ДАРГИРИҲОИ МАРГБОР ДАР ҶАНУБИ ҚИРҒИЗИСТОН
Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд дар асари даргириҳои тоза дар ҷануби ин кишвар дастикам 12 нафар кушта ва 126 нафари дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти қирғиз дар шаҳри Ӯш, ки дувумин шаҳри бузурги Қирғизистон маҳсуб мешавад, вазъияти фавқулъода эълом кардаанд. Хабарнигорон мегӯянд, ки шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар маркази шаҳри Ӯш гурӯҳҳое аз ҷавонони хашмгину ошуфта даст ба беназмӣ ва задухӯрдҳое задаанд.
Онҳо шишаи панҷараҳои манозили маскунӣ ва мағозаҳоро шикастаанд. Гузоришҳо ҳокист, ки дар бархе навоҳии перомуни шаҳри Ӯш низ даргириҳое мушоҳида шудааст. Як намояндаи идораи оташнишонӣ ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки дар шаҳр садои шилики гулӯла шунида шудва оташсӯзиҳое ба миён омадаст.
Вай гуфт: "Аз мавориди оташсӯзии мошинҳо ба мо хабар расид, вале оташнишонҳо барои хомӯш кардани оташ нарафтаанд." Ба гуфтаи вай, "оташнишонҳо имкони расидагӣ ба дархостҳои зиёди шаҳрвандонро надоранд."
Азамат ном як сокини Ӯш ба бахши русии Би-би-сӣ навишт: "Ҳамвора садои худкори Калаников шунида мешавад. Бисёре аз мардум, аз ҷумла ман, хоб надорем, чароғҳоро хомуш карда, дар хона менишинем."
Вай дертар хабар дод, ки садои тирпаронӣ бо фарорасии бомдод дубора баланд шудааст. Ба навиштаи хабаргузории ИТАР-ТАСС, рӯзи ҷумъа дар маҳаллоти мухталифи шаҳри Ӯш гурӯҳҳо аз ҷавонони хашмгин гаштугузор кардаанд. Ин манбаъ мегуяд: "Пулис бо шилики тир ба ҳаво аз издиҳоми мардум ҷиалвгирӣ мекунад, аммо тӯдаи мардум талоши ба маркази шаҳр ворид шудан доранд."
Хабаргузории Интерфакс менависад, ки таҷҳизот ва мошинҳои низомӣ вориди Ӯш шудаанд. Як шошҳиди айнӣ юа ин хабаргузорӣ гуфтааст: "Дар яке аз хиёбонҳои марказӣ ҳафт зиреҳпӯш (БМП) ҳаракат мекард, ки болои он низомиён буданд."
Ихтилофи қавмӢ?
Мелисбек Мирзакматов, шаҳрдори Ӯш, ҳаволии соъати 4:40 ба вақти маҳаллӣ дар телевизиюн зоҳир шуд ва мардуми шаҳрро ба оромӣ даъват кард. Вай гуфт: "Ниҳодҳои интизомӣ ҳамаи тадобир барои таҳти назорат гирифтани вазъият дар шаҳрро анҷом медиҳанд."
Фарид Ниёзов, сухангӯйи давлати муваққати Қирғизистон ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки раиси ҷумҳур Роза Отунбоева дар мавриди эъломи вазъияти фавқулъода ва муқаррароти манъи рафтуомад дар соъоти муъайяни шаб дар бархе аз навоҳии кишвар, аз ҷумла дар қаламрави шаҳри Ӯш, фармоне содир кардааст.
Вай гуфт: "Режими вазъияти фавқулъода ва муқаррароти манъи рафтуомад дар соъатҳои 20:00 то 06:00 дар шаҳрҳои Ӯш, Узген ва навоҳии Қаросӯ ва Узген ба иҷро даромадааст.
Ба гуфтаи оқои Ниёзов, вазирони кишвар, амният ва Бактибек Алимбеков, муъовини аввали вазири кишвар, ки масъули вазъияти фавқулъода таъсйин ушдааст, ва ҳамчунин Исмоил Исҳоқов, кафили вазорати дифоъ ва намояндаи вижаи ҳукумати муваққат, ба ҷануби кишвар сафар кардаанд.
Азимбек Бекназаров, муъовини раиси давлати муваққати Қирғизистон, гуфтааст, ки даргирӣ дар шаҳри Ӯш ангезаҳои қавмӣ дорад. Ба навиштаи РИА Новости даргириҳо бештар дар маҳаллоте рух додаанд, ки бахши аъзаме аз ҷамъияти онҳо узбактаборон ҳастанд.
Хабаргузории Интерфакс аз қавли оқои Бекназаров навиштааст: "Дар ҷараёни задухӯрдҳои байни гурӯҳҳои мухталифи ҷавонон беназмии густардае дар шаҳр сурат гирифта ва он бо оташсӯзӣ, қатлу куштор ва типаронӣ ҳамроҳ будааст. Ин беназмиҳо ангезаи қавмӣ доранд."
"Ихтилофоти маҳаллӢ"
Ҳамзамон Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққати Қирғизистон, эълом кардааст, ки "ангезаи беназмиҳои дирӯз даъвоҳои ночизи хусусӣ будааст." Вай гуфт: "Бисёр муттассифем, ки ҷонибҳо натавонистаанд аз хушунат худдорӣ кунанд."
Вай ҳамчунин гуфт: "Танишҳо миёни гурӯҳҳои мухталифи сокинон дар ин минтақа тайи чанд ҳафтаи охир мушоҳида мешуд. Нерӯҳои интизомӣ дар саросари Қирғизистон ба ҳолати омодабош даромадаанд."
Дар нимаи дувуми моҳи май дар шаҳри Ҷалолобод низ, ки дар ҷануби Қирғизистон воқеъ аст, даргириҳои густардае рух дода буд, ки ихтилофи қавмӣ миёни қирғизҳо ва узбактаборон аз ангезаҳои он унвон шуданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2465-2010-06-11-10-04-09.html