09:59:59 04-уми Июни 2025 сол

Сушмо Сувораҷ-яке аз сиёсатмадорони обрӯманди Ҳинд аз олам даргузашт

Сушмо Сувораҷ, яке аз маъруфтарин сиёсатмадорони Ҳинд, вакили собиқи Девони олӣ ва вазири хориҷии собиқи ин кишвар рӯзе қабл бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт. Сушмо Сувораҷ баъди Индира Гандӣ дуввумин зане буда, ки ба вазифаи вазири умури хориҷӣ расидааст.

india 12455656Хабаргузориҳои давлатии Ҳинд иттилоъ доданд, ки хонум Сувораҷ, ки муддати панҷ сол вазири умури хориҷии ин кишвар буд, рӯзи сешанбе дучори исти қалбӣ шуд.

Ӯ дар давраи аввали сарвазирии Норандо Модӣ аз ҷумлаи вузарои маҳбуби ин кишвар маҳсуб мешуд, аммо соли ҷорӣ шояд ба иллати беморӣ дар интихоботи парлумонӣ ширкат накард.

Сушмо Сувораҷ замоне маъруфият пайдо кард, ки ба шаҳрвандони саргардон дар хориҷи кишвараш кумак кард. Аз тариқи Твиттер ба дархостҳои онҳо вокуниш нишон медод ва ба имдодашон мерасид.

Норандо Модӣ, Садриаъзами Ҳинд дар паёме аз тариқи Тветтер навиштааст: “Фасли бушукӯҳе дар сиёсати Ҳинд баста шуд. Ҳинд дар сӯги даргузашти роҳбари шоистае нишастааст, ки зиндагиашро сарфи хидмат ба мардум кард”.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854