ҚИРҒИЗИСТОН ҲУКМИ ТИРАНДОЗӢ БА ОШӮБГАРОНРО ДОД
Шумори талафоти ҷонии даргириҳо дар ҷануби Қирғизистон ба 97 нафар расидааст. Дар ин бора Вазорати беҳдошти Қирғизистон хабар додааст. Ин вазорат мегӯяд беш аз 1200 нафар ҳам дар дин даргириҳо ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузории "24.kg" аз қавли манобеъи расмӣ менависад, ки давлати муваққати Қирғизистон фармони тирандозӣ ба шӯришиёнро барои барқарории субот содир кардааст. Давлати муваққат ҳамчунин фармони қисман басиҷ кардани нерӯҳои захираро содир кардааст.
Дар ин фармон бар зарурати "анҷоми тадобире барои ба ҳолати ҷангӣ даровардани бахше аз нерӯҳои мусаллаҳ ба манзури таъмини амнияти шаҳрвандон, дифоъ аз низоми қонуни асосӣ, ба эътидол овардани сареъи вазъият, барқарории назму қонун" таъкид шудааст. Ба ин тартиб, басиҷи нерӯҳо бояд аз 13 июн оғоз шавад.
Пештар мақомоти Қирғизистон аз давлати Русия хоста буданд, ки барои муқобала бо шӯришиён теъдоде нерӯи посдори сулҳ ба ин кишвар эъзом кунад. Аммо мақомоти Русия ба ин дархост посухи рад додаанд. Тақрибан 1000 нафар дар асари даргириҳо дар Ӯш ва Ҷалолобод ҷароҳат бардошта ва беш аз 600 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ҷисми бештари онҳо захми тир дида мешавад.
Дар Ҷалолобод, ки 12 июн дар пайи даргириҳои қавмӣ байни қирғизҳову ӯзбакҳо вазъияти изтирорӣ ва муқаррароти манъи рафтуомад эълом шуд, анбӯҳе аз мардум як воҳиди низомиро ба тасарруфи худ даровардаанд. Тибқи бархе гузоришҳо, муҳоҷимон аслиҳа ва муҳиммоти ҷангиро тасарруф карда ва зиреҳпӯшҳоро бо худ бурдаанд.
Дар даргириҳои ин шаҳр ҳашт нафар кушта шудаанд. Тибқи хабарҳо, дар аспреси шаҳри Ҷалолобод ҳудуди панҷ ҳазор нафар аз ҷавонон гирдиҳам омада ва тақозо кардаанд, ки барои ирсоли онҳо ба Ӯш утубусҳо фароҳам карда шаванд.
Фармони тирандозӢ
Хабаргузории "24.kg" дар истинод ба манобеъи расмӣ менависад, ки давлати муваққати Қирғизистон фармони истифода аз силоҳ алайҳи шӯришиёнро содир кардааст. Гуфта мешавад ин фармон ба далели "идомаи даргириҳои қавмии мусаллаҳона ва афзоиши талафоти ҷонӣ дар миёни шаҳрвандони одӣ" содир шудааст. Ин фармон иҷоза медиҳад нерӯҳои интизомӣ ва низомиён дар маҳаллоте, ки вазъияти изтирорӣ эълом шудааст, ба ошӯбгарон тир гушоянд.
Вокуниши Кремлин
Нахустин вокуниши Кремлин ба дархости Бишкек барои фиристодани нерӯ ба Қирғизистонро Наталя Тимакова, сухангӯйи раиси ҷумҳурии Русия, қироат кард. Вай гуфт беназмиҳо дар Қирғизистон як ихтилофи дохилӣ маҳсуб мешавад ва Русия ҳоло ҳеч гуна шароите барои мушорикат дар барқарории суботро намебинад.
Ба гуфтаи хонуми Тимакова, тасмим дар бораи фиристодани нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба Қирғизистон мумкин аст танҳо бар асоси ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва баъд аз мушовара бо ҳамаи аъзои СПАД гирифта шавад.
Тимакова ҳамчунин хабар дод, ки Дмитрий Медведев дастур додааст, ки рӯзи душанбе ҷаласаи мушовараи дабирони Шӯрои Амнияти кишварҳои узви СПАД барои анҷоми тадобире дар заминаи вокуниш ба вазъияти Қирғизистон баргузор шавад.
Нигарониҳои Ӯзбакистон
Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон дар мавриди вазъияти Қирғизистон ибрози нигаронӣ кардааст. Дар баёнияе, ки ин вазоратхона интишор дод, омадааст: "Ҷомеъа ва мардуми Ӯзбакистон дар мавриди ҳаводиси рӯзҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон ибрози нигаронӣ ва ваҳшат мекунанд."
Ин баёния меафзояд: "Нигаронии мо бавижа аз вазъиятест, ки ҳамаи ин қатлу кушторҳои умумӣ, ғорат ва оташсӯзии хонаҳо дар иртибот бо ӯзбактабороне сурат мегирад, ки дар шаҳр ва вилояти Ӯш ба сар мебаранд."
Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон ҳамчунин таъкид мекунад "шубҳае нест, ки ҳамаи инҳо бо таҳрики нерӯҳое анҷом мешавад, ки манофеъи онҳо бо манофеъи мардуми қирғиз комилан бегона аст."
Рӯзи шанбе Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистон, бо ирсоли номае аз Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, дархости кумак карда буд. Дар номаи вай омадааст: "Аз шаби гузашта ба баъд вазъият аз кунтрул хориҷ шудааст ва мо ба вуруди нерӯҳои низоми изофие ниёз дорем, то вазъиятро ба эътидол оварем. Ба ҳамин хотир, мо хостори кумаки Русия ҳастем."
Тибқи гузоришҳо, намояндагони ҷамоъатҳои ӯзбаку қирғиз ҳам аз раиси ҷумҳурии Русия дархости "кумаки сареъ барои барқарории сулҳу субот ва ҳукумати қонун дар ҷануби Қирғизистон ба василаи ворид кардани нерӯҳои посдори сулҳи Русия" шудаанд.
Бар асоси гузориши Интерфакс, баъд аз зуҳри шанбе дар Ӯш, ки маркази беназмиҳои чанд рӯзи ахир аст, садои тирандозӣ мутаваққиф шуда ва дар хиёбонҳо мардум гашту гузор мекунанд. Пештар дар маҳаллоти мухталифи шаҳр садои тирандозӣ аз худкори Калашников шунида мешуд ва ошӯбгарон манозил ва мошинҳоро оташ мезаданд. Хабарҳое низ аз тӯпандозӣ расидааст.
Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" парвози шаби шанбеи худ аз Маскав ба Ӯшро бекор кард. Парвози шабонаи ин ширкат аз Новосибирск ба Ӯш низ лағв шуд. Аммо парвозҳои миёни Маскав ва Ӯш, ки ширкати қирғизии "Манас-авиа" ва ширкати русии "ВИМ-Авиа" анҷом медиҳанд, ҳануз лағв нашудаанд.
АнбӮҳи фирориён дар марз
Он гуна, ки Райҳон Димитрие, хабарнигори Би-би-сӣ, гузориш медиҳад, ҳазорон нафар аз мардуми фирорӣ аз Ӯш дар марзи байни Қирғизистону Ӯзбакистон ҷамъ шудаанд. Бештари онҳоро занону кӯдакони ваҳшатзада аз даргириҳо ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи бархе аз афрод, ки хабарнигори Би-би-сӣ тавонистааст бо онҳо суҳбат кунад, омилони беназмӣ дар Ӯш умдатан мардуми ӯзбакро ҳадафи ҳамалоти худ қарор медиҳанд. Бисёре аз манозили хонаводаҳои ӯзбак ба оташ кашида шудаанд. Бозори марказии шаҳр низ дар ҳариқ уфтода ва дуди ғализе ба фазои шаҳр мепечад.
Рӯзи шанбе Роза Отунбоева эълом кард, ки Қирғизистон марзи худ бо Ӯзбакистонро боз мекунад. Вай гуфт: "Мо тасмим гирифтем, ки марз бо Ӯзбакистонро боз кунем ва бо Тошканд тафоҳум ҳосил кардем, ки занону кӯдакон ва пирамардон тавонанд аз марз гузаранд."
Таниши қавмӢ
Даргириҳо дар Ӯш шаби 10 ба 11 июн шурӯъ шуд. Дар бораи сабабҳои бурузи даргирӣ ва хушунатҳои маргбор дар ҷануби Қирғизистон иттилоъоти зидду нақизе ба даст мерасанд. Павел Громский, рӯзноманигори маҳаллӣ дар Ӯш, ба Би-би-сӣ гуфт, ки бархе гурӯҳҳо талош доранд ангезаҳои қавмии даргириҳо дар ин шаҳрро барҷаста кунанд.
Дар Ӯш ҷамъияти зиёде аз ӯзбактаборон ба сар мебаранд. Ба эътиқоди оқои Громский, эҳтимолан афроди тарафдори Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршуда дар нооромиҳои моҳи апрел, дар даргириҳои ду рӯзи ахир даст доранд.
Дар нимаи дувуми моҳи май даргириҳои мушобеҳе дар шаҳри Ҷалолобод рух дода буд. Дар он ҷо низ ихтилофоти қавмӣ миёни ӯзбакҳову қирғизҳо ангезаи аслии даргириҳо унвон шуда буд. Хушунатбортарин ихтилофи қавмӣ дар Қирғизистон дар соли 1990 рух додааст. Он замон, бар асоси омори расмӣ, дар шаҳри Ӯш тақрибан 1200 нафар аз намояндагони ақаллияти ӯзбак ва аксарияти қирғиз кушта шуда буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2479-2010-06-13-17-36-57.html