонҳои Амрико дар моҳи августи соли гузашта ба бӯҳрон печиданд. Маскав ҳазорон сарбози худро дар ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон ҷобаҷо кардааст ва ба қарордоди сулҳ, ки бо миёнаравии Фаронса имзо шуда буд, арҷ намегузорад. Худи имрӯз Русия машқҳои ҳарбиеро дар шимоли марзҳои Гурҷистон ба поён расонд.

Мушовирони Обама аломат медиҳанд, ки президенти Амрико дар Маскав мавзеъгирии қавие нишон хоҳад дод ва манфиатҳои миллии кишварашро ошкоро дар миён хоҳад гузошт. 

Аммо худи Обама бори дигар изҳор дошт, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба ҳалли печидагиҳо кӯмак хоҳанд кард."Иёлоти Муттаҳида ва Русия аз тафовут дида шабоҳатҳои бештар доранд. Агар мо дар ин чанд рӯзи оянда сахт кор кунем, метавонем, ба пешрафти фавқулодае ба суди мардуми ҳарду кишвар ба даст орем."

Аллакай як табодули хордоре миёни ӯ ва сарвазири Русия, Владимир Путин ба вуқӯъ пайваст. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошиейтед Пресс, Обама гуфт, Путин бо як пой дар гузашта ва бо пои дигараш дар давраи нав истодааст. Путин посух дод, "мо каҷала истода наметавонем, балки бо ҳарду пой қавӣ истодаем ва ба пеш менигарем."

Дар Ғарб ақидае машҳур аст, ки раҳбари ҳақиқии Русия дар паси парда Путин аст ва ӯ рӯҳияи ҷанги сардро ҳифз мекунад.

Сешанбеи 7-уми июл Обама бо Путин субҳона хоҳад хӯрд ва сипас бо раҳбари собиқи шӯравӣ, Михаил Горбачев, сарони оппозисюни Русия ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Новая газета", ки аз мунаққидони аршади ҳукумати Русия ба шумор меравад, Обама гуфт, дар пайи азсаргирии равобит бо Маскав мебошад, зеро ду кишвар манфиатҳои зиёди муштарак доранд, аммо ба ҳамкории мутаносиб бо ин манфиатҳо талош намеварзанд.

Президенти Русия, Дмитрий Медведев низ ба равобити беҳтаре даъват кардааст. Вале ҳамзамон гуфтааст, дар ин бобат "эҳтиёткорона хушбин" аст. Ин ишораи ӯро шореҳони рус ба тафовутҳои амиқи байни Маскаву Вашингтон бастагӣ медиҳанд ва ба ояндаи равобит хушбин нестанд.

Русия аз ваъдаи Паймони Атлантики Шимолӣ, ки гуфтааст, оқибат Гурҷистону Украинро ба сафи худ хоҳад пазируфт, амиқан хашмгин аст. Маскав ҳамчунин аз тарҳи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо норозист. Медведев мегӯяд, агар Амрико аз ин тарҳ даст бардорад, Маскав ба осонӣ дар коҳиши таслиҳот гузашт хоҳад кард. Аммо Обама гуфтааст, набояд ин ду масъалаи ҷудогонаро ба ҳам омезиш дод.

Обама ҳамчунин рӯзи сешанбе дар бораи муносибатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Русия нутқ эрод хоҳад кард. Ба ақидаи Вошингтон, ин савумини чаҳор паёми асосии Обама аст, ки бояд стратегияи сиёсати хориҷии ӯро ташкил ва такмил диҳад. Муносибати Маскав ба ин паём ва эҳтимоли пахши он аз телевзиони давлатӣ маълум нест ва ҳамчунин маълум нест, мухолифони давлати Русия аз таваҷҷӯҳи Обама ба онҳо чӣ истифодае хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi