ДАҲ САРБОЗИ НОТУ ДАР АФҒОНИСТОН КУШТА ШУДАНД
Дар яке аз маргбортарин рӯзҳои Афғонистон тайи моҳҳои ахир даҳ нерӯи НОТУ, аз ҷумла панҷ сарбози омрикоӣ дар ҷараёни чанд ҳамла дар ин кишвар кушта шуданд. Ба гуфтаи артиши Омрико панҷ низомии ин кишвар дар асари инфиҷори бумбе дастсоз дар шарқи Афғонистон кушта шуданд. Панҷ нерӯи дигари НОТУ низ дар ҷараёни ҳамалоте дар ҷанубу шарқи Афғонистон ҷон доданд. Вазорати дифоъи Бритониё гуфтааст ҳеҷ низомии бритониёӣ дар байни кушташудагон набудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба дастури Борок Убомо 35 ҳазор нерӯи бештари омрикоӣ ахиран вориди Афғонистон шудаанд. Хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул мегӯяд ин нерӯҳо барои амалиёте дар ҷануби вилояти Қандаҳор, пойгоҳи аслии Толибон, омода мешаванд. Ба гуфтаи хабарнигор ҳимояти афкори умумӣ аз ҷанг дар Афғонистон бо афзоиши талафот коҳиш меёбад
Бархе дар Омрико ва Афғонистон идомаи мубориза бо Толибонро зери суол бурдаанд. Ҳамакнун ҳудуди 94 ҳазор сарбози омрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд. Ин рақам базудӣ ба 100 ҳазор нафар хоҳад расид. Соири муттаҳидини НОТУ низ 47 ҳазор сарбоз дар Афғонистон доранд.
Дар ҷараёни нишасти серӯзаи Кобул, ки ҳафтаи пеш баргузор шуд, тарҳи Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, барои гуфтугӯ бо Толибон мавриди ҳимояти раҳбарони қабоили мухталифи ин кишвар қарор гирифтааст. Аммо гурӯҳи Толибон музокира бо ҳукуматро машрут ба хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ кардааст.
Ба гуфтаи хабарнигор артиши Омрико муътақид аст бо афзоиши ҳамалот ба Толибон ва талош барои шикаст додани онҳо бояд ин гурӯҳро маҷбур ба музокира кунад. Нерӯҳои НОТУ ба фосилаи кӯтоҳе пас аз ҳамалоти ёздаҳи сентябри соли 2001 ба Нйу-Йурк ва Вошингтун ба Афғонистон ҳамла карданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2440-2010-06-08-05-27-44.html