08:06:56 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Путин: Дар Украина "легиони НАТО" меҷангад

Раисиҷумҳури Русия мегӯяд, дар шарқи Украина “легиони хориҷии НАТО” амал мекунад. Дабири кулли НАТО аммо гуфт, танҳо нирӯи хориҷие, ки дар Украина тохтутоз мекунад, артиши Русия аст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин артиши Украинаро айбдор кард, ки ҳамчун  “легиони хориҷии НАТО” амал мекунад. Ба ақидаи Путин, ҳадафи онҳо дар ин рӯёрӯӣ “гирифтани пеши роҳ”-и Русия аст.

vladimir-putin-65896565Путин, ки рӯзи 26 январ дар баробари донишҷӯёни Донишгоҳи маъданҳо ва ашёи хоми Санкт-Петербург суханронӣ мекард, гуфт, манзури ӯ баталйонҳои ихтиёриёни миллатгароест,  ки ҳамроҳ бо нирӯҳои артиши Украина меҷанганд: “Дар асл, ин ба сурати умум артиш нест, легиони хориҷӣ мебошад. Дар ин маврид ин легиони хориҷии НАТО мебошад, ки мақсадаш бо манфиатҳои миллии Украина умумияте надорад, балки гирифтани пеши роҳи Русияро ба ҳадаф дорад.”

Путин иддао кард, ки “аксар”-и мардони украинӣ мехоҳанд аз даъват ба артиш сарпечӣ кунанд ва ба ин хотир фирор ба Русияро бартар медонанд. Ӯ афзуд: “Ва онҳо кори дуруст мекунанд, чунки онҳоро дар инҷо ( манзур –дар шарқи Украина) ҳамчун “ҳезум”(пушечное мясо) истифода мебаранд.” Путин гуфт, мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Украина дар Русия зиёд карда хоҳад шуд ва пеш аз ҳама мӯҳлати буду боши ҷавонони синну соли даъват ба артиш, то битавонанд аз ҷалби онҳо ба хидмати низомӣ сар бипечанд.

Дар ҳамин ҳол, Йенс Столтенберг, дабири кулли паймони низомии НАТО билофосила ба раисиҷумҳури Русия посух дода, гуфтааст, иддаои Путин дар бораи вуҷуди “легиони хориҷии НАТО” дар Украина “сафсата” мебошад. Столтенберг афзуд, нирӯҳои хориҷие, ки дар Украина дида мешаванд, нирӯҳои Русияанд.

Ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи Украина моҳи апрели соли 2014, бо илҳом аз тасарруфи як моҳ аз он пеши нимҷазираи аксаран русзабони Қрими Украина аз сӯи Русия бо талаби истиқлол ва пайвастан ба Русия ошӯб бардоштанд ва марказҳои вилоятҳои Донетску Луҳанск ва бархе аз шаҳру навоҳии ин ду вилоятро зери назорат гирифтанд.

Ғарб ва ҳукумати Украина Русияро ба таҳрики ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина айбдор мекунанд ва мегӯянд, ҷудоиталабони тарафдори Русия дар ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” аз сӯи Маскав бо нирӯву силоҳу мошинҳои ҷангӣ ва пул таъмин мешаванд.

Маскав инро рад мекунад ва мегӯяд, дар шарқи Украина нирӯҳои норозӣ аз сиёсати доираҳои қавмгаро ва ба таъбири бархе сиёсатмадорони Русия, ҳатто “фашистӣ”-и дар Киев ба қудрат расида исён кардаанд ва Киев бояд талабҳои онҳоро дар назар мегирифт.

Амрикову Аврупо ва муттаҳидонаш ба далели дахолатҳои Русия дар низои Украина алайҳи Маскав то имрӯз 4 баста таҳримот ҷорӣ кардаанд ва ҳушдор медиҳанд, ки дар ғайри сурати даст бардоштани Русия аз ин дахолатҳо ва мусоидаташ ба хатми низоъ бар зиддаш аз таҳримоти боз ҳам бештару сангинтар кор хоҳанд гирифт.

Бо ин ҳол, ҷудоиталабони Донетск аз рӯзи ҷумъа аз риояи оташбаси моҳи сентябр даст кашида, амалиёти густардаеро бо ҳадафи тасарруфи шаҳри бандарии Мариупол дар соҳили баҳри Азов шурӯъ карданд. Рӯзи 24 январ бар асари мушакборони ин шаҳр аз манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабон дастикам 30 нафар кушта ва 97 тани дигар захмӣ шуданд.

То имрӯз, бино ба ҳисоби СММ, дар ҷангҳои Украина зери 5000 нафар кушта шудаанд. Аз ҷумла қариб 300 нафар танҳо дар чанд рӯзи охир ва асосан дар вилояти Донетск ҷон бохтаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi