ФАРМОНДЕҲИ АМАЛИЁТИИ АЛҚОЪИДА КУШТА ШУД
Бар асоси гузоришҳо, Мустафо Абӯязид, севумин мақоми аршади шабакаи Алқоъида, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Омрико кушта шудааст.
Мақомҳои иттилоъотии Омрико, ки хостаанд ношинос боқӣ бимонанд, ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки "далоили қавӣ" дар даст доранд, ки нишон медиҳад Мустафо Абӯязид ахиран тайи ҳамлаи ҳавоӣ дар манотиқи қабиланишини Покистон кушта шудааст. Бар асоси гузоришҳо, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Омрико ба таври мураттаб Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубии Покистонро, ки тарафдорони Алқоъида ва Толибон дар он ҳузур доранд, ҳадаф қарор медиҳанд.
Давлати Омрико масъулияти ин ҳамалотро расман ба ӯҳда намегирад. Омрико Мустафо Абӯязидро, ки мисрӣ аст, фармондеҳи амалиётии Алқоъида дар Афғонистон медонад. Ба бовари Омрико, Мустафо Абӯязид дар таъмини молӣ ва тадорукотии ҳамлаҳои Алқоъида нақши муҳимме ифо карда ва дар таъмини молии ҳамалоти 11 сентябри 2001 низ даст дошт.
Хабари кушта шудани вай ибтидо тавассути як вебсойти омрикоӣ, ки сойтҳои наздик ба Алқоъидаро зери назар мегирад, мунташир шуд. Омрико Усома бин Лодинро раҳбари аслии Алқоъида ва Айман аз-Завоҳириро мақоми шумораи дуи ин шабака медонад ва барои дастгирӣ ва кушта шудани ин ду нафар ҷавоизи калоне дар назар гирифтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2394-2010-06-01-06-04-34.html