Ҳукми зиндони хабарнигори “Washington Post” бо ҷурми ҷосусӣ
Додгоҳи Эрон Ҷейсон Ризоиён - хабарнигори эронитабори рӯзномаи амрикоии “Washington Post”-ро равонаи зиндон кардааст.
Додгоҳи Эрон Ҷейсон Ризоиён - хабарнигори эронитабори рӯзномаи амрикоии “Washington Post”-ро дар пайи ҳукми як моҳи пешаш бо иттиҳомоте, ба мисли ҷосусӣ, равонаи зиндон кардааст. Аммо дар кадом зиндон адои ҳукм кардани Ризоиён эълон нашудааст. Дар ин бораи матбуоти Эрон рӯзи 22 ноябр хабар дод.
Ғуломҳусейн Мӯҳсинии Эҷеӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон дар нишасти хабарии ҳафтагиаш дар Теҳрон гуфтааст, “Ҷейсон Ризоиён дар зиндон адои ҳукум мекунад, вале ман ҷузъиёташро гуфта наметавонам.” Эҷеӣ, тавре хабаргузории давлатии ИРНО аз ӯ нақли қавл мекунад, гуфтааст, “ӯ дар зиндон аст.” Аммо Эҷеӣ афзуда, ки ҳукми Ризоиён ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, чунки ӯ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст.
Дар ҳаминҳол, Лайло Аҳсан, вакили мудофеи хабарнигори рӯзномаи амрикоӣ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки ӯро аз ҳукми муваккилаш хабардор накардаанд.
Мӯҳсинии Эҷеӣ рӯзи 11 октябр ба раҳбари дафтари рӯзномаи “Washington Post” дар Теҳрон бидуни ироаи ҷузъиёт гуфта буд, ки Ҷейсон Ризоиён, ки ҳам шаҳрвандии Эрон ва ҳам шаҳрвандии Амрикоро дорад, маҳкум ба зиндон шудааст.
Телевизиони давлатии Эрон чандин бор Ҷейсон Ризоиёнро ҳамчун “ҷосуси Амрико” ном бурдааст. Аммо наздикони ин хабарнигор ва идораи нашрияе, ки ӯ кор мекунад, ин иттиҳомро рад мекунанд.
Дуглас Ҷел, сардабири бахши хориҷии “Washington Post” рӯзи 22 ноябр дар як баёния ба ҳукми зиндони мӯҳлаташ эълоннашудаи Ризоиён гуфт, “мо аз гузоришҳои матбуоти Эрон огоҳӣ дорам, вале дар ҳоли ҳозир маълумоти аз ин бештаре дар дасти мо нест.” Ӯ афзуда, “ҳар рӯзе, ки Ҷейсон дар зиндон ба сар мебарад, ноадолатист. Ӯ ягон кори иштибоҳӣ накардааст.”
Дуглас Ҷел мурофиа ва ҳукми Ҷейсон Ризоиёнро “шармсорӣ” номида, бори дигар раҳоии билофосилаи ин хабарнигорро аз мақомоти Эрон тақозо кардааст: “Ҳатто баъди алакай 487 рӯз нигоҳ доштани Ҷейсон дар зиндон, Эрон ягон далели даст ба иштибоҳ задани ӯро надорад.”
Ҷейсон Ризоиёни 39-сола, ки шаҳрвандииҳам Эрону ҳам Амрикоро дорад, моҳи июли соли 2014 дар Теҳрон дастгир шуд. Муҳокимаи парвандаи ӯ бо иттиҳоми ҷосусӣ ва “ҳамкорӣ бо давлати душман” пушти дарҳои баста сурат гирифт.
Дар моҳи октябр Ризоиён бо ҷурми ҷосусӣ ва ҷароими дигар маҳкум шуд. “Washington Post” иттиҳомоти алайҳи Ризоиёнро “сафсата ва шармовар” меномад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва дигар мақомоти Амрико гуфтаанд, ки Ризоиён бояд озод карда шавад.
Аъзои хонаводаи Ризоиён мегӯянд, ки шароити зиндон Ризоиёнро дар ҳоли сахте қарор медиҳад. Бародари ӯ дар моҳи октябр ба Ройтерс гуфт, ки Ризоиён ҳукмашро аз телевизиони давлатии Эрон шунидааст ва ин ки ӯро аз дарёфти маълумот дар бораи парвандаи алайҳаш маҳрум кардаанд, вайро дар як ҳоли маъюсӣ ва хашм афкандааст.
«Озодӣ»