14:52:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тирандози озмуни танзҳои Паёмбар солҳо зери назари FBI буд

Ду нафаре, ки ба макони баргузории озмуни карикатураҳои Паёмбар Муҳаммад дар Техас тирандозӣ карданд, солҳо боз зери пайгарди Бюрои Федеролии Пажӯҳиш ё FBI қарор доштаанд.

terrorists_9856457845.jpgСанадҳои додгоҳӣ нишон медиҳанд, ки яке аз «тирандозон» - Элтон Симпсон аз соли 2006 таҳти мушоҳида буда, дар соли 2011 барои дурӯғ гуфтан ба агенти Бюрои Федеролии Пажӯҳиш ё FBI, ки гӯё орзуи сафари Сомалӣ ва ширкат дар ҷиҳодро доштааст, маҳкум гаштааст.

Пулис бо муҳосираи як хобгоҳ дар Феникси Техас хонаи Элтон Симпсон ва шарикаш Нодир Сӯфиро кофтуков кард. Ин дар ҳолест, ки тирандозии онҳо ба сӯи озмуни аксҳои танзомези Муҳаммад, паёмбари ислом дар Техас дар саросари Амрико вокунишҳоеро ба бор овардааст. Сарони масҷиди ҷомеи Техасэълом доштанд, ки ҳам озмуни карикатурҳо ва ҳам тирандозӣ ба онро шадидан маҳкум мекунанд.

ПАЖВОКИ ҲАМЛАҲО

Тирандозӣ дар Гарланд, канораи Даллас дар рӯзи якшанбеи 3 май пажвок ё акси садои ҳамлаҳое шӯумурда мешавад, ки дар гузашта зидди тасвирҳои танзомези паёмбари ислом ба вуқӯъ пайвастаанд. Моҳи январи соли равон дар ҳамла ба дафтари маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар Порис барои нашри чунин тавсирҳо 12 нафар кушта шуданд. Дар Гарланд, дар толори намоишгоҳи расмҳои танзомези паёмбар, ки барои мусулмонон таҳқир ва тавҳин шумурда мешавад, 200 нафар ҷамъ шуда буданд.

Элтон Симпсон ва Нодир Сӯфӣ дар наздикии ин бино аз мошин берун ҷаста, ба тарафи пулис ва даромадгоҳи бино тир кушоданд. Дар даромадгоҳ як посбони бесилоҳ ва афсари пулис истода буданд, ки якумӣ захмӣ шуд ва дувумӣ бо оташи ҷавобӣ ду тирандозро ба қатл расонд.

Онҳое, ки аз тафтиши сахти амниятӣ гузашта ва дар даруни бино буданд, аз ҳамла дертар хабардор шуданд.

Раиси Хадамоти Амнияти Дохилии ИМА Ҷей Ҷонсон гуфт, “алҳол рӯшан ба назар мерасад, ки полис зуд ва қатъӣ амал кард ва зоҳиран, чандин ҷони бегуноҳоро наҷот дод.”

Полис ва агентҳои FBI чандин моҳ чораҳои амниятии озмуни тасвирҳои танзомези Паёмбари исломро, ки Ибтикори Дифоъ аз Озодии Амрико (AFDI) баргузор кард, тарҳрезӣ намудаанд. AFDI барои таъмини амнияти беҳтар 10 000 доллари иловагӣ ихтисос дода буд. Ибтикори Дифоъ аз Озодии Амрико худро як созмони ҳомии озодии сухан меномад, вале Маркази Ҷанубии Қонуни Нодорӣ (Southern Poverty Law Center) онро “гурӯҳи танаффур” шумурдааст.

Баргузоркунандагони “Намоишгоҳ ва озмуни Муҳаммад дар ҳунар” барои беҳтарин карикатураи Паёмбар 10 000 доллар ҷоиза эълон карда буд. Ин ҷоиза ба наққош Босх Фавтсин барои тасвире дода шуд, ки дар он паёмбари ислом бо шамшер ва салла тасвир шуда, гуфтааст: “Шумо метавонед маро танз кунед”.

AFDI дар миёни дигар фаъолиятҳо ҳамчунин як маъракаи таблиғотии зиддиисломиро дар нақлисёти саросари Амрико сармоягузорӣ кардааст.

Сухангӯи пулиси Гарланд Ҷо Ҳарн мегӯяд, тирандозон дар тан ҷавшан ва дар мошини худ силоҳу муҳимоти дигар доштанд. Пулис нигарон будл, ки дар мошин ҳамчнуин мумкин аст, бомба гузошта шудааст, вале ҳеҷ гуна маводи тарканда дарёфт нашудааст.

“Рӯшан аст, ки онҳо мехостанд, мардумро паронанд,” гуфт Ҳарн дар нишасти хабарӣГурӯҳи зиддибомбаи FBI ва ҳам дастаи вижаи Силоҳ ва Тактикаи Махсус ё SWAT, хадамоти зидди сӯхтор низ масъули амнияти намояишгоҳ буданд.

ОРЗУИ ҶИҲОД

Симпсон дар соли 2010 ба он айбдор шуд, ки ба мақомоти FBI дар бораи орзуи пайвастанаш ба ҷиҳод дар Сомалӣ дурӯғ гуфтааст. Дар додгоҳ вай ба ҳайати мунсифа гуфт, ки ҳарфаш ба афсари FBI дурӯғ буд.

Додгоҳ дар соли 2011 ӯро ба додани баёнияи қалбакӣ муттаҳам донист, аммо далели кофӣ пайдо накард, ки парвандаро ба терроризми байнулмилалӣ пайванд диҳад. Симпсон ба се сол ҳабси шартӣ ва 600 доллар ҷарима маҳкум шуд.

Бино бар асноди додгоҳ мақомоти федероли Амрико аз соли 2006 ба ин сӯ фаъолиятҳои Симпсонро таҳти назар доштаанд, зеро ӯ бо шахсе робита дошт, ки бино бар бовари FBI талош мекард, дар Аризона як шабакаи террористӣ таъсис диҳад.

Дар як давра, бино бар ин санадҳо, талоши FBI барои шомил кардани Симпсон ба номгӯи давлатии афроди “парвозмамнӯъ” ноком шудааст.

Падари Симпсон ба шабакаи телевизионии ABC News гуфт, писараш «ҳамеша бачаи хуб буд», аммо афзуд, байни онҳо “баъзе тафовутҳои хеле ҷиддӣ” вуҷуд дошт.

“Мо амрикоӣҳастем ва ба Амрико бовар дорем,” - гуфт Данстон Симпсон, - “Ончӣ писари ман кард, ба оилаи ман таъсири хеле бад дорад.”

Манобеи ҳукумати ИМА, ки ба пажӯҳиши ин парванда сари кор доранд, мегӯянд, ҳоло муфаттишон мукотибаи электронии Симпсон ва Сӯфиро таҳқиқ мекунанд, то дар мавриди пайванди эҳтимолии онҳо бо гурӯҳҳои ситезаҷӯи хориҷӣ, зиёдтар аз ҳама гурӯҳи “Давлати Исломӣ” маълумот ба даст оранд.

Паёмҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣҳамлаи Техасро ба ин гурӯҳ рабт медиҳанд, ки дар Сурия марказ дорад. Ҳатто як корбари бритониёии Твиттер дар Бритониё, ки аз донандагони пешрафтаи интернетии гурӯҳи “Давлати Исломӣ” шумурда мешавад, аз ин ҳамла ситоиш кард ва онро кори дасти ин гурӯҳ номид. Аммо зиёд иттифоқ меафтад, ки чунин гурӯҳҳо талош мекунанд, аз фаъолияти ба онҳо номарбути дигарон ба манфиати худ истифода кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi