18:26:24 01-уми Июли 2025 сол

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ РУСИЯ КӮМАКИ НИЗОМӢ ХОСТ

Ҳукумати муваққати Қирғизистон дар пайи хушунатҳои ахир дар шаҳри ҷанубии Ӯш, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 50 нафар шуд, аз Русия хостори ирсоли кӯмакҳои низомӣ шудааст. Роза Отунбоева, раҳбари муваққати Қирғизистон гуфт, ин кӯмак ба хотири ором кардани вазъ зарур аст. Ӯ гуфт, дар як нома ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Маскав кӯмак хостааст, вале Қирғизистон ҳамчунин аз “кишварҳои севвум” низ хостори чунин кӯмакҳост.

 

Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон рӯзи ҷумъа ҳамчунин гуфт, ошӯб ба сурати умум пахш шудааст, вале зоҳиран дар он гурӯҳҳои фурсатталабе даст доранд. Ба гуфтаи мақомот, аз шоми панҷшанбе ба ин сӯ, бар асари муноқишаҳои миёни ҷавонони қирғизу узбак дар шаҳри Ӯш, ки ба задухӯрд бо нирӯҳои амниятӣ печид, бар замми дастикам 50 қурбонӣ беш аз 660 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

 

Даргириҳо идома дорад

Рӯзи шанбе чандин гурӯҳ ба намояндагӣ аз ақвоми мухталиф талош карданд издиҳомҳои шӯрида дар бахшҳои гуногуни шаҳри Ӯшро ором кунанд. Вале ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, вазъияӣ дар ин шаҳр ноором боқӣ мемонад ва даргириҳо миёни гурӯҳҳои мухталиф идома дорад. 

 

Темур Қамчибеков, муовини шаҳрдори Ӯш дар маҳалли ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе иғворгарони ниқоби низомӣ бар рӯй алайҳи намояндагони ҳарду қавм тир кушода, талош доранд, оташи адовати қавмиро дар ин минтақа алангаи бештар диҳанд.

 

Хабаргузории қирғизии АКИ-Пресс дар ҳамин ҳол дар бораи даргириҳо дар чандин шаҳри дигар низ хабар додааст. The Human Rights Watch, як созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ба мақомоти Қирғизистон дар роҳи таҳти назорат овардани вазъ кӯмак расонад.

 

Фирори узбактаборон аз Ӯш

Бино ба иттилои расида аз Ӯш, ҳазорон сокини узбактабори ин вилоят дар назди сарҳади Қирғизистон бо Узбакистон ҷамъ омадаанд ва аз ҳукумати кишвари ҳамсоя паноҳ хостаанд. Қаблан дар пайи нооромиҳо дар вилояти Ӯш Қирғизистон марзҳои худ бо Узбакистон ва Тоҷикистонро баста буд. Раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон имрӯз эълон намуд, ки барои убури гурезаҳои узбаки ба Узбакистон сарҳадро боз хоҳад кард. Тошканд барои қабули фирориён изҳори омодагӣ кардааст.

 

Вокуниши вазорати хориҷаи Узбакистон

Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо пахши изҳорот аз ҳаводиси рӯзҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон ва ба даргириҳо кашида шудани сокинони узбактабори шаҳри Ӯш изҳори нигаронии шадид кардааст. Дар ин изҳорот омадааст, ҳодисаҳои куштору ғорат ва оташзании манзилҳо аз сӯи гурӯҳҳои харобкор, ки дар қиболи узбактаборони вилояти Ӯш анҷом мешавад, наметавонад ҷомеаи Узбакистонро дар канор гузорад.

 

Вазорати хориҷии Узбакистон гуфтааст, ин амалҳо кори дасти қувваҳоест, ки аҳдофи дарозмуддат доранд ва мехоҳанд, ихтилофоти қавмиро ба бор оварда, вазъи ақаллиятҳои миллӣ дар ҷануби Қирғизистонро таҳаммулнопазир кунанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2477-2010-06-12-16-22-10.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ