17:11:55 02-уми Июни 2025 сол

"ЭРОН БАРОИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ ТАҲРИМҲО БА ДУНБОЛИ БОЗИИ ДИГАРЕ АСТ"

Ҳиларӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико мегӯяд интизор дорад тайи чанд рӯзи оянда Эрон бозии дигаре барои эҷоди ихтилоф дар Шӯрои Амният дар пеш гирад. Хонум Клинтун, ки пеш аз сафар ба кишварҳои Омрикои Ҷанубӣ бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт набояд таъаҷҷуб кард, ки Эрон дар остонаи таҳримҳои бештар мумкин аст "кӯшиш кунад як бори дигар таваҷҷуҳотро аз Иттиҳоди Шӯрои Амният мунҳариф кунад."

 

Омрико умедвор аст тайи ҳафтаи ҷорӣ бо тасвиби қатъномае бар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид таҳримҳои бештаре алайҳи Эрон эъмол кунад. Ҳилорӣ Клинтун гуфт, аммо Эрон эҳтимолан барои ҷилавгирӣ аз тасвиби ин таҳримҳо тайи 24 то 48 соъати оянда хоҳад гуфт: "Як дақиқа сабр кунед, то бубинед мо чи кор мекунем."

 

Вай афзуд Эрон ҳамвора талош карда аз масъулиятпазирӣ худдорӣ кунад. Мақомҳои омрикоӣ гуфтаанд бо вуҷуди мухолифати эҳтимолии Туркия ва Бразил ду узви ғайридоимии Шӯрои Амният, пешнависи қатъномаи ҷадидро ба раъй хоҳанд гузорд. Туркия ва Бразил моҳи гузашта муваффақ шуданд мувофиқати Эрон барои табодули сӯхтро ҷалб кунанд

 

Бар асоси ин тавофуқнома Эрон 1200 килуграм аз урониюми бо ғализии пойинро бо сӯхти 20 дарсадии мавриди ниёз барои реоктури таҳқиқотии Теҳрон дар хоки Туркия мубодила мекунад. Аммо аъзои доими Шӯрои Амният ин мувофиқатномаро кофӣ надониста ва хостори таваққуфи комили ғанисозии урониюм шудаанд.

 

Хонум Клинтун дар посух ба ин суол, ки оё нигарони адами ҳимояти Туркия ва Бразил аз ин қатънома нест, гуфт бояд сабр кард ва дид, аммо дар ҳол раъйи кофӣ барои тасвиби он вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳо дар бораи ҷузъиёти ин қатънома ва пайвастҳои он ҷараён дорад.

 

Асомии мақомҳо ва ширкатҳои эронӣ, ки таҳрим хоҳанд шуд, дар ин пайвастҳо эълом мешавад. Борок Убомо пештар гуфта буд қатъномаи Шӯрои Амният то поёни баҳор тасвиб мешавад. Мақомҳои омрикоӣ мегӯянд Эрон фақат дар сурати фишор ва таҳрими сиёсатҳои атомии худро тағйир хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки Манучеҳр Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон ҳушдор дода таҳримҳои бештар ба маънои "рӯёрӯйӣ" хоҳад буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2430-q---------q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854