05:09:40 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/25_barak-obama_2147_1'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/25_barak-obama_2147_1'

ПАЁМИ ОБАМА АЗ МИНБАРИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА аз минбари Маҷмаи умумии СММ роҷеъ ба бархурди нави ҳукумати худ ба сиёсати хориҷӣ сухан гуфт ва ба нақши Иёлоти Муттаҳида ҳамчун пуштибони ҳуқуқи башар, адл ва демократия ба хотири тазмини амнияти ҷаҳонӣ ва эътидоли иқтисодӣ таъкид кард.Дар дувумин паёми худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт: "Мақсад сода аст. Озодӣ, адл ва сулҳи ҷаҳон бояд аз озодӣ, адл ва сулҳ дар ҳаёти инсони одӣ сар шавад. Барои Иёлоти Муттаҳида ин як зарурати ахлоқӣ ва амалӣ мебошад."

 

Дар гузашта раисиҷумҳури Амрико дар паёмҳои худ дар робита ба сиёсати берунаи кишвараш на ба ҳуқуқи инсон, балки ба "манофеи мушатарак" таъкид мекард. Акнун вай аз тағйир дар ин сиёат хабар дод ва гуфт, Вошингтон аз ин ба баъд ба талошҳое таваҷҷӯҳ хоҳад кард, ки кишварҳои дигарро ба ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ водор кунад.

 

Дар нутқи худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал президенти Иёлоти Муттаҳида ба шаҳрвандони мамолике муроҷиат кард, ки дар зери ҳокимияти раҳбарони худхоҳ ба сар мебаранд. Вай аз онҳо даъват кард, барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи шахс дар саросари ҷаҳон мубориза кунанд.

 

"Ҷомеаи шаҳрвандӣ виҷдони ҷомеаҳои мост ва Амрико ҳамеша як тарафи аз ҳукуматҳо ба шаҳрвандон дар чунин кишварҳо пешниҳоди ҳамкорӣ мекунад. Мо ба радди онҳое даъват мекунем, ки ақида ва андешаҳоро саркӯб мекунанд ва мо барои онҳое ки садо надоранд, садо мешавем. Мо абзори нави робитаро рушд медиҳем, то мардум битавонанд, бо ҳамдигар тамос бигиранд ва дар ҷомеаҳои саркӯбгар ҳамзамон амн дошта бошанд."

 

Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфт, кишвараш аз ин ба баъд кӯмакҳои башардӯстона ба мамолики гуногунро бо вазъи ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин мамолик бастагӣ хоҳад дод. Нақзи ҳуқуқи инсон ба коҳиши кӯмакҳои Амрико ба ин мамолик сабаб шуда метавонад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3212-2010-09-25-15-12-22.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854