17:02:06 02-уми Июни 2025 сол

ГУСТАРИШИ НООРОМИҲОИ МАРГБОРИ ҚАВМӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Дар севумин рӯзи даргириҳои қавмӣ дар Қирғизистон, ки ба гуфтаи мақомҳои ин кишвар то кунун наздик ба сад кушта ба ҷой гузошта, хушунат дар ҷануби ин кишвар густариш ёфтааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд мардони мусаллаҳи қирғиз ба тарафи онҳое, ки аз қавми ӯзбак ҳастанд, тирандозӣ карда ва сохтмонҳоро ба оташ кашидаанд. Ҳазорон ӯзбак аз шаҳри Ӯш гурехтаанд. Гузоришгарони Би-би-сӣ мегӯяд дар сатҳи шаҳр садои тирандозӣ шунида мешавад.

 

Рӯзи шанбе давлати муваққати Қирғизистон ба нерӯи амниятӣ иҷоза дод ба рӯйи шӯришиён оташ кушоянд ва аз Клик Русия низ хост сарбоз ба Қирғизистон эъзом кунад. Давлати Русия мегӯяд тасмим надорад дар ин бора мудохила кунад. Русия ва Омрико дар Қирғизистон пойгоҳҳои низомӣ доранд.

 

"ТирандозӢ"

Давлати муваққати Қирғизистон ҳитаи вазъияти фавқулодаро густариш дода ва акнун кулли минтақаи Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби ин кишвар дар вазъияти фавқулода қарор дорад. Яке аз сокинони Ҷалолобод гуфт дар саросари ин шаҳр набард дар ҷараён аст.

 

Ӯ дар тамоси телефунӣ бо хабаргузории Фаронса гуфт: "Дар ҳоли ҳозир, дар хиёбонҳо тирандозӣ мешавад. Лояе аз дуд тамомии шаҳрро пӯшондааст. Сохтмонҳо, аз ҷумла як маркази харид дар шӯълаҳои оташ месӯзад."

 

Ричард Дмитрий, гузоришгари Би-би-сӣ дар Ӯш мегӯяд бим меравад, агар кумакҳои байналмилалӣ нарасад, давлати муваққати Қирғизистон наавонад даргириҳоро маҳор кунад. Ӯ мегӯяд тасовири телевизиюнӣ нишон медиҳад, ки сохтмонҳо дар хиёбонҳои Ӯш ба оташ кашида шуда ва сутунҳои дуд осмонро фаро гирифтааст.

 

Қурбонбенк Боқиев, ки дар моҳи апрел аз мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон барканор шуд ва акнун дар Белорус ба сар мебарад, иттиҳомоти давлати муваққати ин кишварро, ки гуфтааст дар бурузи нооромиҳо даст дошта, инкор кардааст.

 

"Ба ғизо ниёз дорем"

Ҷануби Қирғизистон, яке аз кишварҳои Осиёи Миёна, ки пеш аз ин минтақае мутаъаллиқ ба Шӯравии собиқ буд, панҷу ним милюн нафар ҷамъият дорад ва маҳалли зиндагии тақрибан як милюн ақаллияти қавмии ӯзбак аст.

 

Шоҳидони айнӣ,ки ӯзбак ҳастанд, дар яке аз гузаргоҳҳои марзии миёни Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба гузоришгари Би-би-сӣ гуфтаанд бондҳои мусаллаҳи қирғиз даст ба тороҷ ба ин минтақа задаанд ва сокинонро кушта ва хонаҳоро ба оташ кашидаанд.

 

Яке аз занон илтимоскунон гуфт: "Мо ба ғизову оби ошомиданӣ ниёз дорем. Ман ду писари хурдсол дорам ва мо барои зинда мондан ба ғизо ва об ниёз дорем."

 

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст, ки гузоришҳои дарёфткарда ҳокӣ аз он аст, ки даҳҳо ҳазор нафар аз ғорат ва ҷанг гурехтаанд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки шуморе қирғиз низ кушта ва захмӣ шудаанд. Як хонаводаи қирғиз ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки як писари ӯзбак, ки мусаллаҳ будааст, се марди қирғизро, ки ба самти онҳо мерафтаанд, ба зарби гулӯла аз пой даровардааст.

 

Давлати Покистон мегӯяд яке аз шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Қирғизистон донишҷӯ будааст, дар Ӯш кушта шуда, дар мавриди гузориши рабуда шудани понздаҳ шаҳрванди дигар дар ҳоли таҳқиқ аст. Мақомҳои Қирғизистон мегӯянд беш аз ҳазор нафар дар хушунатҳои ахир маҷруҳ шудаанд. Аммо бархе гузоришҳо ҳокӣ аст, ки омори талафот мумкин аст хеле бештар бошад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2483-2010-06-14-07-14-03.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854