23:23:41 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХАБАРИ ОҶИЛ: Шаҳри Кундуз ба дасти Толибон афтод

Тибқи охирин гузоришҳои расида, Толибон шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз дар шимоли Афғонистонро ба тасарруфи худ дароварданд.

ishgholi-kobul-54454Як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба мо гуфт, ки бегоҳи рӯзи душанбе шаҳри Кундуз комилан ба тасарруфи Толибон гузашт. Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳамидуллоҳ Донишӣ, муовини волии Кундуз ба мо гуфта буд, ки Толибон бахши калони шаҳри Кундузро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Тасовири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ гаштугузори афроди гурӯҳи Толибон дар маркази шаҳри Кундузро нишон медиҳад. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шудааст, ки Толибон садҳо нафар аз зиндониёнро аз маҳбаси Кундуз раҳо кардаанд.

Гузоришҳо мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои давлатӣ ба самти майдони ҳавоии Кундуз ақибнишинӣ кардаанд. Зоҳирон вуруди нерӯҳои тозанафас аз вилояти Тахор, Балх ва ҳамчунин аз Кобул натавонист ҷилави пешравиҳои Толибонро бигирад ва ҳамин тавр онҳо ин шаҳри муҳим дар шимоли Афғонистонро дар камтар аз як шабонарӯз ба тасарруфи худ дароварданд.

Афроди гурӯҳи Толибон бомдоди рӯзи душанбе ба қисматҳои марказии шаҳри Кундуз ҳамла кардаанд. Ба гузориши хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ аз маҳал, шӯришиён соатҳои тақрибан сеи шаб ҳамла карданд ва бо низомиёни афғон даргир шудаанд.

Аз талафоти ҷонӣ дар миёни ҷонибҳои даргир то ба ҳол гузоришҳои дақиқ нарасидааст, аммо Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амниятии Қундуз қабл аз зӯҳри рӯзи душанбе гуфта буд, ки нерӯҳои давлатӣҳудуди 20 ҷангиро куштаанд ва дар миёни нирӯҳои давлатӣ низ қурбониҳо ҳастанд.

Гарчанде то ба ҳол мақомоти ҳукумати Афғонистон хабари суқути Кундузро расман таъйид накардаанд, аммо вакилони ин вилоят дар парлумони Афғонистон ҳушдор додаанд, ки суқути ин вилоят ба дасти Толибон боиси аз даст рафтани вилоятҳои дигар дар шимоли он кишвар хоҳад шуд.

Вилояти Кундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи ҷангиёни Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳастанд.

Моҳи декабри соли гузашта афроди гурӯҳи Толибон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз чаҳор марзбони тоҷикро ба гарав бурданд ва танҳо баъд аз шаш моҳ ва он ҳам бо мусоидати амири Қатар онҳоро раҳо карданд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi