16:54:33 02-уми Июни 2025 сол

ОЖОНСИ АТОМӢ ИТТИҲОМҲОИ ЭРОНРО РАД КАРД

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ изҳороти мақомҳои Эрон мабнӣ бар ироаи ғалати иттилоъот аз сӯйи ду тан аз бозрасонро рад ва аз амалкарди онҳо ҳимояти комил кардааст. Алиакбари Солеҳӣ, раиси созмони энержии атомии Эрон рӯзи душанбе гуфт Ҷумҳурии Исломӣ ба Ожонси Байналмилалии Энержии атомӣ иттилоъ додааст, ки ду тан аз бозрасони ин Ожонс "ба далели ироаи иттилоъоти ғалат ва ғайриҳақиқӣ ва ҳамчунин бармало кардан пеш аз ваъдаи расмии иттилоъот, ҳаққи вуруд ба Эронро надоранд."

 

Аммо ба гузориши хабаргузории "Руйтерз" Грег Веб, сухангӯйи Ожонс ин изҳоротро рад кард ва гуфт Ожонс ба амалкарди ҳирфаӣ ва бетарафонаи бозрасон "итминони комил" дорад. Вазорати хориҷаи Омрико низ нисбат ба ин иқдоми Эрон ибрози нигаронӣ кардааст. Пи Ҷи Кровлӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико рӯзи душанбе гуфт коҳиши ҳамкориҳои Эрон бо Ожонс танҳо ба нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоҳад афзуд.

 

Аммо Эрон гуфтааст соири бозрасони Ожонс метавонанд ҳамчунон ба назорат бар фаъолияти таъсисоти атомӣ идома диҳанд Алиасғари Султония, намояндаи Эрон дар Ожонс ба хабарнигорон дар Виен гуфт: "Бозрасиҳо бидуни вақфа идома хоҳад ёфт."

 

Ӯ афзуд, аммо Эрон ҳушёрии бештаре дар ҳифозат аз иттилоъоти маҳрамонаи худ ва амалкарди бозрасон нишон хоҳад дод. Эрон мегӯяд ба унвони имзокунандаи Паймони манъи густариши ҷангафзорҳои ҳастаӣ - Эн-Пи-Ти - дар сурате, ки бозрасони Ожонс дар мавриди фаъолияти атомии ин кишвар гузориши хилофии воқеъ бидиҳад, ҳақ дорад хостори таъвизи онон шавад.

 

Солеҳӣ ду тан аз бозрасони Ожонсро ба ифшои пеш аз мувъиди гузорише хилофи воқеъ муттаҳам кардааст. Оқои Солеҳӣ гуфтааст, ки дар охирин ҷаласаи Шӯрои Ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энержии Амтомӣ дар Виен, Эрон гузориши ду тан аз бозрасони Ожонсро ғайривоқеъӣ эълом дошт ва ба он эътироз кард ва аз Ожонс хост, ки аз эъзоми онон ба Эрон худдорӣ варзад ва ду нафари дигарро ҷойгузини онон кунад.

 

Пеш аз ин, раиси Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлис низ гуфта буд, ки бархе аз бозрасони Ожонс бар хилофи муқаррарот, "иттилоъоти ғалат" дар ихтиёри расонаҳо қарор медиҳанд ва суол карда буд, ки оё иқдоме дар ин замина манзур шудааст ё на.

 

 

Ҳамчунин ҳафтаи гузашта Маҷлис як фаврияти тарҳи "сиёнат ё нигаҳдорӣ аз дастовардҳои ҳастаӣ"-и Эронро тасвиб кард, ки дар сурати тасвиби ниҳоӣ, давлатро муваззаф мекунад, ки зимни иқдом барои дастёбӣ ба худкифоии ҳастаӣ, ҳамкории атомӣ бо Ожонсро ба таъаҳҳудоти ин кишвар дар чаҳорчӯби "Эн-Пи-Тӣ" мунҳасир созад.

 

Оқои Солеҳӣ гуфт, ки ду бозраси мавриди назар муҳтавои гузориши марбут ба Эронро қабл аз ин ки ба таври расмӣ матраҳ шавад, ифшо карда буданд ва афзуд: "Зимни ин, ки аслан гузориши ғайриҳақиқӣ ҳам доданд, яъне ин ду ваҷҳа сабаб шуд мо аз вуруди ин ду тан бозрас ба Эрон ҷилавгирӣ кунем."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2527-2010-06-22-06-28-52.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854