17:59:55 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАСИЯТНОМАИ ЧАРЛИ ЧАПЛИН БА ДУХТАРАШ - 1

ЧАРЛЗ СПЕНСЕР (ЧАРЛИ) ЧАПЛИН 1889-1977

Бозигари кино ва театр, намоишноманавис, оҳангсоз ва коргардони амрикоӣ ва англисӣ. Устоди комили киносоз эҷодгари яке аз барҷастатарин симоҳои кинои ҷаҳонӣ – овора. Адиби мутафаккири бузург Ҷорҷ Бернард Шоу гуфтааст: “Санъати кино танҳо як нобиғаро ба ҷаҳон дод, ки он Чарли Чаплин аст”.

vasiyati-charli-chaplin 54451221Духтараки ман!

Ҳоло шаби Мелод аст. Ҳамаи сарбозони мусаллаҳи қалъаи кӯчаки ман хуфтаанд. Бародари ту, хоҳари ту хобидаанд. Ҳатто модарат ҳам акнун хоб аст. Ман, вақте ки ба ин ҳуҷраи нимаравшан мегузаштам, қариб буд онҳоро бедор кунам. Ту чи қадр дурӣ аз ман! Вале бигзор кӯр шавам, агар тасвири ту ҳамеша дар пеши чашмони ман набошад. Сурати ту ин ҷост, рӯйи миз, ин ҷост, наздики дили ман. Аммо ту куҷоӣ? Он ҷо, дар Пориси афсонавӣ, рӯйи саҳнаи пуршукӯҳи театр дар майдонҳои Елисей мерақсӣ.

Ман ин ҳамаро хуб медонам, вале дар ҳар ҳол чунин меангорам, ки дар ин сукути шабонгоҳӣ шарфаи пойҳои туро мешунавам, чашмони туро, ки чун ситора бар осмони зимистонӣ медурахшанд, мебинам.

Ман мешунавам, ту дар ин намоиши нуронии идона нақши шаҳбонуи порсро мебозӣ, ки асири хони тотор шудааст. Зебо бошу бирақс! Ситора бошу бидурахш! Вале агар таҳсин ва сипоси ҷамъият туро маст кунад, агар накҳати гулҳои нисоршуда саратро бичархонад, пас ба гӯшае бинишин ва номаи маро бихон ва ба садои дили худ гӯш бидеҳ. Ман падари ту ҳастам, Ҷералдина!

Ман Чарли, Чарли Чаплинам! Медонӣ чи шабҳоеро канори катчаи ту нишастам, он гоҳ, ки ту хеле хурд будӣ ва бароят аз маликаи хуфта, аз аждаҳои бехоб ҳикоятҳо кардам? Ва он гоҳ ки хоб бар чашмони пиронаи ман фишор меовард, ман бар ӯ решханд мезадам ва мегуфтам: “Дур шав! Хоби ман орзуи духтараки ман аст!”

Ман орзуҳои туро дидам, Ҷералдина, ояндаи туро, имрӯзи туро дидам. Ман духтареро дидам, ки рӯйи саҳна фариштаи шиновар бар осмонро мерақсид. Шунидам, ки издиҳом мегуфт: “Ин духтарро мебинед? Ӯ духтари масхарабози пирест. Ёд доред, номи ӯ Чарли буд?”. Бале манам Чарли! Манам масхарабози пир! Имрӯз навбати туст. Ман бо шалвори васеъи пора мерақсидам ва ту бо пироҳани абрешими шаҳбону мерақсӣ.

Ин рақсҳо ва ҳангомаи кафкӯбиҳо туро гоҳо бар осмон мебарад. Парвоз бикун! Парвоз бикун он сӯ! Вале ба замин низ фуруд биё! Ту бояд зиндагии мардумро бубинӣ, зиндагии он раққосони хиёбониро, ки аз сардиву гуруснагӣ меларзанду мерақсанд. Ман мисли онҳо будам, Ҷералдина. Дар он шабҳо, дар он шабҳои сеҳрангезе, ки ту бо аллаву афсонаҳои ман хоб будӣ, ман шабзиндадорӣ мекардам.

Ман ба чеҳраяки ту нигоҳ мекардам, зарабони дилакатро мешунидам ва аз худ мепурсидам: “Чарли, магар замоне, ин гурбаяк туро хоҳад донист?”. Ту маро намедонӣ, Ҷералдина. Дар он шабҳои тулонӣ бароят афсонаҳои бисёре гуфтам, вале афсонаи худро ҳаргиз. Аммо он ҳам аҷиб аст. Ин афсонаест дар бораи масхарабози гурусна, ки дар маҳаллаҳои фақирони Лондон месуруду мерақсид ва пасон садақа мечид.

Ин аст афсонаи ман! Ман дарёфтам, ки гуруснагӣ чист, сарпаноҳе надоштан чист. Беш аз инҳо, ман дарди ҳақирии масхарабози овораро таҳаммул кардам, ки дар синааш уқёнуси ғурур мавҷ мезанад ва ин ғурурро тангаҳое, ки ба сӯяш мепартоянд, захмиву хуншор мекунанд. Бо ин ҳама ман зиндаам ҳанӯз ва ин ҳарфҳоро бигзорему бигзарем.

Беҳтар аст дар бораи ту бигӯем. Баъди номи ту – Ҷералдина насаби ман меояд – Чаплин. Бо ин насаб беш аз чиҳил сол ман одамонро дар рӯйи замин хандондам. Вале беш аз хандаи онҳо ман гиристаам. Ҷералдина, дар дунёе, ки ту ба сар мебарӣ, танҳо як рақсу мусиқӣ нест. Ними шаб, вақте ки ту аз солуни бузург хориҷ мешавӣ, метавонӣ мухлисони сарватмандро фаромӯш кунӣ, вале фаромӯш накун, ки аз ронандаи таксие ки туро ба хона мебарад, ҳоли ҳамсарашро бипурсӣ.

Ва агар ҳамсараш обастан бошад, агар барои парпечи тифл пул надошта бошанд, ноаён ба ҷайбаш пул бигузор. Ман дастур додам, ки бонк ин хароҷоти туро пардохт намояд. Вале дигар музди ҳамаро қатъан бо ҳисоб бидеҳ. Гоҳ– гоҳе бо метро бирав, ё бо автобус ё пиёда бирав ва шаҳрро мушоҳида кун.

(идома дорад)

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi