08:34:38 02-уми Июли 2025 сол

АМАЛИЁТИ БУЗУРГИ ФАРОНСА ДАР АФҒОНИСТОН

Беш аз 1100 тан аз нерӯҳои мустақар дар Афғонистон амалиёти густардае дар дараи Узбин, воқеъ дар шарқи ин кишвар, оғоз кардаанд. Ин нерӯҳо шомили 800 нерӯи вижаи фаронсавӣ ҳамроҳ бо сарбозони омрикоӣ ва афғон мешавад.

 

Сарҳанг Бенуа Дурио (Benoit Durieux), узви Легиони хориҷии Фаронса, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст меҳвари ин амалиёт тасбити муҷаддади нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шимоли дараи Узбин аст. Дар ҷараёни ҳамлаи ғофилгиронаи Толибон дар августи 2008 даҳ сарбози фаронсавӣ кушта ва 21 тан низ захмӣ шуданд. Ин яке аз бештарин талафоти нерӯҳои байналмилалии таҳти фармондеҳии НОТУ буд.

 

Нерӯҳои фаронсавӣ низ аз инфиҷори соли 1983-и Бейрут, ки ба кушта шудани 58 чатрбози фаронсавӣ мунҷар шуд, чунин талафоте надоштанд. Амалиёти ахир ба дунболи чанд ҳафта гуфтугӯ байни нерӯҳои хориҷӣ бо рустоиёни маҳаллӣ анҷом мешавад.

 

Камини соли гузаштаи Толибон дар ҳаволии Сарубӣ, минатқае воқеъ дар 50 килуметрии шарқи Кобул рух дод ва ҳокӣ аз афзоиши қудрати шӯришиён ва наздик шудани онҳо ба пойтахти Афғонистон буд. Сухангӯйи артиши Фаронса дар бораи ҳадафи амалиёти рӯзи панҷшанбе гуфт: "Намоиши қудрат аст... то мардуми маҳаллӣ аз ҳузури мо мутмаъин бошанд."

 

Нерӯҳои фаронсавӣ дар садади афроштани парчами Афғонистон дар рустое истротежик дар дараи Узбин ҳастанд. Гуфта мешавад, соъоте пеш аз пешравӣ дар ин амалиёт, шӯришиён бо хумпора ва мусалсалҳои сангини худ муқобила карданд ва нерӯҳои фаронсавӣ низ ба оташи онҳо посух доданд. Ҳавопаймои омрикоӣ ва фаронсавӣ низ аз онҳо пуштибонӣ карданд.

 

Панҷ сарбози омрикоӣ захмӣ шуданд, ки ҳоли се тан аз онон вахим аст. Захмиҳо бо чархбол ба пойгоҳи ҳавоии Багром мунтақил шуданд. Ин даргирӣ ба муддати навад дақиқа идома ёфт. Ба гуфтаи як сухангӯйи артиши Фаронса ҳадди ақал як ҷангҷӯйи Толибон кушта ва се тан низ захмӣ шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1345-amaliyoti-buzurgi-faronsa-dar-afghoniston.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ