17:08:27 02-уми Июни 2025 сол

ШӮРОИ АМНИЯТ ИҚДОМИ НИЗОМИИ ИСРОЙИЛРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи маргбори кумондуҳои Исройил ба корвони дарёии озими Ғаззаро баррасӣ мекунад. Бар асоси гузоришҳо, пешнависи санаде, ки дар Шӯрои Амният матраҳ шудааст, зимни маҳкум кардани иқдоми Исройил, хоҳони анҷоми таҳқиқоти мустақили байналмилалӣ дар бораи ин моҷаро мешавад. Аксари аъзои Шӯрои Амният аз ҷумла Чин, Русия ва Фаронса ба таври ҷудогона хоҳони поёни муҳосираи Ғазза аз сӯйи Исройил шудаанд.

 

Чин сароҳатан ҳамлаи Исройилро, ки дасти кам нуҳ кушта бар ҷой гузошт, маҳкум кардаст. Аммо Омрико, муттаҳиди аслии Исройил, мавзеъи эҳтиёткоронае иттихоз кардааст. Вазорати умури хориҷаи Омрико аз марги “ғамангез” ва маҷруҳ шудани афрод дар ин воқеъа ибрози таассуфи амиқ кард. Пи Ҷи Кровли, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико, бо интишори баёнияе гуфт: “Мо дар талошем то воқеъиятҳои моҷароро дарёбем ва интизор дорем, ки давлати Исройил дар бораи он таҳқиқоте комил ва муътабар анҷом диҳад.”

 

Ин мақоми Омрико дар бораи “ранҷ”-и мардуми Ғазза ибрози нигаронӣ кард, аммо гуфт, ки “мудохилаи” гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар фаъолиятҳои гурӯҳҳои имдодгар, раванди ирсоли кумакҳои башардӯстона ба сокинони Ғаззаро бо мушкил рӯбарӯ мекунад. Диплумотҳои кишварҳои узви Шӯрои Амният душанбе баъд аз ҷаласаи аланӣ, ки ҳудуди як соъату ним тӯл кашид, музокироти хусусӣ барои тадвини пешнависи санаде дар бораи иқдоми Исройилро оғоз карданд. Туркия, узви ғайридоими Шӯрои Амният, сафири худро аз Исройил фаро хонда, монуври низомии муштарак бо Исройилро лағв карда ва ин кишварро ба “терурисми давлатӣ” муттаҳам кардааст.

 

Таассуфи Исройил

Бинёмин Натонёҳу, нахуствазири Исройил, аз марги дасти кам нуҳ нафар дар яке аз киштиҳои ҳомили кумак ба Ғазза ибрози таассуф кардааст. Аммо ӯ гуфт низомиёни исройилӣ ба далели заработи чумоқ ва чоқуи тарафи муқобил маҷбур бадифоъ аз худшуданд. Гурӯҳҳои тарафдори фаластиниҳо мегӯянд сарбозони исройилӣ пас ахз вуруд ба киштӣ бидуни он ки мавриди ҳамла қарор гиранд, тирандозӣ карданд.

 

Ин ҳодиса бомдоди рӯзи душанбе ва ҳангоме ки киштиҳои ҳомили садҳо фаъоли сулҳ дар садади шикастани муҳосираи Навори Ғазза тавассути Исройил буданд, рух дод. Кумондуи исройилӣ дар обҳои байналмилалӣ ба ин киштиҳо ҳамла карданд ва дасти кам нуҳ фаъоли сулҳро кушта ва шумореро низ захмӣ карданд. Ин ҳодиса маҳкумияти ҷаҳониро барои Исройил ба ҳамроҳ дошт. Оқои Натонёҳу сафари худ ба Конодоро ниматамом гузошта ва ба Исройил бозгаштааст. Ӯ дидори худ бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрикоро, ки қарор буд сешанбе дар Вошингтун анҷом шавад, лағв кардааст.

 

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, Исройилро муттаҳам ба иртикобитерурисми давлатии ғайриинсонӣкардааст ва гуфтааст Туркия хостори ташкили ҷаласаи паймони НОТУ барои расидагӣ ба ин ҳодиса, ки дар обҳои байналмилалӣ иттифоқ афтода, хоҳад шуд. Бархе манобеъи исройилӣ, иқдом ба ирсоли маводди имдодӣ ба Ғаззаротаблиғоти мубтазали сиёсӣтавсиф карда ва гуфта буданд, ки ҳар рӯза садҳо тан ақломи мавриди ниёзи сокиноин Ғазза аз тариқи хоки Исройил ба ин минтақа ирсол мешавад ва ниёзе ба вуруди чанд тан маводди имдодӣ аз тариқи дарё нест.

 

Бархе созмонҳои имдодии байналмилалӣ ин мавзеъро рад мекунанд. Ҳадафи шиноварҳои имдодрасонӣ шикастани муҳосираи Ғазза ва водор кардани Исройил ба додани иҷозаи рафту омади озод ба ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ будааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2395-2010-06-01-09-36-06.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854