09:24:18 01-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ ТАЛАФОТИ ДАРГИРӢ ДАР ҶАНУБИ ҚИРҒИЗИСТОН

Бо вуҷуди изҳороти Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистон, дар мавриди кунтрули вазъият дар шаҳри Ӯш, сокинон аз тирандозиҳои пайваста дар ин шаҳр хабар медиҳанд. Пештар мақомоти Қирғизистон дар шаҳри Ӯш ва навоҳии перомуни он вазъияти фавқулъода эълом карда буданд. Ба гуфтаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон, дар даргириҳои ду рӯзи ахир наздики 40 нафар кушта ва беш аз 330 тани дигар захмӣ шудаанд.

 

Рӯзи ҷумъаи 11 июн Роза Отунбоева, раиси ҷумҳурии муваққати Қирғизистон, мардумро ба оромӣ фаро хонд ва итминон дод, ки вазъият дар вилояти Ӯш таҳти кунтрул аст.

 

Вай гуфт: "Мо муваффақ шудем фаъолияти гурӯҳҳои вайронгарро боздорем. Барои ин мо водор шудем ба шаҳри Ӯш мошинҳои ҷангиро ворид кунем ва маъмурони пулисро дастур бидиҳем, ки ба ҳаво тир андозанд."

 

Ба гуфтаи хонуми Отунбоева, дар ҷараёни даргириҳои шаҳри Ӯш панҷ нафар, ки талош доштанд сохтмони филормунии маҳаллиро оташ зананд, боздошт шудаанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки ихтилофот бояд аз роҳи мусолиматомез рафъ шавад. Хонуми Отунбоева хитоб ба занони қирғиз гуфтааст, ки хешовандони марди худро ба хештандорӣ водор созанд.

 

Вай гуфт: "Хоҳарони азиз, аз каломи муносибе барои шавҳарон, писарон ва бародарони худ кор бигиред. Акнун замони даъват ба душманӣ ва интиқом нест."

 

"ТирандозӢ аз ҳар сӮ"

Аммо сарфи назар аз ин ки мақомоти қирғиз мегӯянд вазъиятро таҳти кунтрул гирифтаанд, сокинони маҳаллӣ ва хабарнигорон аз идомаи тирандозиҳо хабар додаанд. Як хабарнигори ӯзбак, ки Би-би-сӣ тавонист рӯзи ҷумъа бо ӯ иртибот ёбад, гуфт, ки наметавонад сухан гӯяд, зеро "инҷо аз ҳар сӯ тирандозӣ сурат мегирад."

 

Пештар як хабарнигори дигари маҳаллӣ ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки дар хиёбонҳои шаҳри Ӯш шуморе аз мошинҳои ҷангиро дидааст, аммо ба гуфтаи вай, низомиён шаҳрро таҳти кунтрул надоранд.

 

Вай ҳамчунин шоҳиди ин ҳодиса будааст, ки гурӯҳе аз ҷавонон ба сарбозон ҳамла карда ва аслиҳаро аз онон гирифтаанд. Тибқи хабарҳои дигар, узбактабороне, ки дар Ӯш зиндагӣ мекунанд, дар маҳаллоте, ки ҷамъияти бештареро ташкил медиҳанд, сангарҳое барпо кардаанд.

 

Сокинони Ӯш дар Twitter

Дар ин миён, сокинони шаҳри Ӯш дар шабакаи иҷтимоъии Twitter паёмҳое дар бораи вазъияти шаҳр ва навоҳии перомуни он интишор додаанд. Аз ҷумла як нафар бо номи мустаъори "tolkung" менависад: "Ҳарчанд ин иттилоъ дақиқ нест, вале ба мо аз телефун гуфтанд, ки ҷавонони рустоҳои беруни шаҳр (пайкараҳои) Черемушка ва Калининро тахриб кардаанд."

 

Вай меафзояд, ки дар шаҳри Ӯш дастаҳои муҳофизатии иборат аз қирғизҳову ӯзбакҳо таъсис шудаанд. Шаби панҷшанбе як сокини Ӯш ба номи Азамат ба Би-би-сӣ навишт: "Ҳамвора садои худкори Калашников шунида мешавад. Бисёре аз мардум, аз ҷумла ман, хоб надорем, чароғҳоро хомӯш карда, дар хона менишинем. Намедонем то субҳ чи хоҳад шуд."

 

Вай дертар навишт, ки тирандозӣ дар шаҳр ҳаволии субҳ дубора шурӯъ шудааст. Азимбек Бекназаров, муъовини раҳбари давлати муваққати Қирғизистон, гуфт, ки вуқӯъи даргириҳо дар Ӯш ангезаҳои қавмӣ дорад. Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, даргириҳо дар шаҳри Ӯш бештар дар маҳаллоте рух додааст, ки бахши аъзами ҷамъияти онҳоро ӯзбакҳо ташкил медиҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2470-2010-06-11-16-06-46.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854