09:53:47 04-уми Июни 2025 сол

Дар садамаи Рязан 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд

Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар шаҳри Маскав хабари садамама маргбори ду мошин дар 402-умин километри роҳи М-5 дар наздикии рустои Пичкиряевои ноҳияи Сасовскии вилояти Рязанро тайид кард.

sadama 4455446556Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ки ду мошин - микроавтобуси Mercedes ва Toyota Land Cruiser Prado  ба ҳам бархӯрданд. Замони садама дар дохили микроавтобус 11 нафар ҳузур доштанд, ки як нафари онҳо ҳамагӣ 12 сол дошт. Дар дохили мошини сабукрав 2 нафар менишастанд.

Бар асари садама 6 нафар ҷони худро аз даст доданд, 5 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд, ки як тани онҳо ҳамон кӯдаки 12-сола мебошад.

Дар айни замон гурӯҳи тафтишотии фаврӣ ва хадамоти роҳ дар ҷойи ҳодиса ҷузъиёти рӯйдодро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаанд. Аз ҷумла, Сергей Личинин, як мақоми идораи бозрасии давлатии автомобилии Рязан ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки дар иртибот ба ин садамаи пурқурбонӣ таҳқиқ оғоз шудааст ва аз рӯи натиҷаҳои он хулосаи худро эълон мекунанд. Вале аз ҳоло пулиси роҳи Русия тахмин задааст, ки садама гӯё бо айби ронандаи мусофирбар рух додааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ шоҳидон иброз доштаанд, ки дар роҳ ронандаи мусофирбарро ду бор хоб бурду ӯро бедор карда буданд.

Дар ҳамин ҳол Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар мусофирбаре, ки ба садама дучор шуд, 12 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд. Ба қавли Аҳмадӣ, шаш нафари онҳо, аз ҷумла Назираи 14-сола ба ҳалокат расида, шаш нафари дигар дар беморхонаи ноҳияҳои Шатский ва Сасов бистарӣ карда шуданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар садамаи субҳи 6-уми август ҳалок ва маҷруҳ шудаанд, аз 12 то 45-сола мебошанд. Чаҳор нафари онҳо узви як оила будаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон исми ҳалокшудагон ва маҷрӯҳонро расонаӣ кардааст:

Назира Назримоваи 14-сола,

Гулдона Назримоваи 36-сола,

Абдулло Саидови 45-сола,

Валиҷон Маҳмудови 30-сола,

Ислом Халилови 45-сола

ва Фирӯз Муллоеви 42-сола ба ҳалокат расиданд.

Рӯйхати захмиён:

Аҳмедов Раҳмон Тоҳирович, 02.05.1991 с.т.

Атоев Файзалӣ Файзуллоевич 16.04.1988 с.т.

Баротов Фурқат Зокирович, 1971 с.т.

Алиев Самандар Валиевич, 02.03.1981 с.т.

Назримов Ҷовидон Ҷамшедович 14.01.2007 с.т.

Саидов Саидхон Фатҳуллоевич 14.08.1984 с.т.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854