БОН КИ-МУН ХОСТОРИ ХОТИМАИ МУҲОСИРАИ ҒАЗЗА ШУД
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостори хотимаи муҳосираи иқтисодии Навори Ғазза шуда ва ваъдаи анҷоми таҳқиқоти қонеъкунанда дар мавриди ҳамла ба киштиҳои имдодрасониро додааст. Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал, дар ҳимоят аз хости кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар мавриди лағви муҳосираи иқтисодии сарзаминҳои фаластинӣ дар Навори Ғазза гуфтааст, ки Исроил бояд ба муҳосираи иқтисодии ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ "фавран хотима диҳад".
Оқои Бон дар ҳоле дархости хотимаи муҳосираи иқтисодии Ғаззаро матраҳ карда, ки ба талош барои таъйини наҳваи иҷрои баёнияи мусаввабаи Шӯрои Амният дар мавриди моҷарои амалиёти низомии кумондуҳои исроилӣ дар киштиҳои ҳомили ақломи башардӯстона барои Ғазза идома медиҳад.
Баёнияи раиси Шӯрои Амният, ки ба тасвиби тамомии аъзои Шӯро расида, зимни маҳкум кардани ҳаводиси мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани чандин нафар дар ҷараёни пиёда шудани кумондуҳои исроилӣ дар киштиҳои озими Ғазза, хостори анҷоми таҳқиқот дар мавриди чигунагии бурузи ин моҷаро шудааст. Давлати Исроил гуфтааст, ки низомиёни ин кишвар, ки низомиёни ин кишвар, ки барои мутаваққиф кардани киштиҳои озими Ғазза ин иттиҳомро рад карда ва маъмурони исроилиро ба оғози ҳамла муттаҳам кардаанд.
Баёнияи Шӯрои Амният дар "шаффоф, қонеъкунанда ва бетарафона будани" таҳқиқоти мустақил дар мавриди ҳодисаи ҳамла ба сарнишинони киштиҳои кумакрасонӣ таъкид дорад, аммо чигунагии анҷоми ин таҳқиқот ва созмон ё ниҳоди масъули онро таъйин накардааст.
Исроил ва Омрико гуфтаанд, ки таҳқиқоти мустақил бояд тавассути Исроил сурат гирад, бархе кишварҳои узви Шӯрои Амният ҳам гуфтаанд, ки давлати Исроил дар гузашта гурӯҳҳоеро барои баррасии ҳаводисе мушобеҳ таъйин карда, ки бо бетарафӣ ба таҳқиқ пардохта ва аз интиқод аз иқдомоти давлат ва ниҳодҳои вобаста ба он низ ибое надоштаанд.
Дар муқобил, мухолифони Исроил таъкид доранд, ки таҳқиқоти мавриди назари Шӯрои Амният бояд тавассути як ҳайъати байналмилалӣ сурат гирад, то натанҳо зомини бетарафии натоиҷи таҳқиқот бошад, балки нохурсандии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз давлати Исроил низ ба ин тартиб иброз шавад.
Оқои Бон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфтааст, ки "саъй хоҳам кард таҳқиқот дар мавриди ин ҳодиса то он ҷо, ки имконпазир аст, ба наҳве қобили қабул, бетарафона ва шаффоф сурат гирад ва лозим аст мақомоти исроилӣ дар сареътарин вақт, иттилоъот ва ҷузъиёти комилеро дар мавриди заминаи вуқуъи ҳодиса ва шароити он дар иихтиёри гурӯҳи таҳқиқ қарор диҳанд."
Манобеъи диплумотик ҳамчунин таъкид доштаанд, ки таҳқиқоти мавриди назари Шӯрои Амният бояд иқдоми Исроил дар пиёда кардани нафароти низомии худ бар киштиҳои ғайринизомӣ дар обҳои байналмилалиро аз лиҳози ҳуқуқи байналмилал, бахусус қавонини нозир бар озодии киштиронӣ дар обҳои байналмилал ҳам мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Бархе аз коршиносони ҳуқуқи башари байналмилал пиёда шудани кумондуҳои исроилӣ дар киштиҳои хориҷӣ ҳангоми ҳаракати онҳо дар обҳои байналмилалиро муғойири ҳаққи озодии рафту омади дарёӣ дониста ва ҳатто ин иқдомро ба роҳзании дарёӣ ташбеҳ карда ва хостори муҷозоти Исройил шудаанд.
Дар муқобил, мақомоти байналмилалӣ ва бархе дигар аз ҳуқуқдонон гуфтаанд, ки кумондуҳои исроилӣ дар иқдоме пешгирона ва ба манзури ҳусули итминон аз адами ирсоли таслиҳот ва ақломи мамнуъа ба Ғазза дар киштиҳо пиёда шуданд ва иқдоми онон бо қавонини рафту омади дарёӣ мувофоте надоштааст.
Фишор барои лағви муҳосираи Ғазза
Ба гуфтаи ин гурӯҳ аз мудофеъони Исроил, давлати ин кишвар бар асоси тавофуқномаҳои сулҳ бо фаластиниён ва мусавваботи марбут ба хуруҷи якҷониба аз Навори Ғазза, ҳаққи назорат бар рафту омад ба савоҳили Ғаззаро дорад ва пеш аз ҳамла ба киштиҳои озими Ғазза, омодагии худро барои интиқоли маҳмулаи киштиҳо ба Ғазза аз тариқи хоки ин кишвар ё Миср эълом дошта буд, ки аз сӯйи созмондиҳандагони корвони ҳомили ақломи башардӯстона рад шуд.
Аз се сол пеш, ки ҷунбиши Ҳамос пас аз ихроҷи маъмурони Ташкилоти худгардони фаластинӣ аз Навори Ғазза идораи умури ин минтақаро дар даст гирифт, Исроил камобеш ба таври доим маҳдудиятҳоеро дар мавриди рафту омади афрод ва ҳамлу нақли коло ба ин сарзамин ба иҷро гузоштааст.
Давлати Исроил ҷунбиши Ҳамосро ба ҳимоят аз амалиёти мусаллаҳонаи тундравҳои фаластинӣ аз Ғазза алайҳи Исроил муттаҳам карда ва далели муҳосираи иқтисодии ин минтақаро ҷилавгирӣ аз дастрасии ин гурӯҳҳо ба имконоти идомаи ҳамла ба шаҳрвандони худ тавсиф кардааст.
Дар муқобил, созмонҳои мудофеъи фаластиниён гуфтаанд, ки Исроил аз вуруди бисёре аз ақлом ва колоҳои мавриди ниёзи мардуми оддии Ғазза низ ҷилавгирӣ мекунад ва муҳосираи иқтисодии ин сарзамин, ҳамроҳ бо қатъи бахши умдае аз кумакҳои хориҷӣ ба ташкилоти идории Ҳамос, шароити иқтисодии душвореро бар сокинони ин минтақа таҳмил кардааст.
Воқеъаи ҳамла ба киштиҳои озими Навори Ғазза бори дигар мушкилоти иқтисодии сокинони ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ ва дархости поён додан ба муҳосираи иқтисодии Ғаззаро дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ сохтааст.
Тони Блэр, намоянда гурӯҳи чаҳоргонаи сулҳи Исроил муташаккил аз Омрико, Русия, Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо, гуфтааст, ки Исроил бояд аз шиддати муҳосираи иқтисодии Ғазза бикоҳад ва барои ҳамлу нақли коло ба ин минтақа озодии бештареро дар назар бигирад.
Вай дар айни ҳол гуфтааст, ки ба далели мавзеъгирии сиёсии давлати Исроил дар ҳоли ҳозир интизори лағви комили муҳосираи Ғазза дар ҳоли ҳозир "воқеъбинона" нест, аммо лозим аст Исроил тасҳилоти бештареро дар ихтиёри сокинони Ғазза қарор диҳад.
Ҳамзамон мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки киштиҳои ҳомили ақломи башардӯстона барои Ғаззаро, ки ба бандари исроилии Ашдуд искурт карда буданд, тахлия карда ва бори онҳоро бо теъдоде комюн аз тариқи хоки Исроил ба Навори Ғазза фиристодаанд ва ташкилоти Ҳамосро муттаҳам сохтаанд, ки аз таҳвили ин ақлом худдорӣ кардааст.
Дар муқобил, мақомоти Ҳамос Исроилро ба худдорӣ аз ирсоли тамомии муҳтавои бори киштиҳо муттаҳам карда ва гуфтаанд танҳо бо ирсоли тамомии маҳмулаи киштиҳо ва озодии сарнишиноне, ки ҳанӯз дар боздошт ба сар мебаранд, ба комюнҳои ҳомили ақломи башардӯстона, иҷозаи вуруд ба Ғаззаро хоҳанд дод. Шомгоҳи гузашта, мақомоти исроилӣ аз озодии тамомии сарнишинони киштӣ, ки дар боздошт буданд, хабар дода ва гуфтаанд, ки онон ба кишварҳои худ бозгаштаанд.
Дар Эрон шабакаи телевизиюнии Пресс ТВ, мутаъаллиқ ба давлати Ҷумҳурии Исломӣ, аз озодии хабарнигори ин шабака, ки аз сарнишинони корвони имдодрасонӣ буда, хабар дода ва изҳороти ӯ дар мавриди моҷарои ҳамлаи кумондуҳои исроилиро пахш кардааст. Ба гуфтаи вай, даргирӣ дар киштӣ замоне оғоз шуд, ки низомиёни исроилӣ ба сӯйи сарнишинони киштӣ тирандозӣ карданд ва сарнишинони киштӣ ҳам бо чумоқ ва чӯб ва ҳатто дасти холӣ ба муқобила бо онон пардохтанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2407-2010-06-03-12-39-05.html