21:01:04 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Дар лабакам - ҳа" ва "дар дилакам - не"-и Меркелу Путин

Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Маскав бо ҳам мулоқот карданд. Пеш аз мулоқот онҳо ба пояи ёдгории аскари гумном дар назди Кремл гулчанбар гузоштанд.

merkel-putin-54875421.jpgАнгела Меркел, нахуствазири Олмон, даҳуми май, танҳо баъд аз як рӯзи ҳафтодсолагии Ҷашни ғалабаи Шӯравӣ бар Олмони нозӣ ё фашистӣ вориди пойтахти Русия шуд ва бо раисиҷумҳури ин кишвар Владимир Путин мулоқот кард. Меркел низ мисли раҳбарони дигари Ғарб 9 май аз ширкат дар паради низомӣ ба муносибати 70-солагии Ғалаба сарфи назар карда буд. Сабаби канорагирӣ аз ширкат дар паради низомӣ нақши Русия дар муноқишаҳои шарқи Украина мебошад.

Бо вуҷуди эълони оташбас ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина даргириҳоро идома медиҳанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ миёни ин нерӯҳо дар Минск созишномаи оташбас ба имзо расида буд. Дар имзои ин созишнома Ангела Меркел ва Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса миёнҷигарӣ карда буданд. Аз моҳи апрели соли 2014 дар ҷангҳои шарқи Украина 6 ҳазору 100 нафар ҷон бохтаанд.

Дар ҷараёни музокира бо Ангела Меркел, Владимир Путин гуфт, Русия талош хоҳад кард, ки мушкилоти мавҷуда ба муносибатҳои миёни Русияву Олмон асар нагузорад. Ӯ афзуд, "баъзе мушкилиҳо ҷой дорад. Дар ояндаи наздик таъсири манфии ин мушкилиҳо дар густариши муносибатҳои дуҷониба поён меёбад. Мо барои он талош хоҳем кард."

Путин дар ин мулоқот ҳамчунин ба Ангела Меркел изҳори сипос намуд, ки дар рӯзҳои ҷашни 70-солагии Ғалаба аз Маскав боздид мекунад. Сипас, Путин изҳор дошт, дар музокирот муносибатҳои дуҷонибаи миёни Русияву Олмон ва дар маҷмуъ муносибатҳои миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.

Меркел дар ҷавоб ба ин суханони Путин гуфт, вай омодааст, бо Русия дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мушкил ҳамкорӣ кунад. "Мо аз таҷрибаи худ сабақ гирифтаем, ки дар шароити мушкил, мисли шароити кунунӣ, ҳамкорӣ кунем. Мо бояд роҳҳои ҳалли дипломатиро пайдо намоем,"- афзуд нахуствазири Олмон.

Меркел илова кард, "хуб аст, ки мо имрӯз муносибатҳои дуҷониба ва муносибатҳои Русия бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин рӯйдодҳои Украина ва якпорчагии онро баррасӣ мекунем."

Моҳҳои охир Меркел як навъ нақши миёнрав барои Кохи Кремли Маскавро бозӣ мекунад, ки дар инзивоъ мондааст. Соли гузашта ҳар ду ҷониб 4 бор бо ҳам мулоқот карданд ва 34 бори дигар бо якдигар гуфтугӯи телефонӣ доштанд. Аз аввали соли ҷорӣ 2 бор мулоқот кардаанд ва 16 гуфтугӯи телефонӣ доштаанд.

Лилиа Шевтсова, таҳлилгари сиёсии ҷонибдори сиёсатҳои Ғарб, дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, мулоқоти Меркел ва Путин бештар рамзист: "Хеле мушкил аст, ки онҳо аз мулоқот бо якдигар хурсанд бошанд. Боздиди Меркел аз Маскав ба ин маъно нест, ки вай қоидаҳои бозии Путинро қабул мекунад. Вай барои эҳтиром ба мардуме омадааст, ки дар ҷанг пирӯз шудаанд."

Путин дар дидори худ бо Милош Земан, раисиҷумҳури Чех низ ишора кард, ки мехоҳад бо Аврупо муносиботро беҳтар кунад. Земан ягона раҳбари кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки дар паради низомии Майдони Сурхи Маскав ҳузур дошт.

Владимир Путин пеш аз Ангела Меркел дар Кохи Кремл бо Роберт Мугабе, раисиҷумҳури 91-солаи Зимбабве мулоқот намуд. Мугабе аз Путин барои рақобаташ бо Вашингтон ситоиш кард ва гуфт, Русияву Зимбабве "шаттаи таҳримҳо"-ро хӯрдаанд ва барои ҳамин бояд бо ҳам муттаҳид бошанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi