АҲМАДИНАЖОД: ИТТИҲОМ "АЗ АСОС НОДУРУСТ АСТ."
Маҳмуди Аҳмадинажод раиси ҷумҳури Эрон мадорики чопшуда дар рӯзнома бритониёии Таймз мабни бар ин ки Эрон дар садади озмоиши қитъаоти лозим барои тавлиди бумби атумӣ астро "ҷаълӣ" хонд.Оқои Аҳмадинажод дар ин мусоҳиба, ки рӯзи ҷумъа анҷом шуд, вале шаби гузашта аз шабакаи Эйбисии Омрико пахш шуд, гуфт иттиҳомҳои мунташиршуда дар ин рӯзнома "аз асос нодуруст аст."
Рӯзномаи Таймз ҳафтаи гузашта бо интишори мадорике навишта буд Эрон дар садади озмоиши оғозгари нейтрунӣ аст, ки ба унвони моша ё чошнии инфиҷорӣ дар бумби атумӣ ба кор меравад ва корбурди сулҳомез надорад. Вазорати хориҷаи Эрон билофосила ин иттиҳомро рад кард ва онҳоро бахше аз "ҷанги равонии" Ғарб хонд.
Оқои Аҳмадинажод низ дар мусоҳибаи ёдшуда гуфт интиқод аз барномаи атумии Эрон ба "ҷуки (латифа) такрорӣ ва бемаззае" табдил шудааст. Аммо ҳангоме ки Доён Сойер, хабарнигори Энбисӣ бо нишон додани мадорик ба ӯ гуфт чи тавр онҳоро ҷук мехонад, гуфт ин коғазҳо ҳамагӣ тавассути давлати Омрико ҷаъл ва пахш шудаанд.
Маҳмуди Аҳмадинажод дар посух ба ин савол, ки оё ҳозир аст ба мардуми Омрико бигӯяд Эрон ҳаргиз ба дунболи силоҳи атумӣ нест, гуфт: Ҳамон тавр ки Эрон қаблан ҳам эълон карда ба дунболи силоҳи атумӣ нест.
Вай гуфт Эрон панҷараи музокиротро набаста хоҳони гуфтугӯҳо дар "шароити одилона" аст ва гарчи ба дунболи тақобул нест, аммо таслими зӯргӯӣ ҳам намешавад. Маҳмуди Аҳмадинажод бархурдҳои хушунатомези ҳукумат бо тазоҳуркунандагонро рад кард ва гуфт: "Дар Эрон беш аз Омрико озодӣ вуҷуд дорад."
Ӯ дар вокуниш ба дастгирии ҳазорон фаъоли сиёсӣ ва эъдоми чанд нафар тайи чанд ҳафтаи гузашта гуфт ин масоил ба қувваи қазоия марбут мешавад, кишвар қонун дорад ва онҳо ҳам вакил доранд.
Би-Би-Сӣ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1387-ahmadinejad-ittihom-az-asos-nodurust-ast.html