20:43:58 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Интихоботи Нурсултон Назарбоев ва ду рақиби ношинохтааш

Рӯзи якшанбе дар Қазоқистон интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар оғоз ёфт. Дар Душанбе ва Хуҷанд низ ҳудуди 200 шаҳрванди Қазоқистон ба пойи сандуқҳои раъй рафта, овози худро хоҳанд дод.

nursulton-nazarbaev_5498655.jpgИнтихоботи зудраси раёсати ҷумҳурии Қазоқистон субҳи 26 апрел оғоз шуда, ҳудуди 200 шаҳрванди ин кишвар дар Тоҷикистон низ барои овоздиҳӣ ба пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт. Сафорати Қазоқистон бо пахши як иттилоия гуфт, сандуқҳои раъй дар Душанбеву Хуҷанд - дар бинои сафорат ва консулгарӣ - ташкил шудаанд.

Дар ин интихобот ба ҷуз аз Нурсултон Назарбоев - раисиҷумҳури кунунии Қазоқистон, ки аз соли 1989 боз зимоми қудрат дар ин кишвари сарватманди минтақаро дар даст дорад, ду номзади дигар низ иштирок доранд. Яке Тургун Сиздиков - раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон ва дигаре Абелгазӣ Кусаинов, раиси Иттиҳодияҳои синфии Қазоқистон мебошанд, ки аз роҳи худпешбарӣ сабти ном шудаанд.

Аз ҳоло дар Қазоқистон Назарбоевро раисиҷумҳур медонанд ва ду номзади дигарро як навъ номзадҳои рамзӣ барои ороиши саҳнавии корзори интихоботӣ арзёбӣ мекунанд. Номзадии Нурсултон Назарбоевро рӯзи 11 март ҳизби ҳокими "Нур Отан" пешбарӣ кард. Аз ин пеш сарвари

Қазоқистон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфта буд, дар бораи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дудила аст, аммо ҳар рӯз ҳазорҳо номаҳои шаҳрвандонро мегирад, ки аз ӯ талаби иштирок дар ин маъракаро мекунанд.

Ин интихобот бояд моҳи апрели соли 2016 баргузор мешуд, вале онро як сол пеш оварданд. Далели расмии як сол пеш овардани интихоботи президентии Қазоқистон ҷилавгирӣ аз дар як вақт иттифоқ уфтодани он бо интихоботи парлумонӣ гуфта мешавад. Аммо бисёриҳо инро ба азми худи Назарбоев бастагӣ медиҳанд, ки дар шароити бӯҳронии имрӯз мехоҳад, мавқеи бе он ҳам қавиаш дар мақоми раҳбарии Қазоқистонро боз ҳам қавитар кунад.

Пешниҳоди баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 14 феврали соли ҷорӣ бори аввал аз сӯи Анҷумани халқи Қазоқистон, як ниҳоди машваратии таҳи раҳбарии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев садо дод. Ба дунбол ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва рӯзи 19 феврал маҷлиси болоии парлумони Қазоқистон низ аз ин пешниҳод ҳимоят карданд.

Назарбоев ҳамагӣ 4 сол пеш, дар баҳори соли 2011 бо баргузории чунин як интихоботи пеш аз мӯҳлат ва касби 95,5 дарсади оро давраи раҳбариашро бар Қазоқистон барои 5 соли дигар тамдид карда буд. Он дуруст соли инқилобҳои маъруф ба “Баҳори Араб” буд, ки чандин ҳокими мисли Назарбоев дарозумр дар кишварҳои арабиро аз тахт афканд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки Назарбоеви дар соли 2011 аллакай 70-сола бо чунин интихоботи пеш аз мӯҳлат курсиро аз зери пои довталабони кӯчондани чунин “инқилоб” ба сарзаминаш аз пеш бизанад.

Нурсултон Назарбоев соли 1940 ба дунё омада, аз соли 1989, инак 26 сол боз бо ислоҳи пайвастаи Қонуни асосӣ бар Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз лиҳози қаламрав, захираҳои табиӣ ва ҳаҷми иқтисод раҳбарӣ мекунад. Дар ин муддат танҳо як дафъа – дар соли 2005 интихоботи президентии Қазоқистон дар замони барояш муқарраршуда доир шуд ва низ бо пирӯзии Назарбоев анҷом ёфт. Дар навбатҳои дигар ӯ бо баргузории ё интихоботҳои пеш аз мӯҳлат ( дар солҳои 1991, 1999, 2011) ва ё аз тариқи референдум (дар соли 1995) замони раёсаташро тамдид кардааст. Ӯ бори охир дар моҳи апрели соли 2011 бо касби 95,5 дарсади овозҳо дигарбора раисиҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд.

Дар соли 2010 бо таҳия ва тасвиби як қонуни вижа ба Нурсултон Назарбоев унвони Раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон ва Пешвои Миллат (Элбошӣ) дода шуд. Қонуни асосии Қазоқистон замони раҳбарии як шахс бар ин кишварро бо ду давраи панҷсола маҳдуд кардааст, вале бар асоси қонуни соли 2010 ин маҳдудиятраисиҷумҳури нахустин ва Пешвои Миллат, яъне ба Назарбоевро фаро намегирад.

Тарафдорони Назарбоев мегӯянд, ки ӯ тавонист суботи иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ин кишвари аз нигоҳи ҳам қаламрав ва ҳам таркиби қавмӣ хеле мураккаб ҳифз кунад ва ба пешрафтҳои зиёди иқтисодӣ даст биёбад. Назарбоев ҳоло як барномаи пуриддаои то соли 2050 ба сафи 30 кишвари пурқувваттарини дунё расондани Қазоқистонро дар сар дорад. Аммо мухолифон Назарбоев ва ҳукумати вайро ба сохтани як низоми худкомаи мабнӣ бар шахспарастӣ ва беш аз будаш нишон додани натиҷаҳои воқеии ҳукмронии ӯ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ин 90-у 95 дарсаде ки гӯё аз Назарбоев ва атрофиёни ӯ дар интихоботҳо ҷонибдорӣ мекунанд, дар асл рақамҳои ҳавоист.

Нурсултон Назарбоев 3 духтар, 8 набера ва 2 абера дорад. Духтари калониаш Дариға вакили порлумон, духтари дуюмаш Динора бо 1,3 миллиард доллар бойтарин зан дар Қазоқистон ва духтари хурдиаш Алия раҳбари ширкат сохтмонии “Элитстрой” аст. Домоди калонии ӯРоҳат Алиев, ки як муддат вазири андозу баъдан муовини вазири амнияти Қазоқистон буд, баъди “гурехтани гапаш” бо Назарбоев дар соли 2007 тарки Қазоқистон кард ва дар Австрия паноҳ бурд. Ӯ, ки аз моҳи июни соли 2014 дар Вена дар боздошт қарор дошт, рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ дар зиндон худкушӣ кардааст.

Домоди дуюмаш Тимур Қулибоев раиси Иттиҳодияи “Қазэнержӣ”-ст, ки ҳамаи корхонаҳои соҳаҳои нафту газ ва энержии Қазоқистонро муттаҳид мекунад. Қулибоев ҳоло яке аз пурнуфузтарин мӯҳраҳо дар арсаи сиёсии Қазоқистон ба шумор меояд. Алия – духтари хурдии Назарбоев, ки ҳоло 35 сол дорад, дар соли 1998, дар синни 18-солагиаш ба Ҳайдар Акаев - писари раисиҷумҳури вақти Қирғизистон издивоҷ карда буд. Вале онҳо дар соли 2001 ҷудо шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi