ҚУБАТ БАЙБОЛОВ: "МАН ЧУНИН НАГУФТААМ"
Ноиби раиси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон ва коменданти шаҳри Ҷалолобод, Қубат Байболов мегӯяд, ба ҳеҷ кас дар бораи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар руйдодҳои Ҷалолобод иттилое надодааст ва намедонад, ин хабар аз куҷо сарчашма гирифтааст. Ҷаноби Байболов рӯзи 16-уми июн телефонӣ ба пурсишҳои кормандони бахшҳои қирғизӣ, узбакӣ ва тоҷикии Радиои Озодӣ посух дод. Вай нахуст гуфт, вазъ дар Ҷалолобод дар ҳоли ҳозир ором аст, мардум ба кӯчаҳо мебароянд, фурӯшгоҳҳо боз мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, фирориён ба манзилҳои худ бармегарданд ва мақомоти маҳаллӣ ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона ба осебзадагони хушунатҳои ахир машғуланд. Сипас, Байболов ба чанде аз пурсишҳои кормандони Бахши узбакии Радиои Озодӣ дар бораи вазъи сокинони шаҳр ва боздошти гумонбаршудагони ошӯб посух дод. Барои ман, ки аз Бахши тоҷикӣ намояндагӣ мекардам, ин изҳороти ҷаноби Байболов хеле суолбарангез буд, ки рӯзи 14-уми июн ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст:
“Ман бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки ин як тахрибкории ғоявӣ ва иғвогарист, ки дар ҷойҳои гуногун мошинҳои сиёҳшиша пайдо шуда, яксон намояндагони ҳарду миллатро мепаронанд. Инҳо гурӯҳҳои ба таври махсус омодашудае мебошанд, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо амри сарнавишт бе василаҳои мавҷудият мондаанд.”
Ин изҳорот дар вокунишҳои шадидеро дар Тоҷикистон ба бор овардааст ва биноан суолу ҷавоби мо чунин ҷараён гирифт:
- Ҷаноби Байболов, дирӯз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Шуморо дар бораи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон рад кард. Шумо дарвоқеъ метавонед, изҳор доред, ки тоҷикон дар он ҷо ширкат кардаанд ва агар чунин аст, каме маълумоти муфассал медодед.
- Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хуб мешуд, пеш аз он ки баёнотеро рад кунад, аввал тафтиш кунад, ки оё чунин баёнот буд ё на. Барои ин заҳмати зиёд даркор набуд, фақат ба ман занг мезаданд ва мепурсиданд. Ман ин хел нагуфтаам. Аз куҷо гирифтаанд ин гапро?
- Хабарро ИТАР-ТАСС ва бархе дигар сомонаҳо нашр кардаанд.
- ИТАР-ТАСС ин иттилоъро аз куҷо гирифтааст, ба ман маълум нест.
- Яъне Шумо чунин изҳорот доданатонро рад мекунед?
- Ман дар ин масъалаҳо одами бисёр ҳассосам ва ҳаргиз бе далелҳои кофӣ дар бораи чизи набуда сӯҳбат намекунам.
- Яъне гуфтаниед, ки чунин фактҳо ҷой надорад?
- На, чунин гуфтанӣ нестам. Ба ин маъно нест. Вақте далелҳои кофӣ ба даст овардем, дар ин бора ба тамоми дунё эълон хоҳем кард.
- Яъне метавон гуфт, дар ҳоли ҳозир чунин далелҳо надоред?
- Фактҳо дорем, аммо далелҳо надорем. Барои дар ин бора баёнот додан бояд маводеро, ки дар даст дорем, таҳлил кунем.
- Агар Шумо чунин нагуфта бошед, ин гапҳо аз куҷо пайдо шудааст ва бо чӣ мақсад?
- Аз куҷо пайдо пайдо шудааст, ман намедонам. Журналист Аркадий Дубнов дар радиои “Эхо Москви” дар бораи ин фактҳо сӯҳбат кардааст. Ман ваъзи Ҷалолободро медонам, вале мумкин вай Ошро дар назар дорад ва мумкин дар он ҷо чунин фактҳо бошанд.
- Хуб, Шумо ки ҳоло дар асл ҳокими Ҷалолобод ҳастед, нерӯҳои давлат дар ин ҷо бо чӣ корҳо машғуланд?
- Милиса ба таъмини тартибу низом машғул аст, додситонӣ ба таҳқиқи воқеаҳо, хадамоти коммуналии шаҳр ҳам вазифаи худро ба ҷо меорад. Хадмоте ҳаст, ки ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона машғул аст, хадамоти тиббӣ бо табобат... Давом диҳам?
- Мушаххастар ҳарф занед. Аз рӯи он чӣ гуфтед, ҳамааш хуб аст ва рӯйдодҳои хунин дигар такрор намешаванд...
- Мо дар ҳамин самт кор мекунем.
- Дирӯз дар сомонаи интернетии Фарғона.ру хабарҳое нашр шуд, ки гӯё дар байни ангезандагон ва тирандозҳо шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Чеченистон ва ҳамчунин русҳо ҳам будаанд. Ин хабарҳо то куҷо асос доранд?
- Дар байни узбакҳо ҳам афроде будаанд, ки ҳам ба тарафи қирғизҳо ва ҳам ба тарафи узбакҳо тирпаронӣ кардаанд. Дар байни онҳо ҳам ангезандагону мубаллиғон будаанд, чунки хайрхоҳони режими Боқиев дар байни узбакҳо ҳам кам нестанд.
- Шумо дар аввали сӯҳбат дар бораи боздоштҳои оммавии гумонбаршудагони даргириҳо хабар додед. Инҳо киҳоянд ва ба чӣ теъдоданд?
- Ман “оммавӣ” нагуфтам. Миқдори кофӣ боздошт шудаанд.
- Кофӣ чӣ қадар? Сад, ҳазор ё ду ҳазор нафар?
- На, ман арқомро гуфта наметавонам.
- Шабонарӯзи оянда ё ҳафтаи оянда вазъ дар Ҷалолободро чӣ гуна мебинед? Чӣ интизориҳо доред?
- Вазъият дар Ҷалолобод зери назорат аст. Ҳама чиз рӯ ба роҳ хоҳад шуд.
Дар поёни мусоҳиба, ки ҳамкорони дигар ҳам дар ҷараёни он аз Қубат Байболов пурсишҳои худро карданд, пеш аз сипосгузорӣ ва хайрухуш вай гуфт, аз ин мусоҳиба розӣ нест ва дар бораи кормандони Радиои Озодӣ пиндошти дигаре дошт ва ҳамин эҳтиромаш буд, ки ба гуфтугӯ ризоят дод. Ҷаноби Байболов бо ин ҳарфҳо ва бидуни шунидани ташаккур ё падруди мо гӯширо гузошт.
Салими Аюбзод, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2500---q--q.html